logo

иқтисод

МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ БМТ БО МУДИРИ ИҶРОИЯИ ХБА

Чанде пеш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Пётр Трабински, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод. Вохӯрии мазкур бо ширкати раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои калидии БМТ баргузор гардид.

Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Пётр Трабински, ки роҳбарии Гурӯҳи кишварҳои узви электоратро ба уҳда дошта, манфиат ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ХБА муаррифӣ менамояд, арзи сипос намуд.
Зикр гардид, ки паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар бисёр мамолики олам, аз ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон, ба нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат бетаъсир намонд. Дар ин росто дастгирии буҷети кишвар дар доираи Механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби ХБА, яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёт, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад.
Бонки миллӣ ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуда, новобаста аз маҳдудиятҳои бо пандемияи COVID-19 алоқаманд ва афзоиши фишорҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар дар соли 2020 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд. Ҳоким Холиқзода барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, барои мусоидати ХБА ҷиҳати тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.
Дар мулоқоти корӣ масъалаи татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сиёсати фискалӣ, пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии кишвар, тадбирҳои амалишударо  баҳри бартараф кардани оқибатҳои он бо истифода аз тамоми имкониятҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Пётр Трабински, ки бори нахуст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, аз пазироии самимӣ ва пешниҳоди маълумоти мушаххас ба роҳбарияти БМТ изҳори сипос карда,  барои густариш додани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро баён намуд. 
Ҳамзамон, мудири иҷроияи ХБА барои баррасӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, институтҳои байналмилалӣ даъват  кард. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2021    №: 203    Мутолиа карданд: 1990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед