logo

Хабарҳо

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Бобишо Холзода дар деҳоти Меҳробод ва Мискинободи ноҳия чанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
 
Иншоот аз тарафи соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар деҳоти Меҳробод аз тарафи соҳибкор Каримов Бобӣ корхонаи коркарди обҳои маъданӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар назар аст, ки корона обҳои ранга низ истеҳсол намояд.
Дар деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Убайдулло Розиқов дар доираи  омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳа бунёд ва 2 километр роҳ, ки солҳо хароб буд дар муддати кӯтоҳ асфалтпӯш карда шуд. Инчунин, соҳибкор сохтмони заводи кокарди шарбати сабзавотро дар  ҷамоат ба уҳда гирифт. 
Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат зимни сафар дар деҳаи Мискинобод толори варзиш, меҳмонхонаи сайёҳӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар ва беморхонаи бемориҳои сироятиро дар хизмати сокинон қарор дод.
Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ёфт. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, дар баробари ба истифода додани он 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Қоҳир Расулзода дар деҳоти Қалаъи Дашт аз  боғи 10-гектараи «Баҳористон» ва зироатҳои кишоварзӣ дидан намуда, барои истифодаи самараноки замин ба деҳқонон баҳои баланд дод. 
 
Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед