logo

фарҳанг

УСТОДИ АЪЗАМ

Бохабар будам, ки дӯсти дерин, омӯзгори собиқадор Исо Ғулом, сар аз даврони донишҷӯйӣ ва аз он пас ҳам аз устоди зиндаёд Ниёз Сафаров меҳрубониҳо дида. Чун нек фитод аз муаллим дархост кардам то аз рӯзҳои аввали ошноӣ бо некмард қисса бигӯяд. Исо Ғулом ба гуфтор омад: "Ниёзмад (Ниёз) Сафаров ба мо аз фанни педагогика дарс мегуфтанду ҳам аз забоншиносӣ. Дар таълими ҳар ду фан ҳам пурдону закӣ буданашонро аз рӯзҳои аввали донишҷӯйӣ эҳсос намудем. Муаллим аз забоншиносӣ садҳо гуфтаҳои бузургони забоншиноси дунёро азёд медонистанду ба бачаҳои деҳотӣ хеле сода шарҳ медоданд".
Солҳои аввали созмонёбии Институти педагогии Кӯлоб (1953 – 1957), Ниёз Сафаровро ҳамчун беҳтарин ва донотарин омӯзгор эътироф мекарданд. Дар институт 4 ё 5 номзади илм дарс мегуфт. Он овон муаллим рисолаи номзадӣ ҳимоя накарда буд, аммо аз кулли муаллимони институт чанд сару гардан боло буд.
Ҷавонмарди болобаланди хушандом, шахси басо ҷиддӣ буданд дар назар. Дар як рӯз даҳ бор рӯ ба рӯ афтӣ ҳам, беихтиёр салом медодӣ. Борҳо ба таъкид мегуфт, дар як рӯз як бор салом додан басанда аст, аммо бо дидани салобату шаҳоматашон дарҳол салом медодем. 
Ҳини сессияҳо дар навбати аввал танҳо 4 – 5 донишҷӯ аз имтиҳонашон мегузашт. Дигарон ду – се борӣ, пас аз хуб омода гаштан баҳо мегирифтанд. Муаллим ҳамзамон, мудирии кафедраи педагогикаро бар уҳда дошт. 
Аммо бо тамоми ҷиддият шахси ғамхор ва меҳрубон буд. Ман баъди хатми хонаи бачагони Танобчии ноҳияи Қизил Мазор (Совет, ҳоло Темурмалик) донишҷӯ шудам. Падар надоштаму модари пирам дар деҳа бо азобе рӯз мегузаронд. Моҳи ноябри соли 1953, зимистон наздик омадаву бо попӯшии тобистонаи кандагӣ, либосҳои куҳнаи тобистона, тоқии фарсуда ба сар дарс мерафтам. 
Рӯзи 19.11.1953. Устоди аъзам дар поёни дарс гуфтанд: - Исоев, баъди чошт ба кафедра, ба назди ман ҳозир шавед. Пас аз ғизохӯрӣ назди Ниёз Сафаров шитофтам. Салом додам, бо ишора нишин гуфт. Ҳамоно банди фикру хаёл, ки муаллим барои чӣ маро даъват карда бошанд. Фурсате пас ба гуфтор омад: - Ман дар ду гурӯҳи филологҳо дарс мегӯям. Аз ҷиҳати хондан нафаре аз ту авлотар нест, аммо аз ҷиҳати сару либос камбуд дорӣ. Чаро либоси зимистона намепӯшӣ?
Бо сари хам посух додам: - Соҳибе надорам, ки либос харад. Ҳамин хел хондан мегирам. Дар интернат давлат пӯшока медод…
Муаллим боло шуда, дар паҳлуям нишаст ва бо рӯймолчааш оби дидагонамро поккунон таскин дод: - Зиқ нашав, додар, насиб бошад, бароят шароит фароҳам меорам, то хатми институт азоб накашӣ…
Маро назди ректори донишкада Хоҷаев бурда, асли гапро гуфт. Баъд аз фонди ректор ба ман 500 рубл дод. Он давра ин пули калон ҳисоб мешуд. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидам, поям заминро намедид. Фурсате нагузашта либосҳои зимистонаамро ба пурагӣ харидам. Ба қавле шаҳбача шудам. 
Муддате нагузашта Ниёз Сафаров бо раиси иттифоқи касабаи шаҳри Кӯлоб маслиҳатро пазонда, бароям дар матбааи шаҳр (ҳафтае 2 соат дар 4 рӯз) ҷойи кор ёфтанд. Аз рӯйи баҳор бо дастгирии устоди аъзам аз кумитаи вилоятии ҷамъияти «Дониш» ҳуҷҷати лекторӣ (лексияхонӣ) гирифтам. Муаллим маро ба ташкилоту муассисаҳои шиносаш раҳнамун сохта, аз роҳбарон хоҳиш мекард, ки ҳуҷҷатҳоямро хушрӯ қайд кунанд, то маблағи бештар гирам.
Аз миён чанд вақт гузашт. Ниёз Сафаров барои ман дар мактаби шабонаи назди мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини шаҳри Кӯлоб кор ёфт. Ду сол дар ин мактаб муаллимӣ кардам. Ҳамзамон, ду сол дар имтиҳонгирии дохилшавандагон ба омӯзгорон ёрӣ дода, музди изофа мегирифтам. 
Соли 1955 бо ҳидояти муаллими азизам ба лагери пионерии Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) рафта, ҳам таҷриба андӯхтаму ҳам маош гирифтам. Хулласи калом устод дар чор соли таҳсил ба ман ончунон некӣ кард, ки баҳо надорад. Ҳич аз ёдам намеравад, боре маро ба мағоза бурда, аз маоши худаш шиму попӯшӣ харид. Агар ёрмандиву дастгирии ин марди некдил намебуд, ба гумон институтро тамом мекардам.
Аъло мехондам, устоди аъзам гуфт, ки дар институт бимонам, муаллим шавам. Аммо бо сабаби модари пирам таклифро напазируфтам. Устод бо дархостам маро ба шаҳраки Кангурт роҳхат дод…
- Бо ҳамин иртиботи шумо канда шуд?
- На. Ҳангоми фаъолияташ дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ устоди гиромиқадр аз мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Холназар Турдиев маро ҷӯё мешавад. Ва таъкид мекунад, ки Исо Ғуломро аз хотир набароред. Ҳамин тавр, бо меҳрубонии устод 7 сол дар деҳаи Шаҳид Бобохони ноҳияи Балҷувон директори мактаб будам.
- Баъди хатми институт чанд сол пас устодро дидед? – мепурсам аз ӯ.
- Аз байн 18 сол гузашт. Он замон муаллим сардори раёсати мактабҳои олии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ буд. Дар қабулгоҳ навбат поистам. Ба худ меандешидам, мумкин муаллим маро нашиносанд. Даромадан замон хушҳолона садо дардод:
- Исо Ғулом, ку биё, шамоли куҷо паронд?
Аз пазироии гарму самимӣ ашк аз дидагонам ҷорӣ шуд. Пурсиданд: - Боз чӣ гап?
- Бо гузашти ҳаждаҳ сол чӣ хел маро шинохтед?
- Аҷабо, чӣ хел ниҳоли шинондаву бо панҷаҳо об додаву бузург кардаи хешро нашиносам, - гуфт бо ханда муаллим. Ва падарвор каш гирифт. 
Муаллими азизро бародарвор дӯст медоштам. Ҳоло ҳам некиҳояшро пеши рӯ дорам. Ёрии устод ҳатто ба фарзандонам, ба ману садҳо ман ворӣ донишҷӯёни ниёзманд расидааст...
Исо Ғулом, муаллими собиқадори 85-сола, шоир, яке аз аввалин хатмкардагони Институти педагогии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1957), сокини деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ғамхориву дастгириҳои падаронаи устоди аъзамро мудом ёд меорад. 
- Агар Ниёз Сафаров барҳаёт мебуд, - 90-солагиашро ҷашн мегирифтем, - гуфтанд ҳини хайрбод Исо Ғулом. 
 
Умар АЛӢ,
журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 1620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед