logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» ХИДМАТҲОИ МОНДАГОРИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУРРО БОЗТОБ НАМУД

Ин навбат рӯзҳои 4 – 7 октябр танини озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар қалби кӯҳҳои сарбаафлоки олам – Бадахшони дурахшон садо дод. Истиқболи гарму самимии ин мардуми сарбаланд аз "дарвозаи тиллоӣ"-и Бадахшон – ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Садои дафу чанг дар кӯҳҳои осмонбӯс акси садо медоду то ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва қалби Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳайати бисёрнафараи иштирокдорони озмун – олимону адибон, муаррихону рӯзноманигоронро таассуроти амиқе фарогир буд.
Аз пазироии гарми мардуми Дарвоз дар раъси раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода иштирокдорони озмунро ҳаяҷони фараҳбахше фаро гирифта буд. Бо ҳамин руҳия дар ноҳияи Рӯшон ба поси гиромидошти Шириншоҳи қаҳрамон базму тараб ороста шуд. Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев аз хидматҳои мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур ёдовар шуда, нақши ӯро дар пойдории давлати миллӣ бузург арзёбӣ намуд. «Яке аз нишонаҳои давлатдорӣ забон асту хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин росто қобили мулоҳиза. Ва басо хушоянд аст, ки ташрифи шумо низ дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба вуқуъ пайваст», - гуфт ӯ. 
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ нақши озмуни мазкурро дар шинохти оммавии Шириншоҳ Шоҳтемур муассир хонда, иброз дошт: «Ин озмун Шириншоҳ Шоҳтемурро ба мардум аз наздик шиносонд». 
 
САЙРИ МАНЗИЛИ ШИРИНШОҲ
Ҳайати меҳмонону иштирокчиён 5 октябр аз ноҳияи Рӯшон ба самти ноҳияи Шуғнон раҳсипор гардиданд. Ҳамоно самимияти ногуфтании мардум бо мо буду муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода моро ҳамроҳӣ мекарданд. Тамошои чашмаи Носири Хусрав ва боздиди хонаи падарии Қаҳрамони Тоҷикистон дар деҳаи Тишори деҳоти Поршинев моро ба сайри таърих бурд. Бахусус, хонаи урфии бадахшонӣ, ки дар он қаҳрамон ба воя расидааст, мароқовар буд. Назира Амирбекзода аз тақдири печидаи Шириншоҳ Шоҳтемур ёд оварда, бурдани пажӯҳишҳои минбаъдаро зарурӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, хонаро муаррифӣ мекард, ки дар он ҳар кас ҷои нишасти худро дошту либосҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, чархи ресмонресӣ аз давраи модари ӯ то ҳол нигоҳ дошта мешуданд. Бо дидани ин манзара  шоир Назри Яздонӣ зери лаб замзама кард:
Дар ишқи ту дард мекунад дандонам, 
Монандаи дуки чарх саргардонам. 
Пайвандони Шириншоҳ Шоҳтемур дар ин хона ҷамъ омада буданд. Аз ҷумла, абераи ӯ Рукмина Шоҳтемурова, ки дар синфи 10 мехонад, аллакай, ба таҳқиқи зиндагии ӯ пардохтааст. 
- Бо Академияи хурди илмҳо ҳамкорӣ дорам. Ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур барои ман аз бисёр ҷиҳат омӯзанда аст. Ҳақиқату озодиву озодагиро бар ивази ҷонаш дифоъ намуд, ғуломиро қабул накард. Маълумоти зиёдеро аз забони калонсолон оид ба ӯ гирд овардаам, ки манбаъ барои кори илмиам мешаванд, - мегӯяд Рукмина.   
 
ТАНТАНАИ ОЗМУН ДАР ҚАЛБИ БАДАХШОН  
Маросими ҷамъбасти озмун дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гашт. Толори барҳавои он қабл аз оғози чорабинӣ пур шуда буд. Дидани филми ҳуҷҷатӣ доир ба зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур моро дар ҷараёни муҳит ва фазои носозгори замони гузашта қарор дод. Дар филм Шириншоҳ аз манзили хурди деҳааш роҳ ҷониби шаҳри калон – Тошканд мегирад. Қадрасу боазамат мешавад, барои ободии диёраш саъй менамояд, вале дар охир қурбони дасисаву буҳтон гардида, ба қатл мерасад. Бозтоби ҳаводиси талху дарднок, бозиҳои тақдирсӯзи сиёсӣ дар ин филм ҷигарҳоро хун мекард… 
Раиси вилоят Ёдгор Файзов дар қисмати тантанавӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт:
- Таҷлили озмун дар рӯзҳои таърихӣ, ки дар идомаи ташрифи қарибулвуқуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят иттифоқ афтод, бисёр хушоянд мебошад. Халқи тоҷик дар дарозои таърихи мавҷудияташ дар орзуи озодӣ, истиқлол, таъсиси давлати мустақили худ буд. Агар дар замони шуравӣ абармардоне ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳаммаслаконаш Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро барпо намекарданд, мо ба чунин рӯзҳои пурсаодат намерасидем. Мо мардуми тоҷик ифтихор дорем, ки аҷдодони мо назири Шириншоҳ Шоҳтемур, сад сол боз бо дарки воқеияти таърихӣ ҷон нисор кардаву давлати миллиро бунёд намуданд.
Ба андеша меравам, ки чӣ хел як ҷавони нуздаҳсола аз деҳаи дурдасти кӯҳистон, ки на мактаб дошту на роҳ тавонист ин қадар ҷасурона ва ояндабинона ин корро кунад. Дар синни 32-солагӣ котиби дуюми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва баъдан сардори Ҳукумати Тоҷикистон шудан кори сода набуду нест. Дар он солҳои тираву хира ӯ ояндаро пешбинӣ карда тавонист, мисле ки Пешвои муаззами миллат соли 1992 зимоми роҳбарии Тоҷикистони ба хун оғӯшта ва парокандаю ғоратшударо ба даст гирифта, имрӯз ба мамлакати осудаю тараққикардаи ҷаҳон табдил доданд. Ба созмондиҳандагони озмун сипос мегӯям, ки дар татбиқи сиёсати эҳёгаронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузошта, хидматҳои мондагори Шириншоҳ Шоҳтемурро бори дигар рӯнамоӣ карданд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода изҳор дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба гузаштаи таърихии худ рӯ оварем ва ба мақому хизматҳои ватандӯстонаи қаҳрамонҳои хеш арҷ гузорем.
- Имрӯз мо барои гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гирди ҳам омадаем. Воқеан, ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи он фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад, ки бо ҷоннисориҳояш дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт шудааст. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иқдоми наҷиберо пеш гирифтаанд ва ин озмун дар худшиносии миллӣ такони ҷиддие хоҳад буд,- иброз дошт Хуршед Сафарзода. 
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба ин нукта таъкид кард, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо файзи хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари эҳёи давлатдории миллӣ, барои худогоҳӣ ва шинохти ҷойгоҳи таърихии миллат роҳи мунаввари худшиносӣ боз шуд. “Дар ин масир, мақоми шоистаи чеҳраҳои тобноки илму адаб, арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҷойгоҳи аслии худ баргашта, воқеиятҳои таърихӣ низ ба маснади худ нишаст. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаставу накуном, ки нимаи аввали асри ХХ дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур карда, барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва манофеи миллати тоҷик ҷонфидоӣ кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, ки имрӯз хизматҳои беназири ҳувиятсоз ва ватандӯстонааш ба шоистагӣ қадр мешаванд”.
- Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки худ дар садри эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти чеҳраҳои мондагор қарор доранд, озмунҳоеро созмон дод, ки ба тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нигаронда шудааст. Озмуни навбатии рӯзнома дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур эълон гардид, идомаи пайгирии чунин ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мераванд. Бароям басо хушоянд аст, ки мо ба манзури ҷамъбасти маросими тантанавии озмун рӯзе ба Бадахшон расидем, ки то ҳол садои дафу чанги мардум ба пешвоз ва истиқболи Пешвои муаззами миллат дар фазои тамоми Тоҷикистон танинандоз аст ва хушгӯиҳои холаи Фотима аз забон ба забон ва дили мардуми минтақаҳои дигар танин дорад». 
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ низ моро дар сафар ҳамроҳӣ мекарду ҳушҳол аз он буд, ки бори аввал аз ин макони ормонию бостонӣ дидан мекунад. Тавре баён дошт, таассуротҳои мо аз шаҳри Кӯлоб оғоз шуданду дар ноҳияи Дарвозу Рӯшон ва шаҳри Хоруғ идома ёфтанд, ки баёни муҳаббат, самимияти мардум душвор аст. 
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», гуфт, ки хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур бисёр мондагоранд ва мардуми вилояти Хатлон, бахусус водии Вахш, аз ӯ ба некӣ ёд меоранд. Ӯ нусхаи асли аввалин рӯзномаи вилоятии «Ударник вахшстроя»-ро, ки соли 1934 ба нашр расидааст ва дар аввалин шуморааш (15 июли соли 1934) дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур маълумот дода шудааст, ба роҳбарияти вилоят тақдим намуд. 
Дар идомаи маросими тантанавии ҷамъбасти озмун зери кафкӯбиҳои бардавом ба ғолибони озмун ҷоиза, диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои молӣ тақдим гардид. Муҳаққиқи шинохта Қурбон Аламшоев сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ мақоми аввалро ба даст овард. Абдулқодири Раҳим, шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангии рӯзномаи «Ҷумҳурият», Раҳмонқул Раҳмонқулов, сармуҳаррири нашрияи «Бадахшон» ҷойҳои дуюм, Маҳмадшо Маҳмадшоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Тиллои Некқадам, корманди нашрияи «Садои Мардум» ва Қурбон Мадалиев, собиқадори матбуот зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих бо ҷоизаи махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филология бо ҷоизаи махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, 12 нафар иштирокчии фаъоли озмун бо ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии муассисон қадр шуданд.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 2097
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед