logo

иҷтимоиёт

«МАРМАРӢ». ГӮШТИ АЪЛОСИФАТ – ОМИЛИ САЛОМАТӢ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар иртибот ба ин,  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорону сармоягузорон садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид месозанд, ки туфайли он сол ба сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. 

Дар баробари ин, эълон гардидани саноатисозии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва, дар ин замина, авҷ гирифтани бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахши хӯрокворӣ, бешубҳа, кишварро барои расидан ба яке аз мақсадҳои асосӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, наздиктар хоҳад кард.    

 
 
КАЛОНТАРИН КОМПЛЕКСИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
Дар доираи ин аҳдоф, 26 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Ёвон маҷмааи чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи чорводории гӯштии «Мармарӣ» дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад. Он барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал ба ферма 1500 сар чорво ворид гашт.
Гӯсолаҳо, ки аз Аврупо ба ин комплекси чорводорӣ ворид мешаванд, аз 6 то 10-моҳа буда, 250 – 300 килограмм вазн доранд. Дар 18-моҳагӣ вазни онҳо, тақрибан, ба 600 – 700 килограмм мерасад. Калонтарини чорвои зотии дар ин ферма парваришёбанда 850 килограмм вазн дорад.
Мизробиддин Нугманов, директори генералии ҶДММ «Мармарӣ», зимни суҳбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 молхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бо мавриди истифода қарор додани ширкати «Мармарӣ» зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
- Ҳамаи мутахассисони маҷмааи чорводорӣ хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, буда, дар Аврупо дар самти кишоварзӣ ва байторӣ курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Бо ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ният дорем, ки боз чанд нафари дигарро барои бозомӯзӣ ба мамлакатҳои Аврупо фиристем, - гуфт директори генералии ҶДММ “Мармарӣ”.
Бояд ёдрас шавем, ки зимни ифтитоҳи маҷмааи чорводорӣ Сарвари давлат иқдоми роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир, бешак, дар паст намудани арзиши аслии мол, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини аҳолии кишвар, махсусан сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, бо гӯшти хушсифат такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамзамон, Сарвари давлат чорводоронро барои афзун намудани саршумор бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
БАРТАРИҲОЕ, КИ  БОЯД ГУФТ
Ба гуфтаи Мизробиддин Нугманов, ҳадаф аз таъсиси маҷмааи чорводорӣ – ин таъмини шаҳрвандони мамлакат бо гӯшти аълосифати серғизо ва витаминҳои зарурӣ аст. Гӯшти чорвои зотие, ки дар ин комплекс парвариш меёбанд, нисбат ба дигар намудҳои гӯшт аз ҷиҳати сифат баланд буда, лаззати ба худ хос дорад. Инчунин, он нисбатан тез мепазад. Агар аз як гови маҳаллӣ то 50 – 60 дарсад гӯшти беустухон истеҳсол шавад, аз ин намуди буқаи зотӣ ин гуна гӯшт то 85 дарсадро ташкил медиҳад. Муштариён аз ҳисоби хариди гӯшти лаҳм бурд мекунанд. Агар сода карда гӯем, ҳангоми хариди 5 килограмм гӯшти чорвои зотӣ зиёда аз 4,5 килограмми он лаҳм аст. Ҳамаи хӯрокҳои чорво табиӣ буда, иловаҳои ГМО  надоранд. Баъзе фаҳмишҳо ҳаст, ки говҳои зотиро бо ГМО мепарваранд, аммо дар мо, хушбахтона, чунин нест. 
Агар дар таркиби хӯроки чорво 10 намуд элементи шифобахш мавҷуд бошад, ин навъи чорвои зотӣ то 8 навъи онро ба организм қабул мекунад. Маҳз ин омилҳо боиси хушсифат будани гӯшти маҷмааи мазкур мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ширкати «Мармарӣ» 8 зоти гуногуни чорво, аз ҷумла Абердин - ангусси сиёҳ ва сурх, Лимузин, Симменталӣ, Шароле, Герофордӣ, Кабуди белгиягӣ, Обрак, Қаҳваранги шветсӣ ва зотҳои омехта парвариш мегарданд. Ҳамаи зотҳои чорвои калони ба ҷамъият воридгашта аврупоӣ буда, ба шароит ва иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда, маҳсулнокиашон хеле зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1,5 килограмм вазн мегиранд.
 
ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕШРАФТАИ ДУНЁ
Носирҷон Сатторов, сарбайтори комплекси чорводорӣ, дар суҳбат гуфт, ки нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ мунтазам тавассути воситаҳои рақамӣ вазнкашии чорво гузаронда мешавад. Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ, усули нигоҳубини чорво тибқи меъёрҳои ветеринарию беҳдоштии макони баромади зотҳои чорво амалӣ гардида, ин раванд ба таври онлайнӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Искандар Музаффарзода, директори комплекси чорводорӣ, иброз дошт, ки ба маҷмаа аз масофаи 3 километр тавассути лӯлаҳои пластикӣ об оварда шуда, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ обнӯшакҳои муосир дар ҳар як молхона бо назардошти ҳаҷми зарурӣ ва таъминоти саривақтии чорво бо он васлу насб гардидаанд. Ҳамчунин, дар комплекси чорводорӣ ба хотири таъмини бехатарӣ 64 камераи назоратӣ насб шудааст.
Ба иттилои масъулон, маҷмааи чорводорӣ дорои 941 гектар замин буда, соли гузашта, дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва, дар маҷмуъ, 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира гардид. Барои кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил, инчунин, таъмини чорво бо хӯрок беш аз 20 техникаву таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз Олмон ворид шуд.
Тавре дар комплекси мазкур мушоҳида намудем, ширкат дар баробари ферма бо тамоми таҷҳизоташ, инчунин, дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидори он дар як соат як тоннаро ташкил медиҳад. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, омода кардани хӯроки омехтаи чорво пурра ба таври автоматӣ сурат мегирад.
 
ГӮШТИ «МАРМАРӢ»-РО АЗ «АШАН» ВА «ЁВАР» ДАСТРАС КУНЕД
Ба қавли Мизробиддин Нугманов, чорвои воридшуда аз 6 моҳ то 1 сол дар маҷмааи чорводорӣ парвариш ва пас аз расидан ба вазни муайян тавассути воситаи нақлиёти махсус ба забҳхона таҳвил дода мешавад. Забҳхонаи ҷамъият дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони зиёда аз 4 гектар доман паҳн мекунад. Иншооти мазкур пурра ба талаботи байторию беҳдоштӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити забҳи аз 25 то 30 сар чорво дар як вақт мебошад. Пас аз забҳ, маҳсулоти гӯштӣ дар озмоишгоҳи коргоҳ санҷида шуда, сипас, ба марказҳои савдо дастрас мешаванд. Дар коргоҳи забҳи чорво мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
- Айни замон гӯшти ин навъи чорвои зотӣ дар марказҳои савдои машҳури пойтахт – «Ашан» ва «Ёвар» ба фурӯш гузошта шудааст. Ҳамзамон, бо якчанд тарабхона дар пойтахти кишвар шартномаи ҳамкорӣ бастем, ки дар асоси он тибқи дархост ба онҳо чунин гӯшти аълосифат дастрас менамоем. Гӯшти истеҳсоли мо аз ҷониби сарошпазҳои тарабхонаҳо барои лазизиаш баҳои баландро сазовор шуд. Дар оянда нақша дорем, ки нуқтаҳои махсуси ҶДММ «Мармарӣ»-ро дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташкил намуда, маҳсулоти гӯштиро ба фурӯш барорем. Инчунин, оянда дар тобеияти комплекси чорводорӣ коргоҳи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти гӯштиро ба нақша гирифтаем, - гуфт Мизробиддин Нугманов.
 
«МАРМАРӢ» БО НАСЛИ ЧОРВОИ ХУДӢ ТАЪМИН МЕШАВАД
Ба иттилои роҳбарияти корхона, ҶДММ «Мармарӣ» ният дорад, ки  фаъолияташро тавсеа бахшида, маҷмааи парвариши модаговҳо дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалингро таъсис диҳад. Феълан, марҳилаи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо рафта истодааст, пасон дар муддати як сол коргоҳи нав ба истифода дода хоҳад шуд. Маҷмааи мазкур аз ҳашт ферма иборат хоҳад буд ва дар он 1600 сар модагови зотии наслдиҳанда аз давлатҳои Аврупо парвариш меёбад. Тибқи нақша, ҳар як ферма дар масоҳати 3-гектарӣ барои 200 сар чорво, аз ҷумла барои нигоҳдории буқаҳои зотӣ ҷиҳати гирифтани насл, молхона барои 120 сар чорво, молхона ва зоишгоҳ барои 80 сар чорво ва анборхона сохта мешавад.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки иқдоми мазкур имкон медиҳад, то комплекси чорводории ҶДММ «Мармарӣ» бо насли чорвои худӣ таъмин гардида, барои рушди саноати коркард ва хоҷагии халқ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.
Тибқи маълумот, майдони заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳҳои тобистонаи ноҳияи Ховалинг гузаронда мешавад.
 
ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ГӮШТИ МУРҒИ МАҲАЛЛӢ
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Мармарӣ» дар ихтиёраш ғайр аз комплекси чорводорӣ, корхонаи истеҳсоли равған низ дорад. Илова бар ин, фабрикаи парандапарварии ширкат, ки дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бунёд гардидааст, ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Он дар таъмини аҳолии кишвар ба гӯшти парҳезии мурғ саҳми арзишманд хоҳад гузошт.
28 август  дар  деҳоти  Себистони  ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.
Масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, дар Тоҷикистон калонтарин ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин, инфрасохтори муҳандисӣ бо назардошти талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ба истифода дода шуд.
Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толорҳои ҷевонҳои инкубатсионӣ ва ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, инчунин, ҳуҷраҳои эмгузаронӣ ва таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.
Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии «Мармарӣ» барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чӯҷаҳои боқимонда барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаи хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегардад.
Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардондашуда бо мақсади риояи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас шудааст.
Таҷҳизоти инкубатор ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «ИАЙ Фарминг» (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.
 
КАЛОНТАРИН КОМПЛЕКСИ МУРҒПАРВАРӢ ДАР КИШВАР
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.
Корхона бо мақсади амалигардонии иқдому нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  яъне расидан ба ҳадафҳои стратегӣ –  саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бунёд гардидааст.
Комплекси агросаноатӣ бо назардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
Ҳудуди мурғхона 22,75 гектарро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудаанд. Дар ҳар ферма то 30 ҳазор мурғ парвариш мешавад ва давраи он 45 рӯзро дар бар мегирад. Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш шавад.
Боиси тазаккур аст, ки барои бунёди корхона 104 миллион сомонӣ харҷ гардида, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 150 ҷойи кори нав таъсис ёфт. Аз ин шумора аксари мутахассисони касбии сатҳи олӣ ва кормандони қаториро шаҳрвандони кишвар дар бар мегирад.
Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва об таъмин гашта, роҳҳои он мутобиқ ба талаботи ҳозиразамон мумфарш шудааст.
Дар иншоот барои фаъолият мунтазами мурғхона тамоми шароитҳо фароҳаманд ва, ҳамзамон, беш аз 20 техника ва механизмҳои махсус истифода мегарданд. Баробари ба кор ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳтарини корӣ низ ташкил ёфтааст.    
Ҳамчунин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ, гирду атроф ва дохили мурғхона сабзкорӣ шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинондаанд.
 
ЗАБҲХОНАИ ЗАМОНАВӢ
Пасон дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии ҶДММ «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ карданд.
Он дар масоҳати 1,7 гектар доман густурда, аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Инчунин, дар ҳудуди забҳхона бо риояи талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, корезӣ ва селпарто, бунёд шудааст. 
Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад. Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишварҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харид гашта, асбобҳои забҳкунанда аз пӯлоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода гардидаанд.
Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил шудааст, ки дар рафти забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯйи сифат, намуд, андоза ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ назорату корбариро ба роҳ мондааст. 
 
САРДХОНА – ОМИЛИ ДИГАРИ МУҲИМ 
Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти бандубастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой мегиранд. Дар забҳхона сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардида, айни замон дар кишвар беназир ба ҳисоб меравад. Он дар ҳарорати 40 дараҷа сардӣ фаъолият намуда, 3 ҳазор килограмм гӯшти парандаро дар 1 соат то 18 дараҷа хунук менамояд. 
Ин таҷҳизот имкон фароҳам меорад, ки гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро гум накунад, зеро дар муддати кӯтоҳ ях кунонда мешавад. Бартарияти таҷҳизоти мазкур дар он аст, ки пурра ба таври автоматӣ фаъолият мекунад.
Баъд аз анҷоми раванди истеҳсолот маҳсулоти тайёри ниҳоӣ дар 2 сардхона-анбор, ки ҳарорати дохили онҳо 18 дараҷа сард мебошад, то ба фурӯш баровардан, нигоҳдорӣ мегарданд.
Иқтидори се сардхона-анбори  забҳхона 10, 150 ва 300 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо маҳсулот муддати дароз аз рӯйи меъёрҳо нигоҳдорӣ мешавад. Барои фаъолияти мунтазами забҳхона беш аз 15 техника ва механизмҳои махсус кор фармуда мешаванд, ки меҳнати кормандонро сабуктар менамояд.
Ҳаҷми умумии маблағи бунёди забҳхона 51 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи фаъолияти забҳхона 100 ҷойи кории нав таъсис ёфт.
 
ҲАДАФ – ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҒИЗОИ ХУШСИФАТ
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ «Мармарӣ» идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд гардидааст.
Ин тадбир, ҳамчунин, ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ амалӣ шуд.
Бо бунёди Комплекси агросаноатии мурғпарварии «Мармарӣ» дар ноҳияи Данғара ва забҳхонаи он дар шаҳри Душанбе 250 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
 
ОЯНДА ПУРСАМАР ХОҲАД БУД
Фаъолияти ояндаи ҶДММ «Мармарӣ»-ро бо бовари комил метавон пурсамар ва дурахшон унвон кард. Дур нест он рӯз, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолкардаи ин ширкат боиси фаровонии бозори дохилӣ гашта, пеши роҳи воридоти маҳсулоти хориҷиро мегирад. Зеро заҳмати масъу-лони он далели бебаҳси муваффақияти ин ширкати ватанӣ мебошад. 

Лашкар ШАРИФЗОДА,
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2021    №: 203    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед