logo

иҷтимоиёт

ҚУРБОНАЛӢ МУҲАББАТОВ. ОМӮЗГОРЕ, КИ ПРОКУРОР ШУД

 
Ҳаёташ ҷолиб ва омӯхтанист. Аз ӯ метавон назди худ мақсад гузоштан ва ба мақсад расидан, аз зарбаҳои ҷонкоҳи на танҳо зиндагӣ, балки нотавонбинон нашкастанро омӯхт. Рӯзгори ӯ бори дигар собит менамояд, ки як инсони комил метавонад алайҳи ҳама гуна мушкил ва носозгорӣ истодагарӣ кунад ва аз гирдоби хатарноки шебу фарози зиндагӣ солим бурун ояд.
 
Аввалин суоле, ки зимни ошноӣ ба кору пайкори Қурбоналӣ Муҳаббатов дар зеҳн пайдо мешавад, ин аст, ки чаро ӯ пешаи омӯзгориро ба прокурорӣ иваз намудаааст. Ба ин суол аз китоби «Шерозаи таърих», ки бо қалами Мирзо Гадоев мутааллиқ аст, метавон посух пайдо намуд. Муаллифи китоб аз забони шоир ва мушовири давлатии адлия, дараҷаи дуюм нигошта: «Қурбоналӣ Муҳаббатов хеле ҷавон дар қӯраи зиндагӣ обутоб ёфта буд. Баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Вахш ба кор рафт. Муаллим шуд. Хубу бади зиндагиро омӯхт, пухта шуд. Нағз фаҳмид, ки баъзеҳо аз мансабашон сӯиистифода намуда, шираи ҷамъиятро макида мегиранд. Ана ҳамон вақт Қурбоналӣ мақсад гузошт, ки ҳуқуқшинос мешавад ва муқобили онҳое, ки ба чашми давлат хок мепошанд мубориза мебарад». 
Ӯ ба ҳамин қасд касби худро иваз намуд. Бо тамоми ҳастӣ тасдиқ намуд, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ шахси тасодуфӣ нест.  Чӣ гуна прокурор шуданаш ҳам ҷолиб аст. Бале, ӯ мехост ҳуқуқшинос шавад. Ҳарчанд хуб дарк менамуд, ки  бори дувум дохил шудан ба донишгоҳ ва ин ҳам ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) кори саҳлу осон нест. Хусусан барои ӯ, ки дар шаҳр касеро намешинохт. Бо вуҷуди ин, чун иродааш қавиву дар ақидааш устувор буд, миёни кулли  мушкилотро убур мекунад ва донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ мегардад. Фаъолияти ҳуқуқшиносиаш аз соли 1978 оғоз мегардад. Чун нияташ пок ва мақсадаш мушаххас буд, ба зудӣ дар радифи ҳуқуқшиносони пешқадами замон қарор гирифт. Не, осон набуд то ба ин зина расидан. Борҳо туҳматаш намуданд дар сӯиистифода аз мансабу дар ҳақаш носазо ҳам гуфтанд. Аммо «Умри дурӯғ кӯтоҳ аст». Тафтиш ботил будани ин андешаҳоро собит намуд.  
Дар вазифаҳои пурмасъул, аз ҷумла ёрдамчии прокурори ноҳияи Шаҳритус, муовини прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), прокурори ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён, шаҳри Ваҳдат, муовини прокурори вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд), сипас прокурори ҳамин вилоят, прокурори нақлиёти ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ифои вазифа намудааст. 
Ба корҳои илмӣ низ машғул шуд. Бо нашри силсилаи мақолаҳояш дар таҳқиқи фаъолияти экстремистии даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, аз ҷумла «Ҳизб –  ут – таҳрир» ва «Салафия» саҳм гузоштааст. Аз ташаббускорони қабули ду қарори Суди Олии  кишвар  оид ба ғайриқонунӣ ва экстремистӣ ҳисобидани фаъолияти  ин ҳизбҳо ва манъ намудани фаъолияти онҳо мебошад. Силсилаи таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ боис гардид, ки  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба ин гуна ҷараёнҳои тундгаро муваффақ гардад.
Хидматҳояш бо ордени «Шараф» (дараҷаи 2), унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикситон, нишонҳои Корманди фахрии прокуратура, Аълочии маорифи халқ ва диплому ифтихорномаи зиёд қадр шудаанд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 -200    Мутолиа карданд: 541
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед