logo

иҷтимоиёт

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР МАСОИЛИ ҲАЁТӢ

 
Чанде пеш бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ  барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ” бо тантана ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Ин мукофоти байналмилалӣ бозгӯи хизматҳои шоистаи Сарвари давлати мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон аст. 
 
Яке аз ташаббусҳо ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар самти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мебошад. Таври маълум,  Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии  атмосфера ва тағйирёбии иқлим аз солҳои шастуми асри ХХ ба обшавии босуръати пиряхҳо дар ҳудуди мамлакат мувоҷеҳ аст. Ин на танҳо зарари кишварҳои болооби  ҳавзаи баҳри Арал, яъне Тоҷикистону Қирғизистон аст, балки он хатари минтақавӣ, дар маҷмуъ, умумисайёравист. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои ояндаи кӯраи Замин  даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисону пажӯҳишгарони соҳа, агар тамоми пиряхҳои сайёраи Замин об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯйи он 64 метр баланд мешавад ва ин боиси фано гаштани ҳаёт дар як қисмати азими саёраи мо мегардад.
Дар асоси пажӯҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо андешаи худро пешниҳод намуданд, ки ин ташаббусҳо ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Ҳамин тавр таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, 31 август - 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева, Швейтсария) ва 7 - 8 декабри соли 2009 дар конференсияи 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (Копенгаген, Дания) пешниҳод гардидааст.
Баробари ин, Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар бораи эълон доштани Соли байналмилалии “Оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005 - 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2008-2018» дар арсаи байналмилалӣ чун як ташаббускор ва ғамхори насли ояндаи сайёра эътироф шудааст. Ҳадафи ягона  дар ин ҳама пешниҳодот ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ҷомеа дар наздиктарин фурсат мувоҷеҳ ба он мегардад. Дар робита ба ин, даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зисту беҳдошт, бахусус, дар таъмини устувории муҳити зист хеле созгор буда метавонад.
Ҳоло саросари ҷаҳон бо пазироии гарм аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро барои таъмини амнияти экологии сайёра  дар меҳвари фаъолият қарор додааст. Зеро бидуни идораи дурусти захираҳои обӣ таъмини хуррамию сарсабзии муҳити зист, ки барои ҳастию сиҳатии мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсон, нақши асосиро мебозад, имконнопазир аст. 
 Аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид ва чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон, дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе бо мусоидати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об гузаронда шуд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили глобалӣ ва экологии вобаста ба обанд. 
Дар партави ташаббуси роҳбарияти олии Тоҷикистон доир ба муҳим будани ҳалли масъалаи об ва истифодаи босамари он олимону коршиносони зиёд тадқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи глобалӣ бештар ҷалб намудаанд. Тавре муайян шудааст, проблемаи истифодаи об дар ҷаҳон яке аз омилҳои муҳими таъсиркунанда ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин, таъмини амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба шумор меравад. Аз ин  метавон хулоса баровард, ки дар шароити имрӯза масъалаи об ба сифати «муҳаррики иқтисод» баромад намуда, ҳалли мушкилоти он метавонад барои рушди соҳаи иқтисод, ки асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа мебошад, мусоидат намояд. Барои таъмини амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллии ҳалли масъалаи об, аввалан бояд низоъ ва баҳсҳои мавҷуда миёни давлатҳо ва халқҳои ҷудогона оид ба дарёҳои сарҳадгузар аз байн бурда шаванд. Ба андешаи иқтисоддон ва экологи номвари рус В.И. Данилов Данилян, «дар даҳсолаи охир норасоии оби тоза бештар дар минтақаҳое ба вуҷуд омадааст, ки қаблан дар он ҷо дида намешуд». Аз ин бармеояд, ки афзоиши талабот ба оби тоза аз ҳисоби зиёдшавии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои шуғли аҳолӣ мебошад.
Бо назардошти ин,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ диққати махсус дода, онҳоро аз доираҳои гуногуни илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Айни замон ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии иқлим ва истифодаи нооқилонаи захираҳои об мебошад. Ин ду масъала ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли онҳо аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибу илман асоснокро ироа доштанд, ки ин пешниҳодҳои хирадмандонаю дурандешона аз ҷониби тамоми давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Зеро ин ташаббусҳо дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдеро дар пай доранд, ки ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи кураи Замин равона гардидаанд. Ин ҷо мехоҳем чанд паҳлуи ташаббуси Тоҷикистонро ба хонанда манзур намоем. 
Ҳадафи иқтисодӣ аз об. Яке аз ҳадафҳои асосии қабулу эълон шудан ва ҷонибдори зиёд пайдо кардани ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба омилҳои иқтисодист. Яъне, обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан маҳсуб мешавад. Моҳияти аслии ин масъаларо садама дар Неругоҳи барқи атомии "Фукусимо" (Ҷопон) барои ҷаҳониён рӯшантар собит месозад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон захираҳои энергетикии кишвар,  асосан, обианд.  Аз иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар, ки ба 527 миллиард кВт - соат мерасад, имрӯзҳо ҳамагӣ 4-5 дарсади он истифода мешавад. Беш аз 98 дарсади неруи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба гидроэнергетика рост меояд. 
Масоили дипломатии об. Ин ҳадафи дигари истифодаи оқилона ва босамари обҳои минтақа мебошад. Ин масъала чанд даҳсола боз дар Осиёи Марказӣ хеле печида боқӣ мемонад. Захираҳои оби минтақа, асосан, дар қаламрави ду кишвари болооб - Тоҷикистон (55,4 дарсад) ва Қирғизистон (25 дарсад) ташаккул ёфта, онҳо зиёда аз 80 дарсад дар кишварҳои поёноб истифода мешаванд. Аммо маълум аст, ки дар кишварҳои поёноб бо сохтани обанборҳои сунъӣ баҳри Арал хушк шудааст. Заминҳои зиёд бо истифодаи ғайримақсадноки об ба шӯразамин табдил ёфтанд. Саноати бесобиқа ва пур сохтани конҳои холишудаи газ бо об иқлими минтақа ва, умуман, сайёраро тағйир додааст. Аз ин рӯ, об масъалаи ҷиддӣ ва баҳсбарангез аст. Зеро мувофиқи маълумот,  давоми 50 соли охир, дар маҷмуъ, 507 моҷаро ба масъалаи об марбут аст, ки 21- тои он ба амалиёти ҷангӣ табдил ёфтааст. Ҳатто, яке аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ба таври ошкоро эҳтимолияти бархӯрдҳои низомии вобаста ба обро ишора карда буд. Баҳсҳои зиёд дар ҳавзаи баҳри Арал танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳамгироиҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд кард, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдори ин гуна сиёсатанд. Маҳз нарасидани об ва тақсими нодурусти он аст, ки дар кишварҳои алоҳидаи Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ мардум азият мебинанду дучори бемориҳои марговар мешаванд. Дар Шарқи Наздик кишварҳое ҳастанд, ки дар тақсими дарёҳо дар ҳоли бархӯрдҳои низомӣ қарор гирифтаанд.
Сарфаи об. Ҳамасола дар ҷаҳон 22 март -  Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ таҷлил мешавад. Ин рӯзро СММ ба он хотир ба  роҳ мондааст, ки аҳли башар моҳияти масъалаҳои марбут ба обро беҳтар дарк намуда, аҳамияти онро дар ҳаёти табиати фарогир ва инкишофи ҷомеа пайхас намоянд. Зеро агарчи  70 - 80 дарсади рӯи Заминро об пӯшондааст,  аммо танҳо 2 дарсади он барои ошомидан ҷоиз аст. Имрӯз кишварҳои пешрафта имкони зиндагӣ ва будубошро дар дигар сайёраҳо ёфтан мехоҳанд. Дар он ҷойҳо нахуст будан ё набудани обро таҳқиқу ҷустуҷӯ  менамоянд. Яъне, об ҳамеша ва дар ҳама макон  масъалаи муҳимтарини ҳаёт мебошад ва бидуни он зистан ҳеҷ имкон надорад. Инсон бояд дарк намояд, ки об худ неъмати шифобахшу ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 дарсади оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, дар ҳолати гум кардани  10 дарсад бемор шуда, аз  норасоии 15 – 20 дарсад бештар  ба марг дучор мешавад. Аз нигоҳи тиб калориянокии ҷисмро маҳз об паст намуда,  нафаре, ки бештар об  менӯшад, камтар ба сактаи қалб  дучор меояд. 
Имрӯзҳо инсон бо рушди илму техника ба дараҷаи таҳаввул ва ташаккули баланд расидааст. Даҳҳо мушкилоти худро осон гардонда, як маводи хӯрдани ҷойи дигарро гирифта истодааст.  Аммо обу ҳаво он неъматҳое мебошанд, ки бо вуҷуди  ҳамагуна  илму таҳаввулот наметавон онҳоро иваз кард. Баробари ин,  бояд гуфт, ки об на танҳо ҳаёт мебахшад, балки дар сурати бепарвоӣ он ҳаётро аз мо мегирад, зеро 85 дарсади бемориҳо тавассути ифлосшавии об мегузаранд. Бо ин иллат ҳар сол 25 миллион нафар бошандагони кураи Замин мефавтанд. Масалан, аз ифлосии дарёи Ганг ҳар сол 3 миллион нафар  аз ҳаёт маҳрум мешавад. Аҳолии поёноби дарёи Нил бошад, ифлостарин обро истифода мебаранд, ки он муҷиби пайдоиши эпидемияҳои давомдору марговари қораи Африқо аст. Дарёи Амазонка ҳамасола садҳо ҳазор заминҳои кораму манзилҳоро хароб сохта, садҳо нафарро ба коми худ мекашад. Зери таъсири тағйирёбии иқлим ҳамасола обшавии пиряхҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар қисми зиёди ҳавзаи баҳри Арал, селобу жолаву боронҳои пуршиддат ҳазорҳо манзилро хароб ва садҳо нафарро қурбон месозанд.
Пас, чаро дар рӯи Замин нисбат ба истифодаи он беаҳамиятӣ зоҳир шавад?!  
 Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО, 122 давлати ҷаҳон дорои захираи обҳои тозатарини ошомиданианд, ки  Тоҷикистон аз рӯи сифати ин гуна об дар қатори даҳгонаҳои аввал қарор дорад. Вале аз рӯи таҳлили мутахассисон, на ҳама захираҳои оби ошомиданӣ барои инсоният дастрасанд. Яъне, нисфи он дар шакли ях ва ҷоришавии зеризаминӣ қарор дорад. Боиси нигаронист, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. Ғайр аз ин, дар сурати масрафи беҳудаю нодуруст инсон метавонад ба хавфи беобӣ дучор гардад. Ҳамзамон, дар  сурати афзоиши аҳолӣ ва саноати аждаҳорсифати мутараққиҳо шояд оби ошомиданӣ дар асрҳои оянда дар ҳама манотиқи замин  барои истифодаи умумӣ кифоят накунад.
Ҳадафи асосии  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пеш гирифтани ташаббуси даҳсолаи нав вобаста ба ҳалли масоили об ба роҳ мондани муносибати дурусту оқилона дар ин маврид аст. 
Об ва тиҷорат. Торафт авҷ гирифтани камчинии оби тоза  онро ба манбаи бузурги тиҷорат табдил медиҳад. Коршиносон ба он назаранд, ки дар даҳсолаҳои наздиктарин оби ошомиданӣ чун фурӯши  нафт манфиатбор мешавад. Инсоният қодир аст, ки нафтро иваз намуда, ба ҷои он манбаҳои нави энергияро барои худ пайдо созад. Аммо боз ҳам об чун ганҷи ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Имрӯз тиҷорати оби ошомиданӣ, аллакай, ба як раванди муқаррарӣ табдил ёфта, намунаи ин тиҷорат маълум мебошад. Мавҷудияти беш аз 1300 навъи об дар ҷаҳон сифату арзиши онҳоро муайян менамояд. Масалан, яке аз навъҳои оби табиии гаронарзиш дар шаҳри Лос-Анҷелес (ИМА) мебошад, ки як литри он 90 доллар нарх дорад. Қабилаҳои алоҳидаи африқоӣ бо кандани чоҳҳову ҷустуҷӯи об дар биёбонҳо онро аз тилло қимат медонанд ва ҳар касе соҳиби чоҳи об аст сарватманди қабилаи худ дониста мешавад. Ин нуқтаҳоро бархе аз кишварҳо, аллакай, дарк намудаанд. Барои мисол, оби ширину мусаффои кӯли Сарез мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои алоҳидаи Осиё қарор гирифтааст. 
Бо назардошти ин ҳама метавон гуфт, ки ҷомеаи ояндаи инсоният бештар ба проблемаҳои экологии вобаста ба об андармон мешавад. Ин мушкилиҳо, печидагиҳо ва унсурҳои алоҳидаи онҳоро дарк намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ташаббускори масъалаҳои ҷаҳонии обу иқлим проблемаҳои ҷиддии ҳаёти башариятро ҳал кардан мехоҳад. Бо ин ҳама тасмимот ҷомеаи ҷаҳониро барои қазоват ва масъулият даъват менамояд. Зеро тавозуни табиӣ ба куллӣ тағйир ёфта, сокинони сайёра аз ин зарар мебинанд. 
 
Хубон НАЗИРӢ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед