logo

иҷтимоиёт

АМАЛИ ҶАВОНМАРДОНА

Пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми қишри ҷомеа мояи сарфарозист. Имрӯзҳо ҷиҳати боз ҳам фароҳам овардани шароити хуб барои сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар соҳибкорони бонангу номус дар такя ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат мекӯшанд, то баҳри ободиву бунёдкорӣ саҳми арзандае гузоранд. 
 
Маҳмадалӣ Сангов яке аз чунин нафаронест, ки ба хотири сари  вақт дастрас намудани гӯшт ва тухми мурғи аълосифат дар ноҳияи Нуробод фаъолияти корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро ба роҳ мондааст. Зикр бояд намуд, ки корхонаи мазкур дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи парандапарварӣ буда, дар оянда имконият дорад талаботи ноҳияҳои водиро бо тухми аълосифат пурра таъмин намояд.                                                                                                                                          - Солиёни дароз аст, ки мардуми маҳаллӣ барои дастрас намудани  гӯшти мурғу тухм танқисӣ мекашиданд ва, ҳатто, ҳафтаҳо интизори мекашиданд, то онҳо аз  дигар шаҳру навоҳии кишвар ворид карда шаванд. Аз ин рӯ, бо даст додани аввалин имконият тасмим гирифтем, ки корхонаро бисозем. Корхонаи нав барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш ёбад. Дар оянда «Мурғи Нуробод»  имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион дона тухми мурғро ба фурӯш барорад, - иброз дошт М. Сангов. 
Зикр бояд намуд, ки  айни ҳол дар коргоҳ технологияи муосири итолиёвӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Хӯроки паранда низ  аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.
- Бояд гӯям, ки оғози фаъолияти корхонаи «Мурғи Нуробод» ба Ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад ва дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷиҳати  таъмини  фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва  соҳиби ҷойи кор гардидани аҳолии маҳаллӣ аз шаш намуди андоз, аз ҷумла аз воридоти технологияи муосир, пурра озод гардид. Айни замон мо кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти ниҳоии он, дар навбати аввал, ба шаҳри Роғун, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш пешниҳод шавад, - мегӯяд М. Сангов.
Иқдоме, ки аз ҷониби ин марди ватандӯст гирифта шудааст, боиси таҳсин аст. Ҳамчунин, ин марди сахӣ дар барқарорсозии канали 50 солагии Тоҷикистон, ки дар деҳаи Сари Қоши Ҷамоати деҳоти Хумдон ҷойгир аст, иқдоми наҷибе нишон дода, тамоми теникаҳои заруриро таъмин намуд. Инчунин, ҳамасола ба 200 нафар оилаҳои камбизоат маводи ғизоии яквақтаина аз қабили орду равған ва шакар тақсим менамояд.  Дар кӯтоҳтарин муддат, дар як ноҳияи дурдаст бунёди чунин корхона ва ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани зиёда аз 20 нафар дарак аз рушди деҳотро  дода, ватандӯстии ин соҳибкори маҳаллӣ намунаи ибрат арзёбӣ мегардад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 487
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед