logo

иҷтимоиёт

ДАВОМИ ИДИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДАРВОЗ

Сафари ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо аҳли зиёи кишвар, ки гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳадафи худ қарор дода буд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Дар назди  "дарвозаи тиллоӣ"-и Бадахшон моро раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода ва ҳунармандони дойрабадасту сознавози хушчеҳра пешвоз гирифтанд.
 
ЗЕРИ ЧАНОРИ ҲАЗОРСОЛА
Ҳамсафарон нахуст аз он шод шуданд, ки роҳи байни ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз мумфарш гардида, мардуми ҳунарвари диёр атрофи чанори қадимиро дар қарибии бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо завқу салиқаи баланд бо девори пурнақшу нигори гаҷӣ оро дода, саҳнаи зебои консертӣ сохтаанд, ки намунааш дар кишвар кам ба чашм мерасад.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» меҳмони маҳфил буданд. Дар фазои кӯҳистон сурудҳои маъруфи «Қалъабандӣ» ва «Мустазод» садо дода, дар як лаҳза мардуми зиёдро ҷамъ овард. 
 
ШОДИИ БЕИНТИҲОИ КӮДАКОН
Фаъолтарин иштирокчиён ва раққосону ҳамовозони маҳфили зери чанор кӯдакони хушиқболи истиқлол буданд. Раиси ноҳия дар муроҷиат ба мардум ва меҳмонон изҳор дошт: «Ҳоли пуризтироби тифлони он сӯйи дарёи Панҷ, тифлони бехонумону гирёни Афғонистон ва кӯдакони хушбахту пурхандаи Тоҷикистон бори дигар  моро  ҳушдор  медиҳад,  ки  аз  ҳадиси  шукрона фаромӯш накунем, хидмату ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба озодӣ ва саодат ёд кунем, дуо кунем, ки Сарвари кишвар ба бахти миллат сарфарозу устувор бимонанд».
Аз  фараҳмандии  тифлон  ба  ваҷд  омада,  Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ гуфт: «Моро ин ҷо руҳи  пурфутуҳи Шириншоҳ Шоҳтемур ва бузургвории  фарзанди  баномуси  миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ овард. Агар Пешвои миллат занги оинаи таърихро намезудуду номи Шириншоҳ барин фидоии миллату давлатро зинда намекард, ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро арзонӣ намедошт, ин сафару ин озмуни бошукӯҳ баргузор намегардид».
 
"ШОМИ ШАНБЕ" НАМУНА БА ДИГАРОН
Ин консерти баёдмонданиро, ки омезиши нотакрори табиату инсон ва ҳунар аст, намунаи ибрате барои шуъбаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии дигар гуфтан равост. Ба ҳамаи мо равшан аст, ки фаъолияти аксари шуъбаву бахшҳои фарҳанги кишвар камрангу гоҳо нопайдост. Қасрҳои фарҳанг, театрҳои хурди мардумӣ, толорҳои барҳаво, боғу гулгаштҳои зебо, ки дар ҳама гӯшаву канори мамлакат бунёд ёфтаанд, бештари маврид холиянд. Аммо ҳунарварони Дарвоз шоми шанбеи ҳар ҳафта мардумро бо барномаҳои рангини фарҳангӣ фараҳу шодӣ мебахшанд ва рисолати худро дуруст ба субут мерасонанд. Ин ҳарфи мо хулосаи меҳмонону ҷоизадорони озмун аст, ки ба як овоз тасдиқи худро ёфт.
 
РУСТШАВАКОН ПАСИ «ДЕВОРИ ЗИНДА» 
Ҳар қадар ки базм метасфид, покӯбиву дастафшонӣ низ меафзуд, мардуме, ки ташнаи шеъру суруданд, гирди чанор ҷамъ меомаданд. Дар ҷӯшу хурӯши базм як гурӯҳ сарбозон бо сардорашон ба мо пайвастанд. Онҳо, ки муҳофизони оромишу осудагии халқанд, шабу рӯз дар сарҳади кишвар бедоранд, бо даъвати раиси ноҳия ба тамошои ганҷи ранҷи хеш омаданд. Яъне, бо чашми сар диданд, ки бедорхобиву зиракии ҳарбии онҳо чунин фазои хурраму хушро ба вуҷуд овардааст. Бавижа, вақте духтаракон рустшавакон мекарданду паси «девори зинда» - сафи сарбозон, муҳофизони худ пинҳон мешуданд, дили касро ифтихори беинтиҳо фаро мегирифт. 
 
ҲАР РӮЗИ ИМСОЛ ИД АСТ
Раиси ноҳия, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон, ҷоизадорону ғолибони озмун бо хушнудӣ изҳор доштанд: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама рӯзҳои соли 2021-ро, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, ҷашну сур маънидод карда, дар хитоб ба аҳли фарҳанг таъкид кардаанд: «Ҷашни истиқлол танҳо 9 сентябр нест, балки ҳар рӯзи ин соли ҳумоюн ид аст, бояд дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат иду базмҳои бошукӯҳ гузаронда шаванд».
Назри Яздонӣ ба мардум рӯ оварда, садо баланд кард: «Биёед, ҳамон ҳарфҳои пуртаъсиру муттаҳидкунандаи Пешвои миллатро якҷоя ҳамовозӣ мекунем: «Тоҷикистон, ба пеш! Тоҷикистон, ба пеш!»
Кӯдакони саодатманд, меҳмонон, падарону модарон ва сарбозон бо якдилӣ мегуфтанд: «Тоҷикистон, ба пеш! Тоҷикистон, ба пеш!»...
   
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2021    №: 203    Мутолиа карданд: 1364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед