logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» ВА ОЗМУНИ ҒУРУРУ ИФТИХОР

Сокинони сарбаланди кишвари азизамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои таъмини зиндагии шоиста ва расидан ба ҳадафҳои бузурги миллии хеш, таҳкими ваҳдати комил пайваста талош меварзанд, зеро дар марҳалаи пурҳаводису таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳифзу гиромидошти ваҳдат, суботу оромӣ, ягонагӣ, иттиҳод, якпорчагӣ, дӯстиву рафоқату ҳамдилӣ, ки аз рисолати аслии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, бояд ҳамаҷониба ривоҷ ва чун гавҳараки чашм ҳифз  шавад. 
 
Дар ин робита, иқдоми роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар заминаи аз дидгоҳи ибратомӯзӣ рӯ овардан ва сабақ гирифтан аз гузаштаи таърихӣ, нашри маводу мақолаҳо оид ба рӯзгору осори шахсиятҳои барҷаставу хизматнишондода, роҳандозӣ намудани озмуну нишастҳои мухталиф, ки солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, падидаи тоза, қобили таваҷҷуҳ ва шоистаи дастгирӣ мебошад. Дар чанд соли охир, роҳандозӣ гардидани силсилаи тадбирҳои бесобиқа, аз ҷумла озмунҳои бузургдошти қаҳрамонҳои Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва чандин ибтикороти дигар, ки ба хотири ташвиқу тарғиби ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва тақвияти ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҳамватанон, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум ва маҷмуан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию ватандорӣ амалӣ мегарданд, маҳбубияти рӯзномаи бонуфузи “Ҷумҳурият”-ро дар байни хонандагон боз ҳам бештар намуд.    
Озмуни навбатии “Ҷумҳурият” дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур имконият фароҳам овард, ки аҳли қалам бори дигар ба паҳлуҳои мухталифи рӯзгору фаъолияти ин фарзанди далеру шуҷои Ватани азизамон бо дидаи ибратомӯзӣ нигариста, аз ҳаёти хеле кӯтоҳ, пурфоҷиа, вале пур аз ифтихори ӯ ба ҳамватанон ва хонандагон матлабҳои тоза пешниҳод намоянд. Ҳаким Саноии Ғазнавӣ мегӯяд:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон, ё ақиқ андар Яман.
 
Воқеан ҳам, Шириншоҳ Шоҳтемур тимсоли ҳамон лаълест, ки дар таҳти Офтоби меҳру муҳаббат ва заҳмати мардуми Бадахшон шакл гирифт ва ба номи худ муҳри ҷовидонӣ бахшид. Зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур намунаи зиндагии як нафар фарзанди ватандӯст ва шарафмандест, ки тавонист бо сари баланд зиста рисолати хешро дар ҷомеа анҷом диҳад. Ҳарчанд риштаи умри ӯ дар айни шукуфоӣ бо туҳмату хиёнату разолати нотавонбинон гусаст, вале кору пайкор ва номи неки ӯ дар саҳифаҳои таърихи миллати сарбаланди тоҷик ҷовидона сабт гардидааст.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар гузашта ва имрӯз низ бо номҳои шукӯҳманди “Бадахшон” ва “Помир” шуҳрат дорад, сарзамини мардони сарбаланд, меҳмоннавоз, меҳанпараст, ватани кӯҳҳои сар ба фалаккашида мебошад. Ин минтақа дар вуҷуди хеш бузургтарин ёдгориҳои таърихӣ, хосса шохаҳои куҳани забонҳои помириро ба унвони рукни муҳими давлатдорӣ ҳифз намуда, баёнгари яке аз сарзаминҳои куҳани кишвари азизи мо будани Бадахшон  мебошад. 
Гузашта аз ин, маъруфияти лаъли Бадахшон, ки дар сарчашмаҳои илмию таърихӣ ба он ишорат шуда, дар осори адабию бадеӣ рамзи бебаҳоӣ, гаронарзиш будан, беназирӣ, нотакрориро ифода мекунад, ин сарзамини куҳанбунёдро дар саросари олам чун манбаи муҳими захираҳои табииву фарҳангӣ муаррифӣ карда, табиати нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯсу баландқомат ин пораи хоки Тоҷикистони азизи моро бо номи “Боми ҷаҳон” машҳури олам намудааст. Дар синаҳои пур аз ганҷи Бадахшон лаъли дигаре бо номи Носири Хусрав нуҳуфта аст, ки бо осори гаронарзишу пурҳикмати худ олмаиёнро тасхир кардааст.   
Мардуми ин сарзамини аҷдодӣ дар даврони мавҷудияти хеш бо санъат ва ҳунарҳои миллии хоса имтиёз намуда, чеҳраҳои бузурги ҳунари ин диёри покманзар ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландии сокинони Тоҷикистон будаанд. Ин ҷо метавон номи устодони бузурги сухан Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров, Тилло Пулодӣ, Нодир Шанбезода, Амонбек Шоҳзода, Султон Шоҳзода, Ширин Бунёд ва чандин нафарони дигарро, ки имкони овардани номи ҳар кадоми онҳоро надорем, зикр намуд, ки осорашон намунаҳои барҷастаи адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб рафта, барои тарбияи маънавии мардуми саросари Тоҷикистон нақши арзанда мегузоранд.
Гузашта аз ин, ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ғуломалӣ Ғуломҳайдаров, Гурминҷ Завқибеков, Майсара Дилдорова, Нуқра Раҳматова, Хушбахт Хушвақтов, Улфатмо Мамаданбарова, Далер Назаров, Соҳиба Давлатшоева, Моҳҷон Назардодова, Бегимсултон Алифбекова, Маҳингул Назаршоева, Бахтибегим Орифова, Оят Сабзалиева, Соро ва Саврӣ Сабзалиеваҳо, Зарагул Искандарова ва дигаронро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки воқеан, адабиёту санъати миллии моро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар ҳам машҳуру маъруф кардаанд. 
Барои банда боиси ифтихори бузург аст, ки дар маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни Наш-рияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ширкат намудам. Ин сафари аввалини ман ва ҳамсафари дигарам аз вилояти Суғд номзади илмҳои филология, адабиётшиноси варзида Маҳмадшо Маҳмадшоев ба Бадахшон буд ва таассуроте, ки зимни сафар ба ин гӯшаи зебоманзар, афсонавӣ ва нотакрори Ватани азизамон бардоштем, воқеан, фаромӯшнопазир ва беназир буд. Пазироии пур аз муҳаббати сокинон ва дидани манзараҳои муъҷизаосои Дарвоз, ки аввалин ноҳия дар самти Бадахшон аст, байти маъруфи “Ба як сӯ пухта себу як сӯ гелос, аҷаб фаслест тобистони Дарвоз”-и Абдусалом Деҳотиро бори дигар ба хотирамон овард. Пазироӣ дар ноҳияи Рӯшон, боздид аз осорхонаи Носири Хусрав ва об нӯшидан аз “Чашмаи Шоҳ Носир” дар Шуғнон, шиносоӣ бо хонаи суннатии помирӣ, боздид аз хона - осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ҷамъбасти озмун дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, шоми фарҳангӣ ҳамагӣ аз меҳру муҳаббат ва самимияту садоқати мардум, суннату оинҳои куҳан ва фарҳанги ғании ин сарзамин ҳикоят мекарданд, ки тафсилоти он дар ин навиштаи кӯтоҳ имкон надорад.     
Ба шарофати озмуни мазкур олимону шоирон, нависандагон ва рӯзноманигорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар дар ин макони таърихӣ гирд омаданд, ки худ як навъ ваҳдати аҳли қалам ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, баргузории озмуни бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур агар аз як тараф дар таҳкими пайвандҳои маънавии аҳли қалами минтақаҳои гуногуни кишварамон нақши равшан гузошта бошад, аз ҷониби дигар имкон фароҳам овард, ки дар муддати эълон гардидани озмуни мазкур садҳо ҳазор хонандагон тавассути мақолоти дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба нашр расида, аз паҳлуҳои мухталифу номакшуфи зиндагинома, заҳмату талош, хизматҳои арзанда ва ҷоннисориҳои Ш. Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони ӯ, ки барои бунёди давлати тоҷикон ҷони хешро фидо намудаанд, огоҳ шаванд. Ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон  Назри  Яздонӣ,  муҳаққиқи  рӯзгору   фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илми таърих Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва муҳаққиқ Носирҷон Маъмурзода, адиб ва рӯзноманигор Амир Сайиди Мункӣ, Ҳотами Ҳомид, адибони Бадахшон Раҳмони Гулзор ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва чандин нафарони дигар ба чорабиниҳо шукӯҳи бештаре бахшида, барои огоҳ гардидани аҳли қалами минтақаҳои гуногун аз таълифоти ҳамдигар, таҳкими робитаҳои адабӣ ва муносибатҳои дӯстона мусоидат намуд.   
Сафар ба Бадахшон боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки озмуни мазкур пас аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми Бадахшон чун сокинони дигари кишвари азизамон ба ин санаи ҳумоюн ва муборак омодагии ҳаматарафа дида, онро дар сатҳи баланду шукӯҳманд истиқбол гирифтанд, рост омад. Пешвои муаззами  миллат дар мулоқот бо сокинони Дарвозу Ванҷ ба меҳмоннавозӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии мардуми Бадахшон хеле бамаврид ишора намуданд. Ҳамин хислатҳои наҷиби мардуми Бадахшонро мо ҳам дар Дарвоз, ҳам дар Рӯшон ва ҳам дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ хеле хуб мушоҳида намудем. Пешвозгириҳои самимӣ, шодию хурсандӣ, муҳаббату садоқат ба арзишҳои миллиро дар ҳар каломи ин мардум эҳсос мекардем. Зеро, моро дар ин макони таърихӣ – Бадахшони пуровоза фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷамъ овард, ки умри кӯтоҳ, вале гаронмояи хешро барои таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистон фидо намуд. 
Дар шароити ҷаҳони имрӯз, ки масъалаҳои амният, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо кардааст, хизматҳои мондагору таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони ӯ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошт ва маърифати мафҳумҳои Ватан, миллат, истиқлол, сулҳу субот ва амният ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ арзиши бештаре касб кардааст. Рисолати омӯзиш ва тарғибу ташвиқи корнамоиҳои фарзандони барӯманди миллат, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи ормонҳои миллату давлат, ки дар чунин иқдомҳои наҷибу ватандӯстонаи роҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ифода ёфтааст, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум заминаи қавӣ мегузорад. 
 
Тоҷибой СУЛТОНӢ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед