logo

иҷтимоиёт

МЕФАХРАМ, КИ ДАР АҲДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИНДАГӢ ДОРАМ!

Бо миллате, ки хиради азалиаш тақдири ҷанги шаҳрвандиро, ки аслан ҷанги таҳмилӣ буд, дар кӯраи андешаи сабру таҳаммул гирифт, гудохт, силоҳи ҷангро силоҳи сулҳ кард, ифтихор мекунам! 
Аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб тақдири миллати ман ба дасти вакилону сиёсатмадорони миллатам ҳал мешуд. Воқеан, баҳсҳои тезу тунд, фарёду фиғони гоҳо ростин ва гоҳо дурӯғин аз вазъияти хатарноки миллати ҷангзада, дар вартаи ҳалокату нестӣ будани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муборизаҳои ошкорову пинҳонӣ барои ишғоли мақоми аввал дар ҷумҳурӣ… 
Дар ин миён як ҷавоне, ки дар сиёсати бузурги ҷаҳонӣ аз таҷрибаи камтарин бархӯрдор буд, ба мақоми аввали сарварии кишвар интихоб шуд. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки масъулияти роҳбарии сиёсии ҷумҳуриро ба зимма дошт, дар аввалин суханрониаш гуфт: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди халқи тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи меҳнаткашидаам бовар дорам». 
Сарвари арҷманди мо дар воқеият, рӯ ба рӯйи миллаташ, рӯ ба рӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сари баланд якто будани суханаш, амалаш, иёри баланд доштани суханашро исбот кард. Мардона, тӯли ин 29 сол дар набарди бефосила, бетанаффус бо дигарандешони дохилӣ, бо бадандешони хориҷӣ дар мақоми муросову мадоро бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, давлатҳои исломӣ кишварашро обод кард. Дар Тоҷикистон фазое эҷод намуд, ки беҳтарин гулҳо, нодиртарин дарахтонро ба Душанбе ва тамоми Тоҷикистон овард. Ин гулҳову дарахтони беҳтарини ҷаҳон аз фазои Тоҷикистон нашъ-аи тоза гирифтанд, нашъу намое карданд, ки шояд дар ватанашон надоштанд. Аз тамошои раста - раста лолаҳои баҳории тозамеҳмони Душанбе, рангорангии онҳо, ҷилваву хиромиданашон ман ҳам илҳом гирифтам, гуфтам, ки мо лолахасак дорем, лолаи лӯлӣ, ҷавғосӣ ва ғайраҳо. Аммо инҳо, ки сурх, зард, бунафш, сиёҳ, қаҳвагӣ, гулобӣ ҳастанд, чӣ исме доранд? Барои инҳо ном эҷод кардам ва ин номро дар шеърам овардам: «Мо лолахасак будему ту лолафарангӣ». 
Сулҳе, ки дар Тоҷикистон барқарор шуд, назир надорад. Дар назари ман унвони ин сулҳ «Сулҳи нотакрор», ё «Сулҳи Раҳмонӣ» аст. Маълум аст, ки сулҳ аз як ҷониб намешавад, аз ду ҷониб ё аз чанд ҷониб мешавад. Дар ҳар сурат, саҳми ҷониби шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин сулҳ бешакку шубҳа бузург аст. 
Маъмулан, истеъдодро барои ҳунарҳои нодир татбиқ мекунанд. Дар мавриди истеъдоди шоир, рассом, меъмор, оҳангсоз, овозхон ва ғайра… Ман вақте фаъолияти Сарварамонро мушоҳида мекунам, ба ин натиҷа мерасам, ки истеъдоди сиёсатмадорӣ як истеъдоди хоса, нотакрор ва фавқулода аст. 
Тасаввур кардан мушкил аст, ки як нафар ҳам сурати зебо дошта бошад, ҳам суханвар бошад, ҳам шуҷоатманди беназир бошад, ҳам дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар замони мо моломоли сӯхторҳо, селобҳо, ихтилофҳои локаливу глобалӣ, набардҳои шадиди маданӣ, мазҳабӣ ва иттилоотӣ шудааст, устувору пойдор фаъолият кунад. Президенти давлати қудратмандтарин ва сарватмандтарини ҷаҳонро, ки одати аз саломи аввалин президентҳои дигарро дастфишорӣ карда, такон бидиҳад, аз ҷой беҷой кунад, чун ба саломи Эмомалӣ Раҳмон расид, ончунон такон хӯрду беҷой шуд, ки тамоми ҷаҳон ин саҳнаро гаштаву баргашта ба намоиш гузоштанд. Маҷмуи ин сифатҳо дар вуҷуди як нафар ҷамъ омадаанд, ки сутуданист.
Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои миллат» дорад. Ин унвонро созмонҳои масъулу махсуси ҷаҳонӣ дар натиҷаи хулосагирии фаъолияти президентҳои муосир қоил мешаванд ва тасвиб мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бад-ин маънист, ки ӯ сулҳе бунёд кард нотакрор. Таърихи низоъҳои дохилиро пайгирӣ кунем, то Руанда биравед ва бубинед, ки низои дохилии ду қавми як давлат як қавмро то кӯдаки охиринаш аз байн бурд. Ба Англия биравед ва дар Олстер бибинед, ки низоъҳои мазҳабиашон 43 сол аст дармегиранду хомӯш мешаванд ва боз дармегиранд. Воқеан, сулҳе, ки Сарвари мо бунёд кардааст, назир надорад.
Рӯзе чандин бор ба Эмомалӣ Раҳмон раҳмат мегӯям. Чандин бор Худо ҷойи падаратро ҷаннат гардонад, мегӯям. Ҳар дафъае, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон медароям, чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон пеши чашмам меояд, зеро беҳтарин соатҳои рӯзгорам дар китобхонаҳо гузаштааст. Дар Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, дар китобхонаҳои Маскав, Ленингарад, Алмаато, Тошканд. Хусусан, вақте дар китобхонаи «Ленин»-и Маскав кор мекардам, ҳар рӯз орзу мекардам, ки чунин китобхонае дар Ватанам бошад. Ва, хушбахтона, Пешвои миллат ҳамингуна китобхонаро сохт ва ба миллат тақдим кард.
Президенти муҳтарами мо чандин мақоми роҳбарӣ дорад. Бисёр фоли нек аст, ки 20 - солагии созмони Шанхайро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. 
Хушбинии Сарвари давлат боз як вижагии руҳи ӯст. Рӯзе гуфт: «Шумо баъд аз 5 сол Тоҷикистонро намешиносед». Чунин тағйироти кулливу саросарии иқтисоду фарҳангу сатҳи зиндагиро дар назар дошт, ки ҳамагон ҳоло шоҳид ҳастем. Ҳар ки аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ дидан мекунад, ҳайрон мешавад. Сафари нахустинам ба Бадахшон дар соли 1974 ва охирин сафарам соли 2019 ба вуқуъ пайваст.  Бадахшони замони истиқлолро нашинохтам. Чи гӯям аз роҳи бузурги Душанбе – Қулма, ободии Хоруғ, ки ҳатто симои бадахшониён хушҳолтар, бардамтару зеботар шудаанд. Ҳамин мисол шояд кофӣ бошад, ки соли 1974 Хоруғ ҳамагӣ ду тарабхона ва аз хӯрданиҳо «Суп» ва «Тушун» дошт. Бовар мекунед ё не, «Суп» хӯроки якум буд, ки дар он консерваи бо обу равғану макарон пухта ва дувум - «Тушун» ҳамон консерва бо макарон, фақат обаш камтар. Имрӯз дар Хоруғ аз ғизоҳои маҳаллӣ сар карда, то хӯрокҳои чинӣ, ҳиндӣ, ӯйғурӣ – ҳамаро чашидан мумкин аст.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тули се сол ба як ҳаракати саросарии маърифатпайвандӣ, маърифатдӯстӣ табдил ёфт. Дар яке аз гузоришҳо шунидам, ки дар марҳалаи аввали озмун дар як ноҳия 4 ҳазор хоҳишманд иштирок кардааст. Комилан фаҳмост, ки аз ин 4 ҳазор шояд нафароне бошанд, ки 3 - 4 китоб хонданд, аслан ба ҳеҷ талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд, аммо хоҳиши ширкат кардан доранд, аз ин ҳаракати фарогири маърифатӣ берун мондан намехоҳанд. Озмуни дигар, ки насли навро ба улуми дақиқ пайванди бештар мебахшад, «Илм – фурӯғи маърифат» аст. Он қудрати дақиқназарии тоҷиконро рушд хоҳад дод ва ибтикорест, ки як донааш 100 дона ҳосил медиҳад.
Мавқеи занро ба дараҷае баланд бардошт, ки на ба давлатҳои пасошуравӣ, на ба ягон ҳамсояи дигари мо ҷои муқоиса дорад. Хусусан, Квотаи президентӣ духтарони кӯҳистонро ба ҷаҳони маърифат пайванд дод. Дӯстони руси ман аз реформаҳои Президенти мо ҳайрон мешаванд ва таҳсин мегӯянд: «Президенти шумо реформаҳоеро анҷом дода тавонист, ки Пётри I натавониста буд». 
Чанде пеш Пешвои миллат бо Махдум Маҳмудшоҳи Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, суҳбат доштанд ва бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам гуфтугӯи телефонӣ карданд. Ин мулоқоту гуфтугӯҳо тасодуфӣ набуданд. Масъалаи мубрами доғи рӯз - Афғонистон мавриди муҳокима буд. Дар ин маврид андешаи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси намунаи сулҳсозӣ дар маркази гуфтугузор буд ва на танҳо дар Тоҷикистону Афғонистон, балки дар дигар расонаҳо ҳам қайд карданд, ки кӯшиши Эмомалӣ Раҳмон барои эътидоли вазъи Афғонистон бештар аз ҳама аст. 
Аз чор се ҳиссаи ҳавзаи Панҷу Ому, ки Ватани аҷдодиву ҳазоронсолаи тоҷикон аст, аз касофати Дюран ҷудо шуда, ба хоки имрӯзаи Афғонистон пайваст. Дар ҳавзаи Тоҷикистон тақрибан хонаводае нест, ки як қисми ақрабояш дар он сӯи сарҳад набошад. Кӯшишҳои Президенти муҳтарами мо дар ин ҷо решаи на танҳо сиёсӣ, балки ҷонӣ ҳам дорад. Ба андешаи Сарвари кишвар тоҷикони Афғонистонро ақаллияти миллӣ гуфтан хатои маҳз аст, тоҷикон бахши асосии шаҳрвандони Афғонистони имрӯзаро ташкил медиҳанд. 
Ободии деҳаҳо, пулҳо, дабистону варзишгоҳҳоро дар ҳама гӯшаву канори кишвар мебинаму дар дил гаштаву баргашта мегӯям: «Соҳибкорӣ ба шумо ҳалол. Пул ба шумо ҳалол. Насибатон кунад. Барака ёбед». Воқеан ҳам, Пешвои миллат бо ҷалби саховатмандону соҳибкорон ба ободии Меҳан кореро карданд, ки бо ин роҳ садҳо ҷавонмардон савоби фаровон гирифтанд.
Орзуҳои ширини инсон ниҳоят надоранд. Ман орзу дорам, ки обрӯмандтарин, осудаҳолтарин шаҳрванди Ватанам муаллим бошад. Хусусан, муаллими навоҳиву рустоҳо. Орзу мекунам, ки барои ободии муассисаҳои таълимӣ соҳибкорон на бо даъват, балки бо хоҳиши дилу ҷон саҳм бигиранд.
Ин ҳама иззату шарофат, пошидани тухми инсонпарварӣ дар ҳама гӯшаву канори Меҳан, ватанпарварӣ дар Ватани азизи ман дар давроне сурат мегирад, ки дар таърих онро «Аҳди Эмомалӣ Раҳмон» хоҳанд номид.  Ифтихор дорам, ки дар Аҳди Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи ҷаҳони беканора, дар зеботарин қитъаи ин ҷаҳон, дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам!
 
Назри ЯЗДОНӢ,
шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед