logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – АСОСИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ба шарофати соҳибихтиёрӣ ва заҳматҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон сол ба сол дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодёт,  муваффақ мегардад. 
 
Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз дар аввалин сухаронии худ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Роҳи пешгирифтаи Тоҷикистон ин тавлиди сохти иқтисодии бозории мутамаддин мебошад, ки рӯ ба иҷтимоиёт нигаронида шудааст”. 
Баъдан, дар кишвар марҳилаи ташаккул ва рушди иқтисоди бозорӣ оғоз ёфта, яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт қабули  Барномаи таҳаввулоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995 – 2000-ум буд, ки бисёр вазифаҳои принсипиалии он бомуваффақият  иҷро шуданд.
Дар баробари ин, бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори  иқтисодӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва якчанд стратегияву барномаҳои миёнамуҳлат, ки асоси комёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошанд, таҳия ва қабул гардиданд. Тоҷикистон дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии хешро муайян намуда, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо тамоми тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳатто соли 2009, ҳангоми буҳрони азими иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ба Тоҷикистон муяссар гардид, то таъсири ин буҳронро ба иқтисодиёт кам карда, тамоюли мусбати рушди онро нигоҳ дорад. 
Ҳамзамон, чуноне тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ мушоҳида мегардад, дар кишвар мунтазам ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои институтсионалию сохторӣ гузаронда мешаванд, ки ин барои такмили низоми молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ бисёр муҳим ва ҳадафнок мебошанд. 
Гузашта аз ин, солҳои истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодӣ оғоз ёфта, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатисозии босуръати мамлакат ҳадафҳои стратегӣ эълон гашта, дар ин ҷода низ як қатор комёбиҳо ба даст омадаанд.
Ҳамчунин, тайи солҳои ахир рушди маҷмуи маҳсулоти дихилӣ  ҳар сол ба ҳисоби миёна 7-дарсадӣ таъмин мегашт ва ба ҳар сари аҳолӣ меафзуд. Аз ҷумла, соли 2020, сарфи назар аз таъсири манфии бемории сироятии коронавирус, ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки рушди ММД-ро дар сатҳи 4, 5 дарсад таъмин созад ва ҳаҷми он ба 82,5 миллиард сомонӣ расад.
Тамоми ин пешравиҳо ва комёбиҳо ба шарофати саъю кӯшиш ва талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, зеро мақсаду мароми Сарвари маҳбуби тоҷикон ободии Ватани азиз, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва, дар маҷмуъ, боз ҳам баланд шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. 
Аз ин лиҳоз, месазад, ки сокинони кишвар, бахусус насли ояндасози миллат, зиракии сиёсиро аз даст надода, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд ва дар ин ҷодаи пурифтихор саҳми арзандаи хешро гузоранд.
 
Нусратулло АБДУЛЛОЕВ, корманди КВД “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 -200    Мутолиа карданд: 2182
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед