logo

иҷтимоиёт

АЗ РИСОЛАТ ТО МАСЪУЛИЯТ

 
Дар ягон кишвари ҷаҳон, ҳатто мамолики мутамаддину пешрафта, хоса Россия, Фаронса ва Италия ҳам ду театри  академии опера ва балет вуҷуд надорад. Дар кишвари мо ва кишварҳои ҳамсоя низ як чунин театр фаъолият мекунад. Ҳар қадр озмунҳое миёни театрҳо дар фосилаҳои муайян агар баргузор мегарданд, дар байни театрҳои драмавӣ сурат мегиранд. Албатта, ин хуб аст. Ба ин васила, театрҳои драмавӣ махсус омада мешаванд, дар фаъолияти эҷодӣ масъулияти бештар эҳсос мекунанд, бо баргузории рақобатҳои солим ва саъю талошҳои муфид пеш мераванд, аз ҳамдигар барои рушду такомули ҳунар ва сайқали маҳорат меомӯзанд. 
Ин гуна озмунҳо, ҳамзамон, як навъ имтиҳони ҷиддии театрҳо маҳсуб мешаванд ва мавқеъву пешрафти онҳоро муайян месозанд. Илова ба ин ҳама, шахсони соҳибистеъдодро ба воя мерасонанду муаррифӣ месозанд. Ҳамзамон, барои дастовардҳо ҳавасманд гардонда мешаванд. Азбаски жанр дар ин маврид як аст ва як самти муайянро ташкил медиҳанд, ҳакамон, мутахассисони соҳа дар қиёс аз ҳунарнамоӣ, заҳматҳои эҷодӣ хулоса бароварда, баҳогузорӣ карда метавонанд. Инчунин, имкон фароҳам меояд, ки ин ё он театр нисбат ба солҳои қаблӣ ва иштирок дар озмунҳо пеш рафтааст ва ё рӯ ба таназул овардааст. Агар рӯ ба таназзул оварда, масъулон, мутахассисони соҳа зуд тадбирандешӣ мекунанд, сабабҳои қафоравиро муайян менамоянд.
Мутаассифона, театри опера ва балет ин гуна имкониятро касб карда наметавонад. Чаро? Чунки он ягона аст. Ба ин хотир, дар тамоми дунё чун расм ва ҳатто талабот муайян гардидаву қабул шуда, ки аз тамоми ҷаҳон мутахассисону ҳунармандони ҳирфавию шинохтаро даъват бикунанд. Дар ин маврид, албатта,  талаботи онҳо ба инобат гирифта мешаванд ва барои фаъолияти чашмраси эҷодӣ ҳамаи имконро фароҳам меоваранд. Ба ин васила аз дастовардҳои муҳиму шуҳратёфтаи ҷаҳон огоҳӣ пайдо мекунанд. Инчунин, бо гузоштани намоишномаҳои наву дар сатҳи ҷаҳонӣ қарордошта театрро муаррифии бештару беҳтар менамоянд. Ба ин хотир, тамошобин ҳам ба театр ҷалб мегардад. Ба чунин иқдоми маъмулӣ рӯ овардани театрҳои опера ва балет ногузир аст. Оре, агар мехоҳанд, ки театр пешрафт дошта бошад, сол ба сол тараққӣ бикунад, ба дигар кишварҳои олам бо ҷасорат сафарҳои эҷодӣ намоянду кишварро ҳамчун кишвари мутамаддину пешрафта дуруст муаррифӣ бикунад.
Маврид ба зикр аст, ки солҳое, ки сарварии ин ягона театри кишварро ба уҳда доштам, аз хориҷи кишвар мутахассисону ҳунармандонро даъват мекардем. Хушбахтона, сиёсати фарҳангии мо дар ин маврид қобили тавсифу сипосгузорӣ аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба пешрафту рушду такомули ин театр таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданду менамоянд. Ҳатто дар солҳое, ки кишвар ҳанӯз ба сулҳи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ  нарасида буд, имкони иқтисодӣ мавҷуд набуд, барои иштироки аҳли эҷоди театр дар озмуни байналмилалии хорсароён имкон фароҳам оварданд. Маълум аст, ки бо ин ҳайати калони ҳунармандон, махсусан дар он рӯзгор, ба Анкараи Туркия сафар кардан, ҳаргиз осон набуд. Дар миёни 39 давлати пешрафтаи дунё ғолиб омадан дар озмун коре буд душвор. Тааҷҷуб мекарданд, ки ин кишвари ҷангзада, яъне Тоҷикистон чӣ гуна тавониста, ба рушди ин соҳаи мураккаб ва иштироки фаъолона дар озмун даст ёбад. Мо дар ин маврид изҳор медоштем, ки Сарвари ғамхору фарҳангдӯст дорем. Ҳамин тавр, бо имкониятҳои зиёде, ки Пешвои  миллат барои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фароҳам оварда буданд, тавонистем, ки мутахассисони асилро аз хориҷи кишвар даъват бинамоем, фаъолияти муфиду чашмрас дошта бошем. Дар баробари ин, ҳунармандони театр низ дар намоишҳо ширкат меварзиданд. Онҳо ҳам бо маоши баланд ва шароитҳои мусоиди зиндагиву эҷодӣ таъмин мегаштанд.
Хушбахтона, маъмурияти имрӯзаи театр, ки аз пешрафтҳои ҳампешагони худ дар ҷаҳон ва мусиқии касбӣ воқифанду талаботро медонанд, ин иқдомро бештару беҳтар идома дода истодаанд. Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ин гуна иқдомҳоро хуш пазируфтаанду дар оянда низ мепазиранд. Барои ин кор маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд. Албатта, осон нест таъмини ин мутахассисону ҳунармандон бо маоши баланд, ҷойи зист, фароҳамоварии имконоти эҷодӣ ва зиндагӣ вобаста ба меъёру талаботи ҷаҳонӣ, аммо зарур мебошад. Ҳамаи театрҳои опера ва балети ҷаҳон ба ин васила арзи ҳастӣ кардаанду пеш рафтаанду дар дунё эътироф шудаанд. Мавҷудияти ин мутахассисон, ҳунармандон барои тоза шудани ҳавои театр, агар ҳамин гуна гуфтан мумкин бошад, сайқали маҳорати ҳунармандони мавҷудаи театр, саъю талош, такмилу сайқали донишу маҳорат ва рушду пешрафти бештару беҳтари театр, сафарҳои эҷодии муваффақона дар тамоми шаҳру кишварҳои ҷаҳон ногузир аст. Шояд ин гуна фаъолияти маъмурияти театрҳо ба баъзе аз ҳунармандони бумӣ писанд наояд, аммо бояд онро бипазиранд. Албатта, ба ин гуна иқдомҳои нек нафароне зид мебароянд, ки барояшон такмили донишу сайқали маҳорат дар синну солҳои муайян мушкил меафтад. Ва ё барои рушди ҳунару  шахсияташон саъю кӯшиш намекунанд. Бояд зикр кард, ки дар баъзе аз театрҳои пешрафтаи ҷаҳон танҳо ҳайати хидматрасонӣ сокинони бумӣ маҳсуб мешаванд. Ҳунармандонро аз дигар кишварҳо ба тариқи шартнома даъват менамоянд. Ин ҳунармандон бо анҷоми вазифаву рисолаташон мераванд ва боз дигар ҳунармандонро даъват мекунанд. Дар мавриди мазкур касе аксуламал нишон намедиҳад, баръакс, онро  хуш қабул мекунад. Аз ин ҳунармандон мактабҳои соҳавӣ низ хуш истиқбол ва дарсҳои маҳоратро бо иштирокашон ташкил менамоянд. Дигар мутахассисони бумӣ ва ҳунармандони оянда, саъй ба харҷ медиҳанд, ки то ба сатҳи онҳо худро омода бисозанд.
Ҳолиё, ки маъмурияти нави театр ин иқдомро идома дода истодааст, ба манфиати ин даргоҳи ҳунарӣ ва кишвар мебошад. Бояд иқрор бишавем, ки мо дар ин рӯзгор бо ин гуна ҳунарнамоӣ ва имконот талаботи ҷаҳониро ҷавобгӯ нестем. Кӣ аст? Наметавон якеро ном бурд: на як солист, на як балерину балерина, на як дирижёр, на як навозандаи виртуоз. Дар мавриди оркестри симфонӣ, албатта, ҷойи гап ҳам нест. Бо ин гуна ҳайат чӣ гуна метавон барои сафари эҷодӣ ба дигар кишварҳо рафт? Не, ба яқин, наметавон. Бо ин ҳайат ва ҳунарнамоӣ ба ҳоли мову театрамон механданд. Ҳатто якеро ҳам: чи дирижёр, чи солист, чи балерину балерина ва чи навозандаро кишварҳои пешрафта барои фаъолият дар театри опера ва балеташон даъват наменамоянд. Аз ин ҳама метавон ба хулоса омад, ки мусиқии касбиамон дар кадом сатҳ қарор дорад.
Бешак, метавон аз ин ҳолат баромад ва соҳаро пешрафта намуд. Бо кадом роҳ? Ҳамон роҳи маъмулӣ: ҷалбу истифодаи мутахассисону ҳунармандони варзидаву шинохтаи ҷаҳонӣ. Ҳолиё, мутаассифона, мо танҳо дар бораи харҷашон меандешем. Дар мавриди нафъашону воридоти маблағҳояшон камтар фикр мекунем. Ҳол он ки бо таҳияи намоишномаҳои нав, сафарҳои эҷодияшон дар кишвар ва дигар шаҳрҳои мамолики ҷаҳон метавон нафъу даромади пулиро соҳиб гардид, буҷети театру давлатро ғанӣ гардонд.
Бояд изҳор бидорам, ки дар тамоми дунё панҷоҳ дар сади буҷети ин гуна театрҳо барои даъвати мутахассисону ҳунармандони варзидаву шинохтаи ҷаҳон ҷудо гардидааст, дар мо низ, албатта. Яъне, ин масъала ҳаргиз, дар ҳеҷ куҷо аз мадди назар дур набуду нест.
Тавре зикр гардид, иқдомҳои роҳбари нави театр Камолиддин Сайфиддинов, фарзанди композитори маҳбубу маъруфи мо, шодравон Шарофиддин Сайфиддинов, боиси дастгирӣ ва умедворкунанда мебошанд. Вақте ман хабардор шудам, ки ба театр чеҳраҳои маъруфу машҳури ҷаҳониро, аз қабили балетмейстерон Сергей Райник, Фаррух Рӯзиматов, сарояндаи опера Маргарита Мартинова (Россия), Равшан Чориев (Ӯзбекистон), дирижёр Делфов Меникуччи, сарояндаи опера Валерия Мела (Италия), солисткаи балет Аяри Сибасики (Япония), пианинонавози сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар даҳгонаи мутрибони беҳтарин ворид аст Франсуа Шаплен (Франсия) ва дигаронро даъват кардааст, бисёр шод гардидам ва ба пешравии кории эҷодии театр умеди бештар бастам. Дар нақша даъвати дигар мутахассисону ҳунармандон мебошад. Ин кор танҳову танҳо ба нафъи театр, ҳунармандони он, мутахассисони оянда ва кишвар аст. Бешак, на ҳар роҳбари театр ба чунин иқдоми зарурӣ рӯ меорад ва ҳам даъвати  роҳбарро ин гуна шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ хуш мепазиранд.
Хулоса, ин кор, яъне даъвати мутахассисону ҳунармандони варзидаву сатҳи ҷаҳонӣ, бояд ба як амру талаботи муқаррарӣ қабул ва дониста шавад. Он сатҳи мусиқифаҳмии шунаванда ва маҳорати касбии ҳунармандони театрро ҳатман баланд  мебардорад. Барои даъвати онҳо ва ба саҳна гузоштани  намоишномаҳо  ҳеҷ  гуна маблағро дареғ надорем. Дар сурати фаъолияти чашмрас ва густурда театр ин маблағҳои сарфгардидаро талофӣ карда, ҳатто нафъ дида метавонад.
Ба василаи хидматҳои шоистаи онҳо, театр бо баргузории намоишҳо дар шаҳру кишварҳои ҷаҳон миллату давлатро муаррифии бештару беҳтар карда метавонад. Аз ин рӯ, ҳамаи масъулони соҳа, мутахассисону ҳунармандон дар иҷрои ин гуна тадбирҳои нек ҳатман саҳми чашмрас бигиранд ва иқдомҳои шоиста, дастовардҳоро саривақту дуруст муаррифӣ бинамоянд.
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 
узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 530
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед