фарҳанг
ФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАҲО. АЗ МУШКИЛОТ ТО РУШД ВА ДУРНАМО
Дар замони муосир нақши осорхонаҳо дар муаррифии таърихи ҳар миллат хеле муҳим ба ҳисоб рафта, онҳо бо имкониятҳои васеи худ маълумоти илмӣ ва таърихиро дар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ ва дигар осори ниёгон барои аҳли ҷомеа пешниҳод менамоянд. Аз ин рӯ, дар баробари нигориши таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар осори таърихиву адабӣ, ҳамзамон, онҳо дар осорхонаҳо низ инъикос мешаванд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлату Ҳукумати кишвар дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки инро мо бевосита дар рушди соҳаи осорхонашиносӣ низ мушоҳида менамоем. Тули солҳои Истиқлоли давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо - ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Дар ин раванд бунёди бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва даҳҳо осорхонаҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар гувоҳи ин ҳарфҳо мебошанд. Ҳамзамон, дар ин давра самтҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо муайян гардида, нақш ва мақоми онҳо ҳамчун марказҳои иҷтимоии нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушаххас гардиданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари таъсиси осорхонаҳои нав, ҳамзамон, ҷиҳати ғанӣ гардондани фонди онҳо барои ҷамъоварии беҳтарин ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи гуногуни ҳунармандӣ, сиккаҳо, китобҳо, мусаввараҳо ва ҳуҷҷатҳо имкониятҳои гуногун фароҳам оварда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлол ба яке аз масъалаҳои муҳим - тарбияи кадрҳои соҳаи осорхонашиносӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Соли 2001 дар факултаи фарҳангшиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода шуъбаи нави осорхонашиносӣ ифтитоҳ ёфт ва дар он фанҳои тахассусии осорхонавӣ ба роҳ монда шуда, роҷеъ ба зарурати амалӣ намудани ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: “Бунёд кардан ва ба истифода супурдани осорхонаҳо, аз ҷумла кохи муҳташами таърихи куҳани халқи тоҷик, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаро тақозо менамояд. Акнун кори муҳим дар пеш аст, яъне омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ вазифаи мутахассисони варзидаи таърихшинос, бостоншинос ва забондон мебошад”.
Вобаста ба иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун осорхонаи марказии кишвар пайваста кӯшиш менамояд, ки чорабиниҳои шаклан мухталифро ташкил ва баргузор намояд. Албатта, дар фаъолияти осорхонаҳои кишвар новобаста ба дастовардҳо мушкилоти соҳавӣ низ ба чашм мерасанд. Дар робита ба мушкилоти соҳавӣ кормандони Осорхонаи миллӣ дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва ба талаботи замони муосири соҳаи осорхонашиносӣ мутобиқ сохтани онҳо барои кормандони осорхонаҳои мамлакат дар мавзӯи «Фаъолияти осорхонаҳо – мушкилот, рушд ва дурнамо» семинари илмӣ – омӯзишии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд. Дар семинар роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар баррасии масъалаҳои мазкур суханронӣ намуданд. Дар рафти он аз ҷониби мутахассисони осорхона мавзуъҳои зарурати ҷамъоварӣ ва ҳифзи ашёи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар осорхонаҳо, фаъолияти фондӣ ва хусусиятҳои мукаммалгардонии он, аҳамияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар фаъолияти осорхонаҳо, нақши Осорхонаи миллӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, миёни иштирокчиёни семинар оид ба фаъолияти осорхонаҳо муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба таври ҳамешагӣ расондани кумакҳои илмӣ–методии Осорхонаи миллӣ ба осорхонаҳо ба таври ройгон нашр намудани мақолаҳои таҳиянамудаи кормандони осорхонаҳои кишвар дар шумораҳои Ахбори Осорхонаи миллӣ, нашр намудани брашура, буклету роҳнамо ва ҳар маводи чопие, ки марбут ба фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ мебошанд, зарур аст. Дар самти тармим ва таҳкими нигораҳо мутахассисони ОМТ омодаанд, то ёрии худро ба осорхонаҳои мамлакат расонанд. Ҳар экспонати муҳими таърихие, ки ба тармиму таҳким ниёз дорад, осорхонаҳо метавонанд барои тармим ба ОМТ муроҷиат намоянд. Зеро, дар ОМТ тармимгарони чӯб, матоъ, фулуз, коғаз, сафол, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъоланд. Осорхонаҳо, ҳамчунин, метавонанд барои муайян кардани давраҳои таърихии экспонатҳо ё бозёфтҳои тасодуфии худ ба Осорхонаи миллӣ муроҷиат намоянд ва тавассути мутахассисон давраи таърихии он муайян шавад. Зеро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 6 доктори илм, 5 номзади илм ва, дар маҷмуъ, 84 нафар ходими илм фаъолият доранд. Осорхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ метавонанд, дар фурсатҳои муносиб намоишҳои муваққатии ашёи таърихӣ, санъати тасвирии коллексияи осорхонаҳои худро дар пойтахти кишвар, дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон ташкил ва манзури меҳмонони шаҳри Душанбе гардонанд.
Осорхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо осорхонаҳо пайвас-та намоишҳои муваққатии сайёрро дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ташкил ва баргузор менамояд. Солҳои охир дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои осорхонаҳо биноҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Ин амал имкон медиҳад, ки бинои осорхонаҳо бо назардошти хусусияти осорхонавӣ бунёд гарданд. Дар навбати худ, ин ба кори минбаъдаи илмӣ-методии осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни семинар зикр гардид, ки ҳамкориҳо, аз ҷумла расондани кумакҳои илмӣ–методӣ, мубодилаи таҷриба миёни осорхонаҳои кишвар боз ҳам бештар ва баҳри бартараф намудани мушкилиҳои соҳа бошад, кӯшишҳои дастаҷамъона рӯйи кор гирифта шаванд. Ба ин восита, дар иҷрои рисолати касбии худ - нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ ҳар чи бештар саҳм гузошта хоҳад шуд.
Нақши кормандони Осорхонаи миллӣ дар расондани ёрии илмӣ–методӣ, таҳияи нақшаи мавзуӣ, ташкили экспозитсияи осорхонаҳои навбунёд ва бо ашёи осорхонавӣ ғанӣ гардондани фонди онҳо хеле назаррас мебошад. Мунтазам ташкил ва баргузор намудани чунин семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони осорхонаҳо имкон медиҳад, то мушкилоти онҳо баррасӣ ва табодули таҷриба сурат гирад, инчунин, ба ин восита ба рушди фаъолияти осорхонаҳо дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Зеро осорхонаҳо ҷиҳати тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат, шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик ва муаррифии таъриху фарҳанги ниёгон ва дастовардҳои замони истиқлол ба сокинону меҳмонони диёр нақши муҳимро доро мебошанд.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.10.2021 №: 199 - 200 Мутолиа карданд: 2427