logo

иҷтимоиёт

СУЛҲИ ТОҶИКОН. ФОРМУЛАЕ, КИ ҶАҲОНРО ТАСХИР КАРД

Рушди ҷомеаи инсонӣ, хусусан фарҳанг ва тамаддун, ҳамеша аз сулҳу осоиштагӣ вобастагӣ дорад. Ҷамъияте, ки дар он осоиш нест, дер ё зуд пош мехӯрад. Бузургтарин шоҳкориҳои фарҳангӣ дар фазои сулҳу осоиш офарида шудаанд. Интиҳои асри ХХ,  давоми ҳамагӣ чанд сол, дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ, харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки Тоҷикистон  аз ҷумлаи онҳост.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Вале самари истиқлолро фурсати чашидан наёфт. Дар кишвар оташи ҷанг аланга зад, дастгоҳи давлатӣ фаъолияти худро қатъ намуд. Фалаҷ гардидани ҳокимият ва набудани маркази ягонаи идора дар мамлакат, афзоиши ҷинояткорӣ, буҳрони амиқи сохторӣ, мавҷуд набудани қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ба футур ёфтани давлат, қисм – қисм гардидани мамлакат ва парешонии миллат оварда расонд, аммо ин ҳама дер давом накард. Бо талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тавассути миёнаравии кишварҳои дӯст дар Тоҷикистон сулҳ барқарор шуд.
Таҳлили таҷрибаи таърихи начандон дур, инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, раванди бунёдкорӣ, иштироки фаъолонаи мардуми кишвар дар эҳёи ҷомеа нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯйи ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ пеш рафта истодааст. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин муддат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар на танҳо сулҳ оварданд, балки онро нигоҳ дошта тавонистанд. Ба ин хотир, чун бунёдгари сулҳ эътироф ва  пазируфта шуданд. 
Таҳлилгарон ва сиёсатшиносони зиёд то ҳол дар ҳайратанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар қуллаи баландтарини сиёсат устувор гардад, формулаи сулҳи худро эҷод созад ва дар радифи арбобони намоёни давлатии ҷаҳон қарор гирад. Ин аст, ки таҷрибаи кишвари мо - ба даст овардани сулҳ, баргардондани қариб як миллион гуреза ба кишвар аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА ба сифати тарҳи бебаҳои намунаи сулҳ эътироф шуда, барои омӯзиш пешниҳод гардидааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имкон медиҳад, ки чунин бархӯрд ва низоъҳо дар ҳолатҳои фавқулода пешгирӣ шаванд.
Дар Тоҷикистон хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ҳам омадани ҷонибҳо дар муддати кӯтоҳ, кӯшишҳои ҷонибҳоро ба рушди фаъолияти эҷодии дастгоҳи ягонаи давлатӣ равона гардонд. Аз ҳама муҳимаш, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун давлате, ки бо роҳи демократӣ пеш меравад, эътимоди ҷиддӣ баст ва дасти ёриву ҳамкорӣ дароз намуд. Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли беш аз 30 созмони бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи ҷоҳонӣ саҳм мегузорад.
Низоми нави равобити байналмилалӣ имрӯз тақозо дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро дар асоси стратегияи фарогир ва санҷида амалӣ намояд. Эҳёи робитаҳои анъанавии таърихӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, истифода аз имконоти муштарак ва ҷалби сармояи ин кишварҳо ба нафъи инкишофи Тоҷикистон дар маркази диққати сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад ва татбиқ мегардад.
Татбиқи муваффақонаи ин сиёсат боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне, Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дар олами муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
Сулҳу осоиш, рушди кишвар, таҳкими пояҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ, обрӯйи байналмилалии мо, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобастагӣ дорад. Зеро фаъолияти тамоми созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, умуман, ҳар як ашхоси ҷомеа бояд фақат дар чаҳорчӯбаи Конститутсия сурат гирад.
Давоми фаъолияти худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа: иқтисодиёт, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, бахшҳои хусусӣ, соҳаҳои сиёсат ва афзалиятҳои стратегии кишварро ба сатҳи баланд расонда, дар боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ қадамҳои устувор гузоранд. 
Таҳлили фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ, ташаббусҳои ватандӯстона ва башардӯстонаи Президенти мамлакат моро ба хулоса меорад, ки Пешвои миллати мо давоми фаъолияти хеш ҳамчун роҳбари шоистаи давлату мамлакат дар солҳои сари қудрат будан на танҳо дар рушди бемайлони давлат асос гузоштанд, балки мамлакатро аз буҳрони иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ наҷот дода, ҳамзамон, бо роҳбарони соҳибтаҷрибаи бузурги мамлакатҳои ҷаҳон озодона мубодилаи афкор намуда, манфиатҳои халқу ватани азизамонро ҳимоя менамоянд.
Ҳамин тавр, хидмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ аз он иборат аст, ки пеши роҳи хатари нобудии давлатро гирифтанд, оташи ҷангро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонданд, заминаи эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштад, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар намуданд. Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста мебошад.
 
Фарзона НОСИРОВА,
устоди Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед