logo

иҷтимоиёт

МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ

Дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани ҳадафи чаҳоруми давлатӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бо ташаббусҳои бузург оғоз намуданд. Ба омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик эътибори махсус дода, аз ҳисоби  фонди Президенти кишвар шоҳасари Б. Ғафуров “Тоҷикон”- ро чоп карда, аз номи  Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудан алоҳида  зикр гардид.   Истиқлолият  ҳамчун  рукни  бунёдии  озодии  инсон ва   ҷавҳари  асосии  зиндагӣ  дар  тамоми  давру  замонҳо  ҷузъи  таркибии  ҳастӣ  ва ҳувияти  миллати  тоҷик  будааст.  Истиқлолият  ҳақиқатан  ҳам,  неъмати бебаҳои  таърих аст. Дар  охири  асри  XX  миллати  куҳанбунёди тоҷик  соҳиби давлати  комилан мустақили  миллӣ  шуд,  ки имрӯз  мо халқи  тоҷик ва  тамоми  тоҷикистониён 30 - солагии  ин дастоварди  бузурги   таърихиро    ҳамчун  ҷашни миллии  хеш  дар қатори  дигар  ҷашнҳои  таърихии  халқамон  таҷлил  менамоем.
Истиқлолият муваффақияти муҳимтарин, дастоварди бузурги бебаҳо ва  воқеаи инқилобӣ, марҳилаи сифатан нав дар таърихии миллати тоҷик,  ормони ҷандинасраи  фарзандони асилу огоҳ ва натиҷаи маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизи роҳи бақои давлати миллии тоҷикон мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон мебоист масъулияти ҳамватанони моро баҳри истеҳком бахшидани пояҳову рукнҳои давлати соҳибихтиёр меафзуд. Барои гулгулшукуфии он дар давраи нав саҳми арзанда мегузошт, барои пешравии он заҳмат мекашид ва ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю эътибори он хизмат мекарданд. Аз  ин  лиҳоз  ҳам,  истиқлолияти  халқи  тоҷик  натиҷаи  муборизаи  ҳазорсолаҳо  буда,  он ҳақиқатан  ҳам, неъмати  бебаҳои  таърих, марҳилаи  сифатан нав   мебошад.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, умумиҷамъиятӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд.  
Ҳаминро зикр  кардан зарур аст, ки бо вуҷуди мушкилот ва монеаҳои  зиёд гурӯҳи нисбатан хурди шахсиятҳои сиёсӣ ташаккул ёфт, ки ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона дошт: намояндагони маъруфи ин гурӯҳ  Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдураҳим Хоҷибоев ва дигарон буданд. Талоши  пайгиронаву  ватандӯстонаи  ҳамаи  онҳо  ба таъсиси ҶМШС Тоҷикистон (14.Х.1924) ва табдили он ба ҶШС Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд, ки дар сарнавишти таърихии  кишвари  халқи  тоҷик воқеаҳои  муҳим  мебошанд. Истиқлолият аз ин воқеаи бузурги  давр, аз инқилоби Октябр (1917) сарчашма мегирад ва марҳилаҳои асосиро тай кардааст.
Дар асоси қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» истиқлоли сиёсӣ ва давлати кишвари азизамон расман ва қонунан эълон шуд. Лекин дар мамлакат ҷанги бародаркуш сар шуд. Натиҷаи умумии тамоюлоти зикршуда фоҷиаи худкушии миллӣ буд, ки он барои Тоҷикистон ва ҳатто барои Осиёи Миёна оқибатҳои ниҳоят сангин дошт, ҷанги бародаркуш барои истиқлоли Тоҷикистон  хатари мустақим ва марговар эҷод намуд.
Ба тақдири кулли тоҷику тоҷикистонӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро фоли нек гардид. Дар иҷлосия сарвари нави Тоҷикистон баромад карда гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард», «Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем», «Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам», «Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард», «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем. То охирин тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро осуда ҳис намекунам». Ҳамаи ин вазифаҳо бар зиёд иҷро шуданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар ва сиёсатмадори варзида дар давраи истиқлолият кори бузургеро ба анҷом расонд – миллати  тоҷикро муттаҳид намуд. Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин қайд намуданд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони  Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».    
Рафти воқеаҳои сиёсӣ ва ҳаёт ҳақ будани ин роҳро исбот кард. Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дувумин шуда Конститутсияи мамлакати истиқлолро қабул кардем ва се маротиба дар асоси талаботи давраи истиқлолият ва байналхалқӣ ба он тағйирот ва иловаҳо даровардем, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994, 1999, 2006, 2013, 2020) интихоб кардем. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллиро қабул ва парламенти нав (касбӣ) - ро интихоб намудем, тартиб ва фаъолияти онро такмил додем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро ба роҳ монда, Артиши Миллӣ, Қушунҳои сарҳадиро ташкил кардем, Шурои ҷамъиятӣ (1996) ташкил кардем, шартномаи умумимиллии сулҳ имзо шуд (27 июни соли 1997), ба роҳи калони – шоҳроҳи бунёдкории созандагӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ мамлакат баромада, вазифаҳои таърихи истиқлолиятро, ки неъмати бебаҳои таърих аст ба ҳаёт татбиқ карда истодаем. 
Аввалин бор дар таърихи халқи тоҷик дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона аст ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буд, ин ҳуқуқи худро бевосита ва ё воситаи вакилонаш амалӣ мегардонад. Ва боз ҳам бо майлу  иродаи халқ аввалин маротиба  дар таърихи марҳилаи навини кишварамон дар давраи истиқлолият парламенти нави касбӣ, ки иборат аз ду палата мебошад, таъсис дода шуд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардида, оид ба ин фанҳо олимпиадаҳои  зинавӣ гузаронда шавад таъкид шуда буд, натиҷаи дуруст дод. Барои ҷалб кардани  наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронданро пешниҳод намуданд, Пешвои миллат. Дар натиҷаи озмунҳои қаблӣ «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд.   Соли 1991 – ум 13 мактаби олӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият бурда бошад, 2020-ум 41 мактаби олӣ бо 245 ҳазор донишҷӯ бо донишҷӯёне,  ки дар  хориҷи кишвар таҳсил мекунанд (40 ҳазор) - ҳамагӣ 285 ҳазор донишҷӯ фаъолият мебаранд, ба омӯзиши забони давлати - тоҷикӣ, забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ ва технологияи иттилоотиро ташкил кардан  таъкид карда шуд. 
Аз ҳама бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият, неъмати бебаҳои таърихӣ, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Дар барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, пеш аз ҳама, саҳми Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ, Россия, Эрон ва давлатҳои ҳамсоя арзанда аст.         
Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих буда, мо аз ин неъмат устокорона истифода бурда, онро ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз намоем. Дар давраи истиқлолият раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа дар марҳилае қарор дорад, ки барои фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ на танҳо фазои сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, балки марҳилаи нави бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар заминаи воқеии арзишҳои инсонгароӣ қарор дорад, оғоз ёфтааст. Ҳоло дар кишвари азизамон 7 ҳизби сиёcӣ, зиёда аз 3000 созмони ҷамъиятӣ, 100 маҷалла, 300 рӯзнома, зиёда аз 40 радио ва ТВ озодона фаъолият мебаранд, ки зиёда аз 85 дарсади онҳо  ғайридавлатӣ мебошанд.
Яке аз муваффақиятҳои бузургтарин марҳилаи давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин ташаккули фазои нави иҷтимоию сиёсӣ, ғоявию фарҳангӣ, идеологӣ ва афкору андеша, тафаккури навинест, ки шаҳрвандони кишварро дар атрофи ғояҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, урфу одат, анъана, дину оин ва суннатҳои милливу давлатдории миллӣ муттақид намуд. 
 
Сафар ЭРКАЕВ, 
дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ 
ба номи академик Б. Ғафуров, 
Рустам РАҲИМЗОДА, мудири кафедраи фанҳои 
ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи Академияи  ВКД
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 487
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед