logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРД 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
2. Ҷӯрахон … муаллифи асари «Чаманоро» 6. Таъриф 8. Нишони шоҳ 10.  Муаллифи асари «Интихоби домод» 12. Ноҳия дар ВМКБ 14. Мерос 16. Имконият 18. Тарс, бим 19. Мирзо … Юсуфӣ, муҳаррири рӯзномаи «Бухорои Шариф» 20. Ҷон, нафас 21. Қаҳрамони романи Р. Ҷалил «Одамони ҷовид» 23. Мусоид 25. Яке аз шоҳони сулолаи Сомониён 28. Авлод 30. «… тафсир» асари Зебуннисо 31. … Солиев, бастакор 36. … Кутузов сароянда 37. Некӣ, накукорӣ. 38. Моли ба ивази қарз гузошташуда. 40. Номукаллаф 42. Зидди биёр 45. … ба кор судманд бувад (Саноӣ) 47. Лозим 49. … Раҳимҷон, шоира 50. Залил 51. Водӣ дар н. Мастчоҳ 53. Садбарг, лола 54. Фаридуддини …, шоири асри ХII 56. Мӯрча 57. Мирзо Ҷалолӣ … муҳаррири рӯзномаи «Бухорои Шариф» 58. Аминҷон … гӯштигир 60. Маҳрум 61. Мухолиф 62. Мадрасаи Бағдод, ки Саъдии Шерозӣ таҳсил кардааст.
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Донаи нард 3. … Раҳимзода, шоир 4. … Кӯҳзод, нависанда 5.Ҷойи коркарди ангишт 7. Асари С. Аюбӣ 8. «Садо аз …» асари А. Қаҳҳор 9. Эҳтиром 11.Мавҷи радио 12. Кайфу сафо 13. Нохуб 15. Дӯстдоштаи Ҳасан аз достони «Ҳасани аробакаш»-и М.Турсунзода 17.Шаҳр дар вилояти Хатлон 18. … ибни Ҳарсама, шоҳи Хуросон дар асри Х 22. Унвони эҳтиромии Абдураҳмони Ҷомӣ 24. Асари Ҳусайн Воизи Кошифӣ 26. Уко 27. Инон 29. «… ва Матлуб», асари Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ. 30.Тӯрақул …, адабиётшинос 32. Тилло. 33. … Толстой, нависандаи рус 34. … Капур, ситораи кинои Ҳинд. 35. Руҳ. 38. Нависандаи рус, муаллифи асари «Ҷонҳои мурда». 39. Чеки давлати Сомониён 41. Ҳавас, хоҳиш 43. Меҳмон …, шоир. 44. Рахна 46. Тӯйи … . 48. Устои созандаи юғ 49. Ҳазлчӣ. 52. Қалами тахтаи синф 54. Мори заҳрдор 55. Абубакри …, табиби аҳди Сомониён, муаллифи асари «Китоб-ул-ҳовӣ» 57. Хаймаи қирғизӣ 59. «… ва Ромин», асари Ф. Гургонӣ.
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ, сокини шаҳри Ваҳдат
 
Ҷавоб ба чайнворди забони давлатӣ аз 1 октябри соли 2021
1.2019 2.2020 3.2002 4.2009 5.1952 6.1998 7.1999 8.1940 9.1989 10.Дони 11.Пунктуатсия 12.Савтиёт 13.Лексикология 14.Сифат 15.Мутазод 16.Архаизм 17.Синтаксис 18.Июл 19.Нохунак
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика  Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
ТОҶИКДУХТАРОН ДАР ДАҲГОНАИ «ЗЕБОСАНАМИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ»
Парвина Усмонова, Нуринисо Абдулмуминова ва Рухшона Маҳкамова ба даҳгонаи беҳтарин довталабони Озмуни байналмилалии зебоии «Зебосанами муҳоҷирони Федератсияи Россия» шомил гардиданд. 
Онҳо зодаи Тоҷикистон буда, айни ҳол дар Москва кору таҳсил ва зиндагӣ доранд.
Ҳадафи озмун муаррифии миллатҳои гуногунест, ки дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд. 
Озмун 9 октябри соли равон дар шаҳри Москва  ҷамъбаст мегардад.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
9. МОРИ АФЪИИ РАССЕЛЛА
Ин ҷонвари аз нигоҳи аввал зебо дар қатори эфаи хокӣ, кӯброи ҳиндӣ ва крайти ҳиндӣ ба рӯйхати "чоргонаи бузург"-и морҳое дохил мешавад, ки ҳиндуҳо онро ҳамчун хазандаҳои нешашон барои ҳаёт хатарноки ҳудуди Ҳиндустон маънидод мекунанд. Раселла зудгарду чолок аст. Ин хосияташ имкон медиҳад, ки дар аксар ҳолат аз хатар эмин бошад. Ҳангоми рӯ ба рӯ задан бо «ҷонзоди бегона», чун мавҷ метавонад худро тоб дода, ногаҳон ҳуҷум кунад. Тавре гуфтем, баъди газидани Раселла зинда мондани сайд аз эҳтимол дур аст.
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ОРОМИИ СУҚРОТӢ
Маъмулан, инсонҳо хуш надоранд, вақте онҳоро ғайбат мекунанд. Бовар нокарданист, вале файласуфи бузурги Юнон Суқроти номвар бо камоли майл ва хеле роҳат қабул мекард, вақте касе ӯро аз чашм ғоиб ганда мегуфт. Тоқати яке аз шогирдони навдарсаш тоқ шуд, ки аз устод сабаби тамкинашро дар ин масъалаи нозук пурсид:
- Дар ин боб таҳаммул варзидан, осоиши асабу ҷон аст. Агар маро дар ғайбам зада, сангсор кунанд ҳам, сар ба саломат мебарам, - гуфт Суқрот. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ВАҚТЕ УМЕД НАМЕМИРАД
Деҳқони ҳиндӣ Рамҷит Рагҳав аз бефарзандӣ азият мекашиду солиёни дароз дар орзуи ин неъмати бебаҳо буд. Барои безурётӣ ҳамсаронаш пайи ҳам ӯро тарк мекарданд, вале ӯ умед аз даст намедод. Билохира, бахт ба рӯяш хандиду орзуи деринааш ҷомаи амал пӯшид. Рамҷит дар 94-солагӣ падар шуд. Баъди ду сол фарзанди дувумаш ба дунё омад.  Ӯ умри дароз дид ва дар 104-солагӣ аз дунё беармон гузашт.
Воқеан, умед аст, ки зиндагии касро нуру зиё мебахшад, аз ин рӯ, ҳаргиз ноумед набошед.
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 
 
 
 
5 РОҲИ ДУРУСТИ ТАРБИЯ
3.  АГАР КӮДАКОН БА ТАВРИ КОФӢ ХОБ НАРАВАНД…
Волидон, баъзан, хусусан баъди он ки фарзандашон мактабхон мешавад, барои ӯ вақти хобро маҳдуд месозанд. 
Ин амалро коршиносон чандон дуруст намешуморанд. Ба гуфти онҳо, чунин муносибат ба саломатии кӯдак таъсири бад хоҳад расонд. Имрӯз 20 – 25 дарсади  кӯдакони синни мактабӣ ба таври кофӣ хоб намераванд, ки ин қобилияти дарсазхудкунии онҳоро суст мекунад. Тибқи хулосаи Бунёди миллӣ оид ба мушкили хоб дар Канада, кӯдакони 6 – 13 - сола дар як шабонарӯз ба 9 – 13 соат ва наврасон  8 – 10 соат ба хоб ниёз доранд. Фақат лозим аст, ки пеш аз хоб истифодаи асбобҳои барқиро маҳдуд намуд ва ҳамроҳи кӯдак барои хоб реҷаеро интихоб кард, ки дар ӯ эҳсоси мустақилӣ ва эҷоди корҳои барояш муфидро ба вуҷуд орад.  
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
48 МИЛЛИОН ЕВРО АРЗИШИ ҚАСРИ НАВИ МЕССИ
Ҳамлагари аргентинии дастаи «ПСЖ» дар Париж дар кохи боҳашамат зиндагӣ хоҳад кард. Тибқи маълумоти нашрияи RMC Sport, ҳамсари Лионел Месси Антонелла дар маркази шаҳри Париж қасри мехостаашро, ки 48 миллион евро арзиш дорад, пайдо намудааст.
Бинои мазкур соли 1899 бунёд гашта, дар фосилаи даҳ дақиқа роҳ аз пойгоҳи «ПСЖ» қарор дорад. Кӯшкро парижиҳо «Қасри гулобӣ» меноманд ва бо он ки  замоне дар он собиқ Президенти Фаронса Шарл де Голл зиндагӣ кардааст, маъруф мебошад. 30 ҳуҷра, ҳавзи болопӯш, толори тамрин, корти теннис ва кинотеатри хонагӣ дорад. Тасмими хариди кӯшк на танҳо як савдою ҷунун аст, балки сармоягузорӣ низ маҳсуб мешавад. Арзиши чунин хонаҳо бо мурури замон дар Фаронса меафзояд ва ҳам маълум нест, ки Месси барои зиндагии тулонӣ дар Париж мемонад ё на...
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ГАРОННАРХТАРИН ДОЛЛАРИ НУҚРАГИН
Тангаи якдоллараи нуқрагӣ бо номи "Мӯйҳои парешон" дар музоядаи Лондон бо қимати беш 10 000 000 доллар гузошта шуд. Сабаби гароннархиашро коршиносон дар он медонанд, ки ин аввалин доллари сикказада мебошад. 
Тавре зикр мешавад, дар як тарафи танга зане бо мӯйи парешон тасвир ёфтааст, ки он рамзи озодист. Дар тарафи дигараш уқоб дар иҳотаи шохаҳои зайтун ҳаккокӣ шуда, ки яке аз рамзҳои намоди ИМА ба ҳисоб меравад. 
Тарроҳи доллари нуқрагин наққоши маъруф Роберт Скотт мебошад. Арзиши он дар канори танга муҳр зада шудааст: HUNDRED CENTS –  ONE DOLLAR OR UNIT. Ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 200 танга боқӣ мондааст, ки он ҳам дар дасти сиккашиносон мебошад.
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
 
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
 
МАРГ АЗ ПУРХӮРӢ
Ин фалокат соли 1850 ҳангоми таҷлили рӯзи истиқлолият бо президенти понздаҳуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Закари Тейлор рух дод.  Азбаски ҳаво ниҳоят гарм буд, ӯ пас аз анҷоми тантанаҳои идона миқдори зиёди яхмосро нӯши ҷон мекунад. Дар натиҷа, президент мубталои бемории заъфи меъда шуда, пас аз панҷ рӯз аз олам мегузарад. Марги Закари Тейлор сарусадоҳои зиёдро ба бор овард. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки ӯро заҳр дода куштаанд. Аммо бо гузашти беш аз як аср (соли 1991) ташхиси ҷасадаш ин фарзияро собит накард.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
ИНСОН ВА ҚОНУН
МЕЪЁРҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР БРИТАНИЯИ КАБИР
Дар Британияи Кабир агар одамон парандагони гулмоҳихӯракро дар соҳили дарёи назди шоҳигарии Саффолк ғизо диҳанд, нозирони тартибот аз онҳо 3 000 евро ҷарима меситонанд. Зеро мардуми таҳҷоӣ  зиёдшавии насли парандагонро намехоҳанд. 
Агар сайёҳони дар Лондон сайругаштдошта бо велосипед аз пайроҳа  гузаранд, 100 фунт стерлинг муҷозот хоҳанд шуд.  
Тибқи қонуни соли 1313 қабулшуда, агар шахсе дар назди Парламент вафот кунад, давлат вазифадор аст, ки майитро аз ҳисоби худ гӯронад.  
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
АЗ ОЛАМИ АДАБ
ҶОАН РОУЛИНГ ВА 12 СОЛИ САРГАРДОНӢ
Иншои асари «Гарри Потер ва санги сеҳрнок»-и Ҷоан Роулинг соли 1995 ба охир расид, аммо  нашриётҳо яко-як  аз чопи он даст мекашиданд. Ниҳоят, пас аз як сол нашриёти хурди шаҳри Лондон “Bloomsbury” ба сарсонии муаллиф хотима бахшида, онро чоп кард. 
Бо вуҷуди ин, роҳбари нашриёт бо боварӣ ба Роулинг гуфт, ки навиштан кори ӯ нест ва бо ин китоби содалавҳонаи кӯдаконааш муваффақ нахоҳад шуд. Ба ин хотир, аз ҳоло дар андешаи пайдо намудани шуғли доимӣ шавад. Вале вақт нодурустии андешаи ноширро собит намуд. Ҳоло “Гарри Потер ва санги сеҳрнок» яке аз сердаромадтарин асарҳои адабиёти ҷаҳонист.
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
ҲАР КОРЕРО БО ХУД ҚИЁС МАКУН
Атрфурӯше тӯтие дошт, чун булбули ғазалхон. Рӯзе аз хавфи гурба бар тоқи дуконаш  парид ва шишаи атр аз зарбаи параш бар замин уфтод ва бишкаст. Аттор бо хашми тамом бар сари ҷонвар силӣ зад, ки  мӯйҳояш батамом рехтанд.
Бечора тӯтӣ хомӯш ба кунҷе биншаст ва то муддати дароз сухан нагуфт. Аттор аз кардаи худ пушаймон ва бар хомӯшии тӯтӣ нолон буд.
Рӯзе қаландаре сару риш тарошида бар дукони аттор гузар кард. Тӯтӣ бо камоли ханда лаб бикшод ва бигуфт:
- Эй дарвеш, оё ту ҳам шишаи атри касеро шикастаӣ? 
Аз ин гуфтори тӯтӣ ҳамагонро ханда омаду  дар он лаҳза нидо карданд: «Ҳар кореро бо худ қиёс макун».
 
Умар АЛӢ
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
11. ЛЕОПОЛДО  ГАЛТЙЕРИ
Муноқиша ё ҷанги хунини соли 1982 миёни Аргентина ва Британияи Кабир бо айби президенти навтаъиншудаи Аргентина Леополдо Галтйери, ки, ҳамзамон, сарфармондеҳи армия маҳсуб меёфт, сурат гирифтааст. 
Леополдо бо сиёсати диктаторие, ки дошт, хост ҷазираҳои ҷануби Аргентина Фолкленд ва Георгияи Ҷанубиро, ки дар асл ба Британияи Кабир тааллуқ доштанд, забт намояд. Бо ҳамин мақсад, 2 апрели соли 1982 бо тамоми қувва ба ҷазираҳои мазкур, ки қариб муҳофизат намешуданд, ҳуҷум мекунад. Ҳукумати вақти Британияи Кабир аз ин амали истилогарона огоҳ шуда, давоми се рӯз неруҳояшро дар майдони ҷанг маскун ва ба зарбаҳои ҷавобӣ омода месозад. Задухӯрд қариб даҳ ҳафта идома меёбаду аргентиниҳо аз майдон шикастхӯрдаву ноумед бармегарданд. Сарфармондеҳи бетаҷриба Леополдо Галтйери на танҳо беш аз 700 аскару афсар ва қариб 1 миллиард доллар, балки мансабро низ аз даст медиҳад. Воқеан, ӯ ҳамагӣ камтар аз шаш моҳ президенти Аргентина буду халос.  
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
«ЭҲТИРОМ»
Шавҳаре, ки чанд лаҳза дар андеша буд, ба ҳамсараш гуфт: - Мехоҳам волидон ва хоҳару бародарамро фардо шом даъват кунем, агар туро заҳмат нашавад, хӯрокҳои лазиз омода намо. Рӯзи баъдӣ мард чун ба хона омад, пурсид: - Меҳмонҳо мерасанд, ғизои шом омода? - Не ростӣ, хаста будам, ҳавсала надод то хӯрок пазам. - Охир, хонаводаи шумо бегона нестанд-ку, як ғизои одӣ тайёр мекунем, кифоя, - бо норизоӣ гуфт зан. Мард бо нороҳатӣ аз хона берун рафт. Баъди чанде зан падару модар, хоҳару бародари худро дид, ки дохили хона омаданд. Нахуст падараш суол кард, ки домод куҷост? Зани ҳайрону парешон акнун фаҳмид, ғизое, ки бояд мепухт, барои хонаводаи худаш будааст. Дарҳол ба шавҳараш занг зада пурсид, ки чаро аз меҳмон кардани хонаводаи ӯ нагуфт? Мард ҷавоб дод: - Волидони ману шумо аз ҳам фарқе надоранд. Вале ту дуруст гуфтӣ ягон хӯроки одӣ ҳам омода намоӣ кофист, онҳо бегона нестанд, мефаҳманд. Туро мебоист бо хоҳиш ва ҳаваси тамом дастархон омода мекардӣ. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ШИНОСОӢ  ДАР ХОБ
 
Нимашаб завҷаи қаҳролуду асабӣ ба чаккаи сари марди хона як шаппотии обдор мезанад. Мард аз ҷой як қад мепарад ва дар ҳолате ки чашмонаш аз косахонаи сараш берун буданд, мепурсад:
- Чӣ шуд, ҷонакам?
- Чӣ дар хобат ин қадар дод мезанӣ?
- Ҷонакам, ман хоб дидам, ки Марусия ғарқ мешавад.
- Марусияаш кӣ боз?
- Ту ӯро намешиносӣ ҷонакам, мо навакак дар хоб шинос шудем. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
2.  Акс ҳамчун ҷазо
Як зани Пенсилвания ҳангоми сархушӣ рондани мошин мардеро ба қатл мерасонад. Суд гунаҳкорро танҳо сӣ рӯз ба ҳабс маҳкум мекунад. Аммо ҳукм бароварда мешавад, ки давоми панҷ сол маҳкумшуда акси шаҳидшударо бо худ мегардонад. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ИШТИБОҲИ СУДӢ
СУДШУДАИ РЕКОРДСМЕН УМРАШ ДАР ЗИНДОН БАРБОД РАФТУ  НОМАШ ҶОВИДОН ХОҲАД МОНД
Собиқ муштзани ҷопонӣ Ивао Ҳакамада соли 1966 барои куштори 4 нафар ба қатл маҳкум шуд. Суд дар ҳоле чунин ҳукм баровард, ки далели кофӣ надошт. Барои ҳамин атрофи ҳукми суд баҳсҳои доманадор авҷ гирифтанд, бахусус Ҳидеко, хоҳари муштзан аз талоши исботи бегуноҳии бародараш даст намебардошт. Ҳамин баҳси доманадор сабаб шуду иҷрои ҳалномаи суд даҳсолаҳо ба таъхир афтод. Танҳо соли 2012 санҷиши ДНК нишон дод, ки хуни дар ҷойи содир шудани ҷиноят рехта, ба Ивао тааллуқ надорад. Барои исботи ин далел ва тантанаи адолат боз ду соли дигар гузашт. 
Ниҳоят, Ҳакамадаи 78-сола пас аз 46 соли зиндон ва тулонитарин баҳси судӣ сафед шуд. 
Далели ҷолиби дигар ин аст, ки Ивао Ҳакамада соли 2011 ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун одами беш аз ҳама  интизори  ҳукми қатл дар ҷаҳон сабт гардидааст. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Суръати интернет дар «НАСА» то ба 90 гигабайт дар як сония мерасад.
2. Бо қоғаз на танҳо ангушт, балки меваи сахттарин какосро низ буридан  мумкин аст.
3. Калтакалосҳои бузурги Комодо ҳатто ба оҳу ва хукҳои ваҳшӣ низ ҳамла мекунанд.
4. Нонхӯракҳо 120 миллион сол пеш аз диназаврҳо пайдо шудаанд.
5. Умри мардуми Шведсия аз мардуми дигар давлатҳо зиёдтар аст.
6. Инсон ягона мавҷудоти рӯйи олам, ки қобилияти ба пушт хоб карданро дорад. 
 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
ҚОНУНЕ, КИ АЗ НАПОЛЕОН ҲИМОЯ МЕКУНАД
Ҳарчанд аз марги Наполеон Бонапарт дусад сол гузашта бошад ҳам, аммо фаронсавиҳо то ҳол  дӯсташ медоранд. 
Барои эҳтироми ӯ қонуни аҷибе қабул кардаанд.  Мувофиқи он, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба хукаш номи Наполеонро гузорад. Дар акси ҳол чунин нафарон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. 
Аҷибаш ин ки, агар касе хукашро, ҳатто, тасодуфан ҳам Наполеон ном барад, ӯро ҳабс интизор аст. Қонуни мазкур ибтидои асри XIX қабул гардида, то ҳол амал мекунад.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2021    №: 201    Мутолиа карданд: 2878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед