logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

ДАР БАЛҶУВОН ОСОРХОНАИ НАВ СОХТАНД
Дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба мо иттилоъ доданд. 
Тибқи иттилоъ осорхона аз 5 шуъба  иборат буда, дар он бозёфтҳое, ки бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ аз ҳудуди ноҳия пайдо намудаанд, ҳифзу нигоҳдорӣ  мешаванд. Экспонатҳое, ки ҳоло дар он ба маъраз гузошта шудаанд, мансуб ба асрҳои IX – XIX ҳастанд. 
Бинои осорхона аз се ошёна иборат буда, ҳар ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд ва дар он барои ҳифзи нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
 
 
ДАСТХАТҲОИ ЭЙНШТЕЙНРО БА МУЗОЯДА МЕГУЗОРАНД
Ҳисобҳои дастнависи олими машҳури физика Алберт Эйнштейн дар шаҳри Париж ба музояда гузошта мешаванд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Известия” хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ, ёддоштҳои олим дар коллексияи хонаи музоядаи “Christie's”, ки дар Ҳонконг ҷойгир аст, нигоҳдорӣ мешаванд. Дар дастхатҳо ҳисобҳои олим оид ба назарияи нисбият оварда шудаанд. Эйнштейн, инчунин, ба ҳисобҳо шарҳҳо низ илова кардааст, ки метавон аз рӯйи  он хулосаҳои ӯро пайгирӣ намуд. Мубориза барои лот 23 ноябр оғоз мешавад, нархи ибтидоии он 2 миллион евро муайян шудааст. 
 
 
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ.  МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
Олимони Донишгоҳи Аризонаи  ИМА зимни гузарондани тадқиқот муайян намуданд, ки то соли 2060 атмосфераи Атлантикаи Шимолӣ метавонад аз доираи тағйирёбии табиӣ берун барояд. Ба гуфтаи олимон, эҳтимол ин ҳолат метавонад боиси якбора афзудани фалокатҳои табиӣ - хушксолӣ, сӯхтор, тӯфону обхезӣ гардад. Натиҷаҳои ин тадқиқот дар маҷаллаи “Proceedings of Academy of National Sciences” нашр шудаанд.
Дар мақола зикр мешавад, ки пажӯҳишгарон бар асоси омӯзиши яхбандии Гренландия – калонтарин ҷазираи Замин дар Амрикои Шимолӣ, таърихи  ин тағйиротро муайян ва оқибатҳои онро баррасӣ ва пешгӯйӣ карданд. 
Зимнан, моҳи август аз гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид маълум шуд, ки  дар натиҷаи гармшавии глобалӣ Замин ба фалокати гӯшношунид рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони ин созмон, агар то соли 2030 партовҳои дуоксиди карбон ду баробар ва то соли 2050 комилан коҳиш наёбанд, мумкин аст ҳарорат дар рӯйи Замин то ба дараҷаи гӯшношунид боло равад. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед