logo

иҷтимоиёт

“ТОҶИКОН” – ШИНОСНОМАИ ХАЛҚИ МО

Ба ҳар хонадони кишвар тақдим шудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров  нуқтаи баланди сиёсати фарҳангдӯстонаву ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат, рамзи воло ва ҷамъбастии иқдомҳои неку ҳадафманди  пешина мебошанд, ки тули сӣ соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистони озоди мо дар самтҳои маънавӣ: парастиши илму фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, тарбияи завқи мардум, дастгирӣ аз интишороти  китоб, бозгашт ба асолати миллӣ  роҳандозӣ шуда буданд.
Вақте мо назар ба таърихи гузаштаамон меандозем, мебинем, ки беҳтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик китоб будааст. Китоб, яъне илм, андеша, фазилат, таърих,  таҷрибаҳои рӯзгор, панду андарзу ҳикмат - он чи инсонро ҳамеша баланду хуҷаста ва бомаърифат нигаҳ  медорад, он чи ба инсон неруи донишро медиҳад. Оре, китоб ҳамеша чун сипаре будааст, ки дар овардҳои зиндагӣ миллати моро аз ҳаводисҳои пуршигифт, таназзул ва нестӣ нигаҳ доштааст. То ҷое, ки ӯ дар тули таърих дар муқобили душманони силаҳшӯру қотилу бешафқати худ, ки бераҳмонаву ваҳшиёна  аз сари буридаи ӯ манораҳо сохтаанд, на ин ки маҳв нашудааст, балки  ба шарофати донишу забони пойдораш пирӯз ҳам будааст. Ва аҷнабиёне, ки бар сари ӯ тохтаанд, ба ин донишу фазилат, ба ин забони қавитар аз силоҳу бурротар аз шамшер оқибат таслим ҳам  шудаанд.
Китоб дар рӯзгори мардуми тоҷик ҳамеша муқаддас маҳсуб ёфтаву ҷойгоҳи шоистаи худро доштааст.  Он қадаре, ки мусалламу маълум аст, дар сарзамини тоҷикон хонаводае набуда, ки дар он ақаллан ду китоби муқаддас: Қуръони карим ва девони хоҷа Ҳофиз набошанд, ҳол он ки дар аксари хонаводаҳои шарифи мардуми донишманд китобхонаҳои шахсии бузурге маҳфуз будаанд, ки маҳз дар онҳо донишу хирад ва фазилати мондагори миллати тоҷик ва башар маҳфуз будааст. Ин китобҳо на фақат беҳтарин ганҷуру дороии хонавода, балки дар қатори муқаддасоти даргоҳи ҳар яке ҷой дошта,   чун тумори балогардон болои сари тифлон гузошта мешуданд.
Имсол хуҷаста солест, ки халқи тоҷик 30-солагии Истиқлоли давлатии худ – ин дастоварди беназиру бебаҳои миллиашро ҷашн гирифт. Агар мо хоҳем пирӯзиву дастовардҳои даврони истиқлолро ҷамъ оварем, барои сабти он ҷилд – ҷилд китоб лозим аст. Зеро ин дастовардҳо на ин ки ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар ҳафта, балки ҳар рӯз ва баъзан дар як рӯз  ба зуҳур омадаанд.
Агар мо дастовардҳои замони соҳибистиқ-лолиамонро дар самтҳои сиёсиву иҷтимоӣ бар канор гузорему танҳо аз дастовардҳои маънавӣ сухан ронем, боз ҳам саҳифаҳоро пур бояд кунем, то ҳамаи онҳо рӯи коғаз биёянд. Иқдомҳои фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба таври фарогир ҳанӯз соли 1995 бо оростани Симпозиуми  байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ – ин шоири бузурги ватандӯсти мо оғоз ёфта, бо таҷлили ҷашнҳои 67-солагии Камоли Хуҷандӣ (соли 1996), 950-солагии Умари Хайём (1997), ҳазорсолагии Носири Хусрав (2003), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008),   садсолагии Мирзо Турсунзода (2011), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014) ва дигар фарзандони наҷибу фарзонаи миллатамон оғоз ёфта, то имрӯз идома доранд. Дар самти худшиносии миллӣ ва шинохти таърихи халқи тоҷик  таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва 5500-солагии Саразм низ аҳамияти бузурги ватанӣ ва байналмилалӣ доштанд.
Дар мавриди он ки Сарвари кишвари тоҷикон дар қатори ғамхориву дастгириҳои зиёде, ки дар ин солҳо рӯи кор омадаанд, аз китоб ҳаргиз фаромӯш накардааст, далели  хуҷастатаринаш ҷудо кардани маблағҳои бузург аз фондҳои захиравии Сарвари давлат барои нашри китоб мебошад. Ин иқдоми шоиста  он гоҳ сурат гирифта буд, ки нашриёт  ва адибони тоҷик баъд аз ҷангҳои маълуми интиқолгашта ба кишварамон  хароб буданду қудрати чопи китобро надоштанд. Баъд аз ин иқдоми саривақтӣ ва ғамхоронаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат нашри китоб тули чанд сол ҷойи шоистаи худро дар ҷомеа барқарор кард. Аммо ёриву ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастгирӣ аз нашри китоб ҳанӯз ҳам пайваста ва ҳамасола идома дорад ва ба шарофати он имрӯз Тоҷикистон маҳзари намоиш ва рӯнамоҳои китоб гардидааст.
Иқдомҳои Пешвои миллатамон дар самтҳои эҳёи маънавии кишвар пайваста ва ҳадафнок пеш бурда мешуданд.  Ба андешаи мо, роҳандозӣ гардидани ду озмуни бесобиқа ва хуҷастаи солҳои охир - ”Тоҷикистон –Ватани азизи мо” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин дастовардҳои миллии халқу кишвари мо дар замони Истиқлоли давлатист, ки такони таърихие ба маънавиёти миллатамон бахшидаанд. Натиҷа чунин буд, ки сокинони  кишвар ба китоб рӯ оварданду китобхон шуданд. Сарпараст ва ташаббускори ин озмунҳо будани Пешвои миллатамон сабаб шуд, ки озмунҳои мазкур тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро бигиранд ва маъмурон бо масъулияти дучанд барои дар сатҳи баланд гузаштану натиҷаҳои қаноатбахш додани ин озмунҳо камар бубастанд.  Зуд аз ҷониби ҷомеа бо муҳаббати баланд пазируфта шудану дастгирӣ ёфтани ин ташаббусҳо гувоҳи садоқати бесобиқаи мардуми мо ба китоб, ба илму фарҳанг гувоҳи сиришти маърифатпарваронаи халқи тоҷик мебошад.
Ташаббусҳои нек ва ҳадафноки Сарвари дурандешу дурбини давлатамон, чунон ки мебинем,  идома доранд ва роҳандозӣ шудани озмуни нави “Илм – фурӯғи маърифат” гувоҳи барҷастаи он аст. Яъне, Сарвари кишварамон бо ин таъкид доранд, ки  миллати тоҷик на танҳо миллати ҳунар, миллати адабу адабиёти оламшумул аст, балки миллатест, ки фарзандони бузургу накуномаш тули таърих дар соҳаи илмҳои риёзиву дақиқ ва табиатшиносӣ низ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд. Ва насли нави ин халқи хирадпеша метавонад чароғҳои илму маърифати миллати моро боз ҳам фурӯзонтар созад.
Дар соҳаи дастовардҳои маънавии халқамон, чораҳои андешидашуда ва натиҷаҳои бадастомада метавон суханро  идома дод.  Аммо, мо агар мехоҳем тамоми хуҷастагиву пирӯзиҳои маънавии даврони сӣ соли Истиқлоли давлатиамонро бо як далел ва рамзи хуҷаставу бесобиқа баён созем, бидуни шубҳа, ин зуҳурот тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони тоҷик мебошад. 
“Тоҷикон”китоби одӣ нест; барои миллати мо, барои ҳар нафар фарзанди тоҷик ин ҳуҷҷати асли вуҷуд, ҳуҷҷати ифтихор аст. Ойинаест, ки насли имрӯз бояд ба он бингараду симои худро дар он бубинад  ва бо ифтихори баланди миллӣ, бо муҳаббати бегазанди ватандӯстона роҳи гузаштагонашро идома диҳад. Беҳуда нест, ки Сарвари оқили мо аввалин унвонҳои баланди миллиро ба устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ба шоири хуҷастаи мардумӣ Мирзо Турсунзода додаанд. Ин эътирофи миллати китоб, миллати донишу фазилат, миллати шеъру сухани безавол  будани миллати мост, ки беҳтарин дороияш, ганҷури бегазанди рӯзгораш дар тули таърих китоб будааст. Таърих шоҳид аст, ки ҳама дороиҳои бузурги олам бар боди фано рафтаву танҳо дороие, ки мемонад, китоб ва тавассути он илму адабу дониш аст. 
Пешвои миллатамон китоби “Тоҷикон”-ро чун ҳуҷҷат, чун шиносномаи асил, чун рамзи вуҷуди бегазанд ба дасти ҳар нафар фарзанди миллат дод. Ин бузургтарин падида дар таърихи ҳазорсолаи миллати мост. Яъне, имрӯз расман шиносномаи миллати тоҷик китоб аст – китоби “Тоҷикон”.  Балки ин падида  ҳамон мавридест, ки китоб парчами маънавии кишвари соҳибистиқлоли мо гардидааст. Дар ҳар хонадон вуҷуд доштани ин китоб, на танҳо ифтихори миллӣ, балки масъулияти баланди ватандорӣ низ ҳаст.
Агар ангезиши аввалини ин китоб дар ҳар хонадон бедор кардани ифтихори миллӣ бошад, ангезиши дуюми он бедории эҳсоси худшиносии миллӣ, раҳнамоӣ ба дарки масъулияти ватандорӣ, шинохти ҳувияти миллист, ки мутолиаи он  аз саҳифа ба саҳифа ба мо мебахшад. Мутолиаи ин китоб дар ҳар хонадон ба доираи ҷаҳонбинии ҳар нафар бе таъсир нахоҳад буд. Илм, дониш ва маърифати моро дар бораи Ватан, таърихи гузаштаи халқамон, ки алоқаманд ба таърихи ҷаҳон аст, афзунтар хоҳад сохт, ангезиши ватандӯстиро дар ботини мо бештар бедор хоҳад сохт, зеро саҳифаҳои дурахшони он гувоҳи қаҳрамонӣ, ҷасорат, некиву озодагӣ ва хайрхоҳиву башардӯстии миллати фозили тоҷик хоҳанд буд.
Маълумот ва маърифати фаровоне, ки мутолиаи ин китоби арзишманд ба ҳар нафар медиҳад, дар баробари таълимоти як мактаби олӣ хоҳад буд, ки ба хонанда ҳам дарси адаб, ҳам дарси таърих ва ҳам дарсҳои зиёди руҳониву равонӣ ва табиӣ дар соҳаҳои мухталифи рӯзгор хоҳад дод. Дар ростои ин падидаи неку шариф мехоҳам чанд андешаи худро иброз дорам, ки гумон мекунам, ба манфиати кор хоҳад буд. Барои амалӣ гардидани ҳадафҳои баланди Пешвои миллатамон аз тақдими ин китоб, хуб мебуд  қироати пайваста ва саҳфа ба саҳфаи он дар доираи ҷамъи хонавода, албатта, бо ташаббуси бузургони хонавода, соатҳои муайян ба роҳ монда шавад. Ин амал на танҳо мусоидат ба баланд бардоштани маърифати аҳли хонадон мекунад, балки боз барои тарбияи завқи эҷодӣ, хусусан ангезиши эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ, дар байни мардум мусоидат хоҳад намуд.
Андешаи дигар ин аст, ки пас аз гузаштани муҳлати муайян метавон як озмуни оилавиро дар саросари кишвар бо номи “Оё ту китоби “Тоҷикон”-ро хондаӣ?” ё бо ягон номи дигар, масалан “Китоби “Тоҷикон” - ойинаи фурӯғи худшиносии миллӣ”  роҳандозӣ кард. Табиист, ки иштирокчиёни ин озмун аҳли ҳар хонаводаи хоҳишманд хоҳанд буд ва он низ мисли озмунҳои дигар марҳилаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро хоҳад дошт. Банда аминам, ки ин озмун як роҳнамои  наве ба  бедории умумихалқӣ дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ хоҳад буд ва мисли озмунҳои зикршуда дар байни мардум маҳбубият ва пазироӣ пайдо хоҳад кард.
Сӣ соли замони Истиқлоли давлатии кишвари мо дар пеши таърих шояд санаи чандон бузурге нест, аммо бо назардошти он ки дар ин муддат миллати хайрхоҳу некманиш ва куҳанбунёди мо эҳёи тозаи худро аз сар мегузаронад, ҳар соли ин сана шукӯҳи хосса ва қадру қимати волои худро дорад.  Ин сӣ соли ҷоннисорӣ, ҷавонмардӣ ва ватандӯстии халқи мост. Сӣ соли худшиносии миллӣ ва расидан ба ваҳдату ягонагӣ, сӣ соли амалӣ шудани умеду армонҳои як миллати соҳибмаърифат ва башардӯсту сулҳхоҳ аст. 
Бале, мо тоҷиконем, миллати китобхону китобнавис, миллати некном ва сарфарози таърих, миллате, ки фарзандони бузургаш саҳми бориз ва мондагор дар тамоми соҳаҳои илму дониш ва адабиёти ҷаҳонӣ гузоштаву ном ва қадру манзалати ин миллатро ба пояҳои баланд бардоштаанд. Миллате, ки бо дастовези арзанда ва бебаҳои таърих, яъне китобу дониш то ба имрӯз расидааст. 
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед