logo

сиёсат

АНГОРАҲОИ ОЗОДӢ

Моҳияти озодӣ ва соҳибихтиёриро ҳине дарк намудам, ки Парчами давлатии Тоҷикистонро дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид барафрохтанд ва минбаъд партавафшониашро дар пирӯзии фарзандони сарзамин дар сабқатҳои илмӣ ва варзишӣ мушоҳида кардам. Дидам, ки ҷавонони навхат ашки шодӣ мерезанд, баробарашон ашк рехтам. Баробари дигарон дар ҳавои Суруди миллӣ аз ҷой бармехезам. Эҳтиромро ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мекардаму меболидам. Ва дарёфтам, ки истиқлол ифтихор ва масъулият аст.
Ба ҳангоме ки мардуми баномусу нанги тоҷик бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Хатлон» ва «Шаҳристон», неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обиро бунёд намуданд ва муттаҳид гашта ба сохтмони иншооти аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» остин барзаданд ва намояндагони 120 шабакаи телевизионӣ ва радиоии ҷаҳон мужда аз ин корнома гузориш пахш карданд, аз тоҷик буданам ифтихор доштам.
Замоне, ки мардум ба ягонагӣ расиданд ва дасти ҳамдигар гирифтанд, ҳалли душвориҳо бароямон саҳл шуд. Ва ба ободии кишвари азиз пардохтем, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтем, ба истиқлоли энергетикӣ расидем, ҳамчун модари тоҷик аз корномаҳои фарзандони баномус сар бар арш медоштам.
Фарҳангиёни олам бо шинохти 5500 соли Саразм ба тамаддуни сарзамини бостонӣ ошно гардиданд. Акнун бо ифтихор куртаи чакан ба бар мекунам, ки дар олами мутамаддин дастранҷи ниёгонам ҳамчун осори шигарфи фарҳангӣ пазируфта шуд… Ва шояд аксар авзо ва аҳволи маро доранд.
Дар ибтидо, ҳангоме Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва нашр шуд, донишҷӯ будам. Мисли ман кам набуданд ҳамсолонам - нопухтагони олами сиёсат ва аз умр баҳра набурда. Ба ранги дигарон шод шудем, вале муқовимат ва садои тири туфанг мардумро ноорому ноумед гардонд. Навҳаи модарону ятимон ва ҳамсарони фарзанду саробон гумкарда, ҳамнавои садои сиёҳи ҷанг шуд. Ҳис намудам, ки мисли ривоятҳои куҳани таърихӣ: «Тавлиди инчунин тифл – Тоҷикистони соҳибихтиёр ба нафъи доираҳои манфиатҷӯе нест. Ва дар гаҳвора қасд ба ҷонаш карданд».
Ин ҳукми доираи ғаразҷӯ ва аҳриманфитрат боиси фоҷиаи миллати тоҷик гардид. Раҳми ҷони ҷавонмаргонро накарданд ва кишвар оғӯштаи хун шуд. Ба гирдоби мурдори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ печид. 
Мо - навхатони он айём, шоҳиди ҷанозаҳои ҳамсолони худ, азияти тифлону солхӯрдагон аз гуруснагӣ ва беморӣ ва фирору дарбадарии ҳамватанон будем. Дар амалҳои пасти разилона дасти худиҳо бештар эҳсос мегардид, ки бегонаҳоро бар фарзандони падар бартарӣ медоданд.
Он овон дилам аз гирудорҳо сиёҳ шуда буд. Насли мо умри хешро барбодрафта мепиндоштанд. Пеши чашмамон роғе барои рӯшноӣ наменамуд.
Бо баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қавли мардум, дар рӯямон сурхӣ дамид. Ва таърих ба саҳна сиёсатмадореро хонд, ки оромиву осудагии мардумашро ба қимати ҷони ҷавонаш бар дӯш гирифт. Ӯ Эмомалӣ Раҳмон буд, балки ҳамоне, ки чор даҳсола қабл ҳамчун наҷотдиҳандаи миллати тоҷик ба дунё омада буд. Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро аз вартаи нобудӣ берун овард, сохтори давлатиро бунёд намуд ва ба ягонагии миллӣ роҳи паҳновар кушод. Ва Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олиро дар дилам мавлуди дигар ва ибтидои бунёди давлати навини Тоҷикистон тараннум кардам.
Дар зарфи 30 сол ба комёбиҳои рӯзафзун ноил шудем, ки мислашро дар садаи ХХ надида будем. Ҷомеаи амну озоду осуда дорем. Ҳарчанд рақибон аз ин ҳама қоил нестанд. Муҳимаш, ки мо – бонувон, дар идораи мамлакат саҳм мегирем ва кадбонуҳои хони худем. Аз ҳаёт ва рӯзгори фарзандонамон хавф надорем ва аз неъмати истиқлол баҳра мебардорем.
Воқеоти рӯзҳои ахири Афғонистон бароямон сабақи таърихист. Бозиҳои кишварҳои абарқудрат ва неруҳои манфиатҷӯй ҷилваҳои тоза намоён мекунанд. Дар ин раванд, дар баробари нигаҳдории арзишҳои миллӣ, ҳифз ва посдории анъана, вазифаи асосии мо ҳифзи миллат мебошад. Дар ҳамин зоҳир мешавад рисолати ҳар фарди ватандор дар замони носозгор.
Мо – модарон, хуб эҳсос мекунем раванди ҷомеаи бошитоби имрӯзаро ва аз фарзандони донову оқили худ мефахрем. Онҳо рисолати ватанпарастии хешро адо мекунанд. Кишваре дар олам нест, ки фарзандони диёри ҳамешабаҳори мо он ҷо ихтисос, касбу ҳунар, илму забон наомӯзанд. Яқин шуда, ки онҳо бо донишу таҷрибаи ғанӣ бозмегарданду дар рушди кишвар нақши босазо мегиранд ва бо зеҳни тавонои худ миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Вале, дар баробари онҳо, ҷавонҳое низ дорем, ки ба дому найранги доираҳои ифротӣ медароянд ва шарафу шаъни миллатро хоки раҳ мекунанд. Ба гузаштаи пурғановат дастдарозӣ карда, донишҳои пешин ва комёбиҳои беамсоли замони истиқлолро зери соя мегиранд. Ба забон, таърих, урфу одат, анъана ва комёбиҳои маънавӣ хавф эҷод месозанд ва дар роҳи расидан ба ҳадафи худ аз ҳеҷ разолат рӯй намепечанд.
Дар ин раванд нуктаи заъф бетарафӣ ва бетафовутӣ мебошад, ки доирае ба моҳияти озодию истиқлол аз пушти панҷа менигаранд. Ҳамагонро зарур аст, ки дар баробари хидмати софдилона баҳри рушди кишвар дар тарғиби ғояҳои озодӣ ва шинохти неъматҳои истиқлол саҳми муносиб гиранд.
Мо - бонувони сарзамин, бештар аз ҳама ба қадр ва моҳияти озодӣ, истиқлол мерасем ва ба посдории ғояҳои он устуворем. Ва ба ин фикрам, ки дар тамоми ҷаҳон модарон як мавқеъ доранд. Дар таърих ҳеч давру замон иттиҳоди хоссаи занон ба қайд гирифта нашудааст, ки бар зидди халқи худ муборизаи ошкоро ангехта бошад. Ва дар қатори хоинони миллат ва ватанфурӯшон аз ҷумлаи модаронро касе ёд надорад. Мо ба Ватани худ содиқем ва аз фарзандони худ чунин муносибатро тақозо менамоем. Нашинохтани озодӣ ва дастовардҳои истиқлолият, хиёнат ба Ватан, ба Модар аст.
 
Шоҳона СУЛАЙМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед