logo

иҷтимоиёт

ЧУ НАВ КАРДӢ НАВОИ МЕҲРГОНӢ, БИБУРДӢ ҲУШИ ХАЛҚ АЗ МЕҲРУБОНӢ

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замонҳои дуродури таърих манша мегирад. 
 
Ин ид дар радифи Садаю Наврӯзу Тиргон яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон, ки онро кишоварзон дар давраи баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ барои ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парвардаи хеш ҷашн мегирифтанд. Сарфи назар гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Меҳргон ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои бостонӣ ва инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсониятро дар давраҳои гуногун ба ҳам овардааст.
Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои идҳоро аҳли башар бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумимиллӣ меҳисобанд.
Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб ибрози назар намудаанд. Тибқи навиштаҳои онон Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум,  хони  пурнозу  неъмат,  қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони фарҳанги ниёгони мост. Дар осори бузургони илму адаби ниёгонамон – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунию Умари Хайём, Фаррухию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷӯшон аз расму оин, шукӯҳу шаҳомат ва иззату шуҳрати он маълумоти арзишманде медиҳанд.
Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории милодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии Офтоб, коҳиши нумӯи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он шаш рӯз идома меёфтааст.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон дар давоми сол, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи ин ҷашни бузург чунин иброз доштаанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи марди деҳқон мебошад. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз сарулибоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамудаанд. Суфраи Ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ҳар сол бо назардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар идгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзавот, мураббову шириниҳо, шарбату оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд. 
Яке аз оинҳои ҷашни миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ  ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият аз соли гузашта мебошад. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз Меҳргон то Меҳргон фаъолияти пурсамар намуда, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, олимони АИКТ ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи нави зироатҳои серҳосили кишоварзиро барои омӯзишу минтақабобгардонӣ супурданд. Ҳоло татбиқи дастовардҳои илмӣ васеъ гардида, кишти навъҳои зироатҳои офаридаи олимон мутаносибан аз 45 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро  дар бар мегирад.
Дар зерташкилотҳои АИКТ зиёда аз 2,5 ҳазор тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва зиёда аз 150 ҳазор воя ваксинаю доруҳои химиотерапевтии байторӣ истеҳсол гардида, ба хоҷагидорон дастрас шуданд.
Олимони муассисаҳои АИКТ дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 30 патенту шаҳодатномаҳои ихтироот гардиданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба масоили ҳалталаби рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси олимони Академия зиёда аз 40 семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ баргузор гаштанд.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик шукрона аз истиқлолу сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ намуда, ҳар порча замини зархези диёри биҳиштосоямонро самараноку оқилона истифода мебаранд. Он заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо тавсияи судманди олимону мутахассисони соҳа давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнда истодаанд, ки барои рушди муттасили соҳа мусоидат доранд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, баргузории чунин ҷашнҳо танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар гуна ҷашну санаҳои муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои ояндаи нек таҳрик созад. 
 
 
Нуралӣ  АСОЗОДА, президенти АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 463
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед