logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
1. Гурӯҳи кории «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар назди Кумита кадом сол  таъсис  ёфтааст? 2.  Ҷилди  дуюми  китоби  Пешвои  миллат «Забони миллат - ҳастии миллат» кадом сол ба табъ расидааст? 3. Бо қарори СММ кадом сол Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид? 4. 5 октябри кадом сол Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид? 5. Дар алифбои кириллии тоҷикӣ кадом сол ҳарфҳои щ ва ы илова шуд? 6. Алифбои кириллӣ соли чанд ислоҳ шудааст? 7. Аз қонуни забони давлатӣ калимаи «форсӣ» кадом сол хориҷ шуд? 8. Расман дар Тоҷикистон алифбои кириллии тоҷикӣ кадом сол ҷорӣ шудааст? 9. Дар Тоҷикистон забони форсӣ - тоҷикӣ кадом сол мақоми давлатӣ гирифт? 10. Агар сесад забон… фузун нест. 11. Тарзи истифодаи аломатҳои китобатро меомӯзад. 12. Илм дар бораи овозҳо. 13. Илм оид ба луғат. 14. Ба саволҳои чӣ хел? Чӣ гуна? Кадом? ҷавоб мешавад. 15. Калимаҳои муқобилмаъноро чӣ мегӯянд?. 16. Калимаҳои куҳнашударо чӣ меноманд? 17. Намуди таҳлил. 18. То октябри соли 2009 кадом моҳ дар ҷумҳурӣ Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд? 19. Барои ҷудо кардани объекти сухан ва маънои киноявӣ хизмат менамояд.
 
Таҳияи Комрон ШАРИФОВ, сокини ноҳияи Данғара
 
Ҷавоб ба чайнворд аз 24 сентябри соли 2021
1. Мексика 2. Асал 3. Ливерпул 4. Лубнон 5. Нохунак 6. Коста 7. Алт 8. Тайип 9. Пингвин 10. Намангон 11. Наса 12. Аврора 13. Аккорд 14. Дирокол 15. Лаҳистон 16. Нишопур 17. Радио 18. Орск 19. Кетонал.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
ШАНБЕ
50 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИН РӮЗ
Ба хонандагони ҳамешагии рӯзномаи мо, ки «Шоми шанбе»-ро интизорӣ мекашанд, иттилооти нав дар бораи вожаи «шанбе» ва рӯзи шанбе судманд бояд бошад. Бо ин умед, ба ин факту рақамҳои ҷолиб таваҷҷуҳ фармоед.
1. Шанбе баргирифта аз калимаи яҳудии «шаббат» буда, маънои оромиш, раҳоӣ аз ранҷу ғам ва истироҳатро дорад. 
2. 80 дарсади коргарон истироҳату саёҳат ва меҳмонравии худро барои рӯзи шанбе ба нақша мегиранд, зеро баъди хастагии якрӯза дар рӯзи якшанбе имкони истироҳат ва аз хоб сер шудан ҳаст. Инчунин, вақт доранд, то корҳои хонаро сомон диҳанд.
3. Русҳо дар гузашта ба писаронашон номи Суббота (Шанбе)-ро бештар мегузоштанд, то хушбахт шаванд.
4. Шанбе барои насрониёну яҳудиён рӯзи вижаи илоҳӣ маҳсуб меёбад. 
5. Телевизиони кишварҳои Россия ва Амрико ҷиҳати ба падару модар ёрӣ расондан, рӯзи шанбе барои кӯдакону наврасон барномаҳои шавқовар, филмҳои тасвирӣ ва бозиҳои махсусро намоиш медиҳанд.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
8. ТАЙПАН
Тайпан аз ҳамаи он морҳое, ки пештар дар бораашон гуфтем, заҳрноктар ба ҳисоб меравад, вале аҷоибот ин аст, ки ҳатто то дараҷаи шоҳкубро ҳам хатарзо нест. Бале, хислати разилонаву пешгӯинашаванда дорад ва метавонад тез тағйир ёбад. Бо вуҷуди ин, бе сабаб ба касе зарар намерасонад. Хатарнокии Тайпан бар он асос меёбад, ки дар ҳудуди худаш ҷонзоди дигарро хуш надорад. Ба ҳар чизе ё ҳар касе, ки марзи будубоши ӯро убур мекунад, ҳуҷум овардаву неш мезанад ва, баъдан, ба қавле мепурсад, ки «ту кистиву ба куҷо меравӣ?». Тайпан ба он дараҷае нозуку пурғурур аст, ки дилхоҳ ҳаракатро дар атрофаш нисбат ба худаш таҳқир мешуморад ва бе ҷазо намемонад. Аз ин бармеояд, ки аз мафтун шудан ба зебоии ин хазандаи камназир худдорӣ бояд кард. 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲУСНИ ХАТ
Мебахшед духтурҷон, агар бемалол бошад, ин дафъа дорухатро дар компютер чоп кунед, ман ҳусни хати шуморо нафаҳмидам.
- Албатта,- мегӯяд духтур ва дар як дам дорухатро чоп мекунад.
Дар пушти дар, вақте бемор варақро кушодаву хонданӣ мешавад, лол мемонад: «Рпинимтать по 1 тбалтеке 3 рза в деьн за асч до еыд».
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МУКОТИБАИ КӮТОҲТАРИН 
Виктор Гюго ҳангоми дар рухсатӣ будан соли 1862 хост бифаҳмад, ки асари тозаэҷодаш - «Рондашудагон» - ро хонандагон чӣ гуна қабул карданд ва дар телеграммае, ки ба нашриёт мефиристонад танҳо аломати савол мемонад - «?». Ношир мақсади Гюгоро дарк карда, ҳамчунон бо як аломат ҷавоб мегардонад: «!». 
Ин дар таърих ба унвони кӯтоҳтарин мукотиба ёд мешавад. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
 
5 РОҲИ ДУРУСТИ ТАРБИЯ
2. БА КӮДАК ИҶОЗАТ ДИҲЕД БО  БОЗИҲОИ ВИДЕОӢ МАШҒУЛ ШАВАД
Агар кӯдакатон баробари ворид шудан ба хона зуд ба бозии видеоӣ машғул шавад, хавотир нашавед. Албатта, сарфаи вақти бозӣ дар компютер хеле муҳим аст, аммо муҳаққиқ оид ба рушди зеҳни кӯдак, номзади илми тиб Шерил Олсон, чунин мешуморад, ки бозиҳои видеоӣ, ҳатто бозиҳое, ки мақсадашон дониш додан нест, дар рушди зеҳни кӯдакон манфиати бешумор доранд.  
- Чунин бозиҳо дар назди кӯдакон ҳалли масъалаҳои душворро пеш гузошта, онҳоро водор месозанд, ки муста-қилона роҳи ҳал ҷӯянд, - мегӯяд ӯ.
Таҳқиқоти олимон собит намуд, ки чунин кӯдакон, аллакай, дар даҳсолагӣ ҳушманд шуда, дар онҳо қобилияти эҷодкорӣ пайдо мешавад ва бисёре аз масъалаҳои душвори печ дар печро мустақилона ҳаллу фасл менамоянд.
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Ба суд муроҷиат кардан як кори маъмулист. Аммо вақте ҳукмҳои ғайриодӣ содир мешаванд, аҷиб аст. Чун мақсади муроҷиат ба суд барқарор намудани адолат мебошад. Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» дар ҳамин хусус маълумот медиҳад. 
 
1.МУҶОЗОТ БАРОИ БЕРАҲМӢ НИСБАТ БА ҶОНВАР
Соли 2004 дар Техас ҳодисае рух дод, ки мардумро ҳайратзада кард. Суд занеро бо ҷурми аспро гурусна мондан ва бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот айбдор карда, 30 шабонарӯз маҳкум намуд. Аҷибаш ин, ки суд ҳукм баровард, ки ба маҳкумшуда се рӯзи аввал ба ғайр аз об ва нон чизи дигаре надиҳанд. 
Аз русӣ тарҷумаи Лола РИЗОӢ
 
 
 
СИРРИ  ХУШБАХТИИ ОИЛА 
Зану шавҳар якҷоя 50 сол зиндагӣ карданд. Аз якдигар чизеро пинҳон намедоштанд, фақат зан як сир дошт. Дар ҷевони либосаш қуттие аз пойафзолро нигоҳ медошт, ки шавҳараш ба даруни вай назар ҳам намекард. Ниҳоят зан хеле пиру бистарӣ шуд ва ба хулосае омад, ки сиррашро ба шавҳар фош кунад. Аз марди хона хоҳиш кард, ки ҳамон қуттиро биёрад. Шавҳараш қуттиро оварду ба дарунаш нигоҳ карда, он ҷо ду лӯхтаки бофта ва 50 000 долларро дид.
- Ин чист? - мепурсад шавҳар.
- Медонӣ, пеш аз хонадоршавиамон бибии меҳрубонам ба ман сирри хушбахтии оиларо гуфта буд: «Агар шавҳарат қаҳру ғазабатро биёрад, чизе нагуфта, рафта як лӯхтак бибоф».
Марди ҳайратзада боз пурсид:
- Азизам бигӯй, ин аз куҷост? Магар аз маблағҳои барои рӯзгор додаам сарфа кардаӣ?
- Не, ин пулро аз лӯхтакфурӯшӣ ҷамъ овардаам, - мегӯяд зан ба чамшмони пур аз ашки шавҳараш нигариста.
 
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
 
 
 
АЗ ВАЗИРӢ  ТО ПИТСАКАШӢ 
 
«Ҳеҷ айбе надорад», - мегӯяд собиқ вазири алоқаи Афғонистон, ки чанд моҳест дар Олмон машғули дастрас намудани питса мебошад.
Соли 2017 вай узви Ҳукумати Афғонистон буд ва роҳбарии Вазорати алоқа ва технологияи иттилоотиро ба уҳда дошт. Мехост якҷо бо Чин барои таъмини мардуми афғон бо алоқаи мобилӣ Спутникро ба фазо сар диҳад. Пас аз гузашти 4 сол дар либоси махсуси норинҷранг ва термоссумкаи калон марди 50-сола - Сайид Аҳмадшоҳ Содот барои дарёфти 15 евро дар соат дар як баст 6 соат педал мезанад. Бояд гуфт, ки ӯ дар Лейптсиг ҳамчун гуреза ё корҷӯ намебошад. Доштани шиносномаи Британияи Кабир моҳи декабри соли 2020 ба ӯ имкон дод, ки ҳамчун аврупоӣ ба Олмон ояд. Содот қабл аз даъвати Президенти Афғонистон барои кор дар дастгоҳи ӯ, дар Англия мезист. Ӯ муътақид аст, ки дар оянда мутобиқ ба ихтисосаш кори шоистаеро пайдо менамояд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ПОРТРЕТИ ҒАЙРИОДИИ ДОСТОЕВСКИЙ
Рассоми итолиёвӣ Дарио Гамбарина бо асарҳои дар жанри ленд - арт офаридааш машҳур аст. Асари навбатии худро ӯ ба 200 - солагии нависандаи машҳури рус Фёдор Достоевский бахшидааст. Асарҳои дар ин жанр офаридааш аз маъмулӣ фарқи калон доранд. Барои тасвири симои Достоевский Гамбарина аз трактор ва плуги одӣ истифода намуд. Дар натиҷа, дар майдони 25 ҳазор метри мураббаъ асаре рӯйи кор омад, ки дар санъати тасвирӣ ва ороишию амалӣ ҳамто надорад. Барои ин, ба Дарио лозим омад, ки зиёда аз 10 соат паси чамбари трактор заҳмат бикашад. Худи муаллиф шӯхиомез мегӯяд: «Вақти зиёдро инъикоси риши адиб гирифт». Тасвир бо навиштаҷоти Beauty will save us (зебоӣ моро наҷот медиҳад) ҷамъбаст мегардад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
“МАН ПАРТОФТАМ”
ЯК ҚОНУНИ АҶИБ ДАР СИНГАПУР 
 
Дар дунё қонунҳои аҷиб зиёд амал мекунанд ва дар Сингапур низ яке аз қонунҳои аҷоиб ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи ин қонун агар шахсе се маротиба барои партофтани партов дар кӯчаҳо дастгир шавад, барои вайрон кардани муҳити экологӣ ҷинояткор дониста шуда, уҳдадор аст, ки ҳар рӯзи якшанбе кӯчаҳоро тоза кунад. Бовар нокарданист, вале чунин ҷазодиҳӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода мешавад. Мувофиқи ҳамин қонун дар рафти иҷрои ҷазо дар либоси “ҷинояткор” навиштаҷоти “Ман партофтам” насб мешавад.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
10. НАВИЛЛ  ЧЕМБЕРЛЕН
 
Сарвазири вақти Британияи Кабир Невилл Чемберлен оқибати фоҷиабори ҷанги якуми ҷаҳонро пеши рӯ оварда, ба сиёсати бидуни хушунат авлавият дод. Ҳамин тариқ, дар ҳоле ки вилояти Рейн, аллакай, аз тарафи Германия забт шуда буд, ӯ хост дар музокироти соли 1938 бо Адолф Гитлер ба ҷониби истилогар боз ҳам гузашт намояд. Дар натиҷа, бе он ки аз касе маслиҳат пурсад, худи ҳамон сол созишномаи Мюнхенро дар бораи қисман ба Германия додани Чехословакия имзо кард. 
Ба андешаи таърихнигорон, бузургтарин хатои Чемберлен дар замони ҳукуматаш маҳз ҳамин аст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки, албатта, кӯшишҳои сарвазири вақти Англия дар роҳи пойдории сулҳи сартосарӣ лоиқи аҳсант гуфтан аст, вале хушомадгӯиҳояш дар назди Гитлер хисороти ҷуброннопазир ба бор оварда, дар чеҳраи ӯ ҳамчун сиёсатмадор хати сиёҳ кашидаанд. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД? 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИНСОН
 
Одам дар як рӯз он қадар гармӣ тавлид мекунад, ки 33 литр оби яхро ба ҷӯш меорад.
Ҷигари инсон дар як соат зиёда аз 100 литр хунро мегузаронад.
Дар мағзи сари инсон дар як сония 100 000 реаксияи химиявӣ ба амал меояд.
Чашмони мо аз замони тавлид то охири ҳаёт дар ҳамон як андоза мемонанд, вале гӯшу биниамон инкишоф меёбанд.
Лейкоситҳо дар бадани инсон 2 - 4 рӯз ва эритроситҳо 3 - 4 моҳ зиндагӣ мекунанд.
 
Таҳияи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
 
 
 
 
АҶАБ ОДАМЕ БУДААСТ ВОЛТЕР
Як сартароши парижӣ чанд шеъри замони ҷангро мутолиа карда, фоҷианомае меофарад ва аз Волтер, файласуфи машҳури фаронсавии қарни XVIII, хоҳиш мекунад, ки дар бораи ин навишта андешаҳояшро гӯяд. Волтер баъд аз хондани чанд саҳифаи аввали фоҷианома аз бесаводии муаллифу бениҳоят фач баромадани «асар» сахт ба ғазаб омада, сари эҳсос ба сартарош мактуб менависад:
- Сартарошии худро давом дода, дар бораи адабиёт, ҳатто, фикр накунед, сартарошӣ ва боз ҳам сартарошӣ, пйесаро ҳам аз ёд бароред ва танҳо сартарош бошед!
Муаллифи бечора вақте номаро мехонад, ғайриинтизори худаш дар тааҷҷуб мемонад ва дар ҳолати ҳайронӣ китф дар ҳам кашида мегӯяд:
- Ин Волтераш аҷаб одаме будааст: худаш дар як ҷумла калимаи «сартарош»-ро чор бор такрор кардаасту боз маро ҳамчун ҳамкасб қабул намекунад. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
2. НАРДБОНИ МАРГЗО
Жерар Омел яке аз кӯҳнавардони машҳури олам шинохта мешуд. Чунон ки иттилоъ дода мешавад, ӯ шаш маротиба қуллаи баландтарини олам – Ҷомолунгма (Эверест)-ро фатҳ намудааст ва сарфи назар аз пайомадҳои хатарноки ин амал, ҳар бор ҷон ба саломат мебурд.
Вале бо амри тақдир, ҳангоми иваз намудани чароғи барқии хона, ӯ аз болои нардбон афтида, аз дунё мегузарад.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
 
БАРНОМАСОЗИ БОНУФУЗ
 
Брайан Эктон, барномасози машҳури амрикоӣ, соли 2009 ба шабакаи иҷтимоии Facebook барои кор муроҷиат намуд, вале мутаассифона, ӯро роҳбарият ба кор қабул накард. Аммо, пас аз як муддати кӯтоҳ ширкати бонуфуз эҳсос намуд, ки лоиқ надонистани Эктон дар ширкат, на танҳо иштибоҳ, балки хатои аз ҳама бузург дар таърихи ин шабака мебошад. Гап сари ин аст, ки пас аз чанд моҳ Эктони радшуда барномаи мессенҷер ва WhatsApp-ро таъсис дод, ки шабакаи номдори Facebook онро моҳи октябри соли 2014 ба маблағи 19,3 миллиард доллар бо хоҳиши зиёд барои рушд ва ҳаводорони бештар пайдо намудан, харид.
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ТУВАЛУ –   КИШВАРИ БОРИКҲАҶМ
Дар олам кишварҳои аз ҷиҳати масоҳат калон ва хурд, инчунин, хеле хурд низ мавҷуданд, аммо дар бораи кишвари аз ҷиҳати масоҳат борик кам касон хабар доранд. Аз ҳама кишвари борикҳаҷм дар дунё мамлакати Тувалу аст, ки масоҳаташ 26 километри мураббаъ буда, дар уқёнуси Ором, каме ҷанубтар аз хати экватор воқеъ аст. 
Тувалу дар худ ҷазираҳои зиёдро муттаҳид месозад, вале сарфи назар аз он ки ин ҷазираҳо аз ҳамдигар дар масоҳати нисбатан дур ҷойгиранд, солҳои зиёд дар онҳо одамон умр ба сар мебаранд.
Шумораи нисбатан зиёди одамон дар Тувалу, дар ҷазираи Ваитупу, ки дар маркази давлат ҷойгир аст, зиндагӣ мекунанд.  Масоҳати ин ҷазира қариб 5 километри мураббаъ аст. Аммо боз ҷазираи хурдтарин бо номи Ниулакита вуҷуд дорад, ки масоҳаташ 420 метри мураббаъ мебошад.
Пойтахти Тувалу – шаҳри Фунафути, дар ҷазираи алоҳида ҷойгир буда, аҳолиаш 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Кишвари хурди аз ҷазираҳо иборат, узви СММ буда, бо бисёр мамлакатҳои пешрафта робитаи дӯстӣ дорад. 
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
 
Мактабҳои ғайриодии ҷаҳон
РАДИОИ ТАЪЛИМӢ 
(АВСТРАЛИЯ)
Азбаски дар Австралия аҳолӣ кам аст, аз ин рӯ, на дар ҳама минтақаҳои ин кишвар мактаб вуҷуд дорад. Бинобар ин, кӯдаконе, ки аз муассисаҳои таълимӣ дур зиндагӣ мекунанд, аз радио мавзуъҳои дарсиро аз худ менамоянд. Тавассути радио пахшҳои махсус вобаста ба мавзуъҳои дарсӣ пешниҳоди муҳассилин мегарданд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ЗАН ХУШДОМАНИ ДУХТАРАШ ГАРДИД
Дар Чин зане зимни тӯйи писархондаш ногаҳон шинохт, ки арӯс духтари биологии ӯст, ки ӯро чанд сол қабл гум карда буд. Ҳодиса 31 март дар музофоти Сзянсуи Чин, дар наздикии Сучжоу рух дод. Дар бораи ин воқеаи ғайриодӣ нашрияи Oriental Daily навиштааст. 
Волидайни арӯс гуфтанд, ки 20 сол қабл духтарро аз роҳ ёфта, ба фарзандӣ гирифтаанд. Модари биологии духтар бошад, бидуни тафсилот, гуфт, ки духтари хурдашро гум карда, тӯли ин солҳо ӯро бенатиҷа ҷустуҷӯ кардааст. Пас аз ноумед гардидан, ин писарро ба  фарзандӣ гирифтааст. Дар бораи он ки арӯс духтари гумкардааш мебошад, ӯ аз рӯйи нишонаи таваллуд дар дасти арӯси писархондашбуда донист.
Бо вуҷуди ин, издивоҷ сурат гирифт, зеро маълум гардид, ки ҷуфти ҷавон бо пайвандҳои хунӣ алоқамандӣ надоранд.  
 
Аз русӣ тарҷумаи Сайфулло АШУРОВ
 
 
 
ИРИНА  
МАЪЮБЕ, КИ МАЛИКАИ ЗЕБОӢ ШУД 
 
Баъзан ба мо чунин менамояд, ки дар зиндагӣ нокомем. Баъзеҳо хаста шуда, зуд - зуд асабӣ мешаванд. Дигарҳо бошанд, душвориҳоро паси сар карда, ба худ имкониятҳои нав меёбанд. Ирина Петровская яке аз он занҳост, ки дар курсии маъюбӣ маликаи зебоӣ шуд. 
Ирина дорои истеъдодҳои зиёд буда, дар озмунҳои зебоӣ ва шамшербозӣ ҷоизаҳо ба даст овардааст. Инчунин, ӯ хеле зебо рақс мекунад. Аспро ҳам дӯст медорад. Маҳз аспҳо зиндагии ӯро тағйир доданд. Вақте Ирина 9 - сола буд, аз асп ғалтид ва сутунмуҳрааш ҷароҳат бардошт. Вай на танҳо пойҳояшро эҳсос намекард, балки дастҳояш ҳам аз кор монда буданд. Вақте ӯ курсҳои барқарорсозии узвҳоро мегузашт, бо Виктор Карпов шинос шуд. Онҳо якдигарро дӯст доштанд, бо ҳам рақс мекунанду ба варзиш машғул мешаванд. 
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2021    №: 196    Мутолиа карданд: 1818
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед