logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. СОҲИБКОРИ МАҲАЛЛӢ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ СОХТ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо соҳибкорони  маҳаллӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба истифода супурд.

Чунин як иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла майдончаи варзиши хуштарҳу замонавии хурди футбол, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳофизи Бобоназар дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффор сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, боиси хурсандии наврасону ҷавонони деҳа гашт. Майдончаи варзиш бо тамоми шароитҳои муосир сохта шуда, дар гирду атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғҳои равшандиҳанда насб гардидаанд. Майдонча дар масоҳати 10 садяк замин бо маблағи 335 ҳазор сомонӣ сохта шуд. 
Соҳибкори маҳаллӣ Ҳофизи Бобоназар ҳангоми суҳбат гуфт: "Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯз соҳаи варзиш зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ садҳо толору майдонҳои варзиш сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин дар оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамоянд". 
- Мо - соҳибкорони маҳаллӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, тасмим гирифтем, ки ҳамроҳи бародарон дар деҳаи худ як майдончаи варзиши хурди футбол созем, то он миёни ҷавонону наврасон рушд кунад. Дар деҳаи Маҳамадалӣ Ғаффор то имрӯз чунин майдончаи хуштарҳу замонавӣ вуҷуд надошт. Ҷавонон дар як майдони пур аз чангу хок футбол мекарданд, ки умуман ба талабот ҷавобгӯ набуд. Имрӯз бошад бо кушода шудани чунин як майдончаи варзиш хурсандии онҳо  ҳадду канор надорад, - гуфт ӯ.   
Иқдоми пешгирифтаи соҳибкори маҳаллӣ лоиқи таҳсин буда, дар оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон саҳми беандоза дорад. Соҳибкор, ҳамчунин, нақша дорад, ки дар солҳои оянда дар назди майдончаи варзиш боз як толори варзишии болопӯшида барои машқу тамрини ҷавонон бо тамоми шароитҳои замонавӣ бунёд намояд.  
Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2021    №: 203    Мутолиа карданд: 1421
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед