logo

иҷтимоиёт

“ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ”. САҲИФАЕ АЗ ТАЛОШҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ҲИФЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Асари арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат» оинаест, ки роҳи тайкардаи забони тоҷикиро тули таърих нишон медиҳад. Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ аз чанд зовия менигаранд ва дар боби VIII доир ба вазъи он дар ибтидои асри XX маълумоти судманди фаровоне медиҳанд.
 
Мутолиаи ин бахши китоб хонандаро бо талошу такопӯи як зумра зиёиён барои рушди забони адабӣ дар давраи басо душвори таърих ошно месозад. Пайдост, ки шаҳомату ғановати таърихии забони тоҷикӣ ба дили иддае ваҳшат андохта буд, зеро медонистанд, ки ин гавҳар аслу ҳастии миллат аст. Бинобар ин, аввали асри ХХ барои камнуфус нишон додани тоҷикон аз муомилоту коргузорӣ забони тоҷикиро гирифтанд, вале бо ин ҳама натавонистанд онро аз дили мардум гиранд. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ягона василаи баёни фикр боқӣ монд...  
Аз саҳифаҳои китоб дармеёбем, ки ташкили аввалин рӯзномаву ҳафтаворҳои оммавӣ, мактабҳои усули ҷадид ва, умуман, тағйир ёфтани зиндагии мардум дар ибтидои асри XX ба инкишофи забони адабӣ ва рӯи кор омадани сабку услубҳои нав таъсири амиқе гузоштааст: “Пайдо шудани матбуот ба даврае рост омад, ки Осиёи Миёна ва мардуму сокинони ин минтақа ба гирдоби таҳаввулоти бунёдии иқтисодиву иҷтимоӣ кашида шуданд. Таъсири ҷаҳони мутамаддини Ғарб ба афкори сиёсиву иҷтимоии Аморати Бухоро ба андозае буд, ки баъд аз бист соли барҳам хӯрдани он халқҳои ин сарзамин тамоман дигаргун гаштанд”. 
Муаллиф бештар доир ба масъалаи содаю  ба омма наздик намудани забон рӯ оварда,  дар ин раванд саҳми зиёиёну рӯшанфикрон, пеш аз ҳама, матбуотро ёдовар мешаванд. Чуноне ишора мешавад, муҳимтарин рӯйдоди маънавии ин давра падид омадани рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ мебошад, ки минбари баёни андешаҳои миллӣ  ва ҳам василаи таҳким бахшидани забон гардид.  
Зиёиёни давр танҳо бо матбуоти дохил қаноат накарда, барои таҳрик додани тафаккури омма дар ибтидои асри ХХ рӯзномаву маҷаллаҳоро аз кишварҳои хориҷӣ овардаву мардумро бо навгониҳои замон ошно месохтанд. Дар ин баробар, аз нақши таърихсози аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” низ ёдовар мешаванд. Ба таъкиди Сарвари давлат, он дар “бедории миллии тоҷикон, ҳамчунин, бедории ҳисси ватанхоҳиву озодихоҳӣ ва додхоҳии миллати мо нақши бузург бозид”. Нақши рӯзнома ҳамчун тарғибгари низоми нави мактабу маориф, пешрафти илму иқтисодиёт, умуман тарзи нави зиндагӣ, қаламдод мешавад. 
Хулосаи муаллиф зимни таҳлили вазъи замон ва нақши матбуот дар он хеле ҷолиб аст: “Матбуот дар он солҳо (имрӯз ҳам) озмоишгоҳе буд, ки луғоту истилоҳоти нав, аввалан, дар дастгоҳҳои он санҷида мешуд ва сипас вориди забони адабӣ мегардид”. 
Сабку услуби калимасозӣ низ дар ин давра мавриди баррасӣ қарор мегирад. Чеҳраҳои миллӣ  назири Мирзо Сироҷи Ҳаким, Тошхоҷа Асирӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат, устод Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим ба майдони адабиёт омада, хидматҳои пурарзишеро анҷом медиҳанд. Дар ин миён, забони асарҳои Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки хеле равону сода буд, мавриди таваҷҷуҳи муаллифи асар қарор гирифтааст. Мирзо Сироҷи Ҳаким шахси ҷаҳондидае тасвир меёбад, ки “Туҳафи аҳли Бухоро”-яш чашми мардумро кушодаву онҳоро бо зиндагии шоистатаре ошно месозад. Ӯ вазъи мактабҳои куҳнаи Бухороро бо олами Ғарб муқоиса намудаву чунин натиҷагирӣ менамояд: “Бубинед, ки илму сарват кори миллати Урупоро ба куҷо расонида, беамалию танбалӣ кори мо – аҳолии Осиёро ба чӣ поя пастӣ кашонида. Зиндагии онон ба чӣ вусъат гузарон, мо – мардум, ба чӣ машаққату хорӣ!... Қаҳвахонаҳои сарибозории онон аз иморати аъёни мо ҳазор дараҷа беҳтару поктар. Эй вой бар мо, вой бар мо!”.
Мурод аз ин мисолҳо як чиз аст: нишон додани қудрати забон ва ҳам баёни сода. Нишон додани нақши забон дар пешрафти ҷомеа, бедор кардани мағзҳо, аз хоби ғафлат бедор кардани миллат, ба онҳо нишон додани тараққиёти олам, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин. Ин бори дигар собит месозад, ки забон танҳо “силоҳ”-и фарҳанг нест, балки фаротар аз он аст. Қудрати сухан пеши назар ҷилва мекунад, ки дар бунёди як ҷомеаи солим чи нақше метавонад дошта бошад. 
Ин маъниро Пешвои миллат моҳи октябри соли 2019 дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ тақвият бахшиданд, ки солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз, забони мо расман номи “забони модарӣ”-ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид. 
Воқеан, ин забони қадиму асил аз имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузашт, вале асолату покиашро ҳифз намуд. Далели ҳастии мо шуд. Чун оинае намо кард, ки мо худро, гузаштаи худро дидему шинохтем ва имрӯзро сохтем. Бемуҳобот, бо дурахши офтоби истиқлол фасли нави эҳёи забон фаро расид. Муҳимтар аз ҳама, забон дар паноҳи давлат ҷой гирифту дар симои Пешвои маҳбуби миллат пуштибони ҳақиқии худро ёфт. Таълифи асари “Забони миллат – ҳастии миллат” танҳо як мисол аз хидматҳои Сарвари давлат дар ин ростост, ки бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ роҳи тайкардаи онро дар шебу фарози таърих муҳри тасдиқ задаанд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 495
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед