logo

туризм

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҚТИДОРҲОИ САЙЁҲӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар водии Рашт, ки дорои захираҳои бойи сайёҳист, зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсеа ёфтааст. Далели ин бунёди даҳҳо меҳмонхона, хостел ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ мебошад, ки ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони минтақаи дурдасти кӯҳӣ мусоидат менамояд. 
 
Ин нукта дар конфронси миллии сайёҳӣ, ки  дар мавзуи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар маркази ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт доир гардид, зикр шуд.
Дар конфронс, ки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродзода доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Рашт сухан гуфтанд.
Иштирокдорон масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар водии Рашт, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳа,  имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо обҳои зулолу мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳсорони пур аз ганҷ ва мардуми меҳмоннавоз ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ ривоҷ меёбанд, миёни ҷаҳонгардон маҳбубияти хосса пайдо намуда, сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеи зебоманзар беш аз пеш сафар мекунанд.
Инчунин, дар ноҳияи Лахш, ки яке аз мавзеъҳои мусоид барои рушди сайёҳии кӯҳнавардист, аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯйи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Таъкид гардид, ки табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад.
Дар водии Рашт ноҳияи Сангвор бо иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ аст. Маводи иттилоотии кумита низ маконҳои нотакрори минтақаро фаро гирифта, миёни дӯстдорони сайру саёҳат ба таври ройгон паҳн мешаванд.
Таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии водии Рашт ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Бо  мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар  бояд имконияту захираҳои сайёҳӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя  ва давлатҳое, ки дар бахши сайёҳӣ муваффақ гардидаанд, оқилонаю самаранок истифода шаванд.
Ёдрас мешавем, ки конфронси миллии сайёҳӣ дар доираи ифтитоҳи хатсайри сайёҳии Душанбе – Сангвор – Лахш – Рашт – Нуробод - Душанбе доир гардида, иштирокдорони он бо мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақа шинос гардиданд. 
Дар интиҳои ҳамоиш ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, аз номи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ сипосномаҳо тақдим гардиданд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»,
Душанбе-Рашт-Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 8022
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед