logo

сиёсат

ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ОИД БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

12 октябр дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакаларо  ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору вохӯрӣ изҳори сипос карда, хонум Тери Ҳакаларо барои таъин шуданаш ба вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд.
 Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, изҳори қаноатмандӣ шуд. Дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкориҳои бомуваффақияти сохторҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ёдоварӣ шуд.
Таъкид гашт, ки робитаҳо дар доираи Муколамаи сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният, инчунин, вохӯрии қарибулвуқуи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе метавонад ба таҳкими ҳамкориҳо такони нав бахшад.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои рушду густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ омода аст.
Кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумита оид ба ҳамкорӣ майдони мусоид барои баррасии масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ номида шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.
Дар мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин, ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният, изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Ҳангоми баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир гашт.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала нақши боризи Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаккули “иқтисоди сабз” баланд арзёбӣ карда, барои минбаъд низ дастгирӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед