logo

Хабарҳо

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

13 октябри соли равон бори аввал дар «Гиме» – Осорхонаи санъати Шарқи пойтахти Фаронса - шаҳри Париж намоиши нигораҳои таърихии кишвари мо таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад. Дар намоиши мазкур 211 нигора: 70-то аз Осорхонаи миллӣ ва 140-тои дигар аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.  Бояд гуфт, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик нишон дода мешаванд. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо забонҳои гуногун намоиши филмҳои тоҷикӣ  ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон манзури бинандагон мегардад. 
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихиву фарҳангии худро борҳо дар осорхонаҳои калон, аз ҷумла дар кишварҳои Олмон ва Ҷопон ба намоиш гузоштааст. Вале, намоише бо чунин сатҳи баланд ва бо иштироки сарони кишварҳо бори аввал сурат хоҳад гирифт. 
Дар ҷаҳони муосир аз ҷониби миллатҳои соҳибтамаддун ҳифз намудани осори таърихӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён яке аз падидаҳои муҳим ба шумор меравад. Хусусан, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо гузаштаи пурғановати худ, мавҷудияти ёдгориҳо ва обидаҳои фарҳангии зиёд  миёни дигар қавму миллатҳо мақоми шоистаро касб кардааст. Тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои бумии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, тули таърихи хеш дар ташаккули фарҳанги моддӣ ва маънавии башарият нақши босазо гузоштаанд. Дар осорхонаҳои Тоҷикистон бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ ҳифз мешаванд, ки онҳо муаррифгари саҳифаҳои рангини таърихи халқи тоҷик мебошанд.
Намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки дар осорхонаи «Гиме»-и Париж ифтитоҳ мегардад, боз як мисоли равшани рушди равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса буда, ҳамзамон, намунаи ҳамкориҳои судманди осорхонаҳои ин ду кишвар дар самти ташкили намоишҳои мубодилавӣ мебошад. 
Хусусияти хоси ёдгориҳои ба маъраз гузошташуда дар он аст, ки онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд. Дар намоиш шоҳкориҳои беназир аз ёдгориҳои машҳури Тоҷикистон: Саразм, Тахти Сангин, Ҳулбук, дайри буддоии Аҷинатеппа ва дигар маконҳои таърихӣ пешниҳоди тамошогарон мегарданд. Экспонатҳои ба намоиш гузошташуда ва даврабандии таърихии онҳо фарогири ҳазорсолаи IV то милод ва асри X мелодӣ мебошанд. Айни замон, омодагӣ ҷиҳати баргузории ин намоиш аз ҷониби Тоҷикистон идома дорад.
Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки диққати на танҳо тамошогарон, балки муҳаққиқону таърихнигорон аз Ҷумҳурии Фаронса ва дигар кишварҳоро осори дар намоиш пешниҳодшуда ба худ ҷалб хоҳад намуд. Зеро аз тарафи бос-тоншиносони Фаронса чандин асарҳои тадқиқотӣ дар бораи таъриху фарҳанги тоҷик бо забонҳои фаронсавию англисӣ дар маҷаллаҳои аврупоӣ чоп гардиданд, ки ба воситаи онҳо ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик маълумот пайдо менамоянд.  
Мишел Тарран, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, зикр намуда буд:«Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме”-и Фаронса яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мебошад. Намоишгоҳ дар замони хеле мувофиқ баргузор мегардад, зеро ин муддат дар кишвари мо истироҳатҳои идона хеле зиёданд, ки сафи тамошогарони фаронсавӣ ва сайёҳони хориҷиро зиёд хоҳад кард».
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1173
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед