logo

сиёсат

ВАҚТЕ ТОҶИКИСТОН ДАР ГИРДОБИ ЯЪСУ НОУМЕДӢ ФУРӮ МЕРАФТ...

Маҳз фазилату заковати фитрии худовандӣ буд, ки миллати азиятдидаю ҷабрдидаи тоҷик тули солҳои начандон тулонӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун миллати ваҳдатофар шинохта шуд. Даргириҳои дохилие, ки  дар ҷумҳурии азизамон ба амал омад, гӯё санҷиши тақдир буд. Бар ивази хунрезию ҷонбозиҳои ҷавонмардони ватандӯст халқи тоҷик ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худ расид. 
Дар айёме, ки кишварро гирдбоди яъсу ноумедӣ, даҳшати ҷанги бародаркуш фаро гирифта буд, Худованд барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаеро қудрати сарварӣ дод, ки  ҷаҳониён шефтаи ҳунари роҳбарии ӯ гаштанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози миллат Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бовариву эътимоди устувор низоми давлатдориро ба роҳ гузошт. Ҳанӯз дар соли пурошӯби   1994, вақте ки мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистон умед ба ояндаи кишвар ва Сарвари ҷавони  худ доштанд,  бо барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гаштанд. Ҳадафҳо ва самтҳои барнома хеле муҳим ва эътимодбахш буд, зеро суханҳои ӯ ҷавонмардона, содиқона ва оқилона буданд. «Ман ба савганди худ, ки ҳанӯз дар рӯзи нахустини ба сари ҳокимият омаданам ёд карда будам, содиқам», - баён дошт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз рӯзҳои нахустини ба сари вазифа омадан моломоли  ташаббус,  эътиқод  ба халқу миллат, мақсаду маромҳои  муваффақона буд.
Қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Бахтномаи  миллат», Суруди миллӣ, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон подоши  ранҷу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишмандону олимон, коршиносону аҳли зиёи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ҳадафҳои пайгиронаи Президенти кишвар аз таъмини сулҳу субот, ваҳдату   якпорчагии  кишвар,  баргардондани гурезагон ба Ватан,  демократикунонии  ҷомеа,  таҳкими давлатдорӣ,  ҳифзи ҳуқуқ  ва озодиҳои шахрвандон,  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буд.  Дар он айём яку якбора дар амал сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо  ғайриимкон буд. Зеро  ҳанӯз силоҳбадастон дар бархе  аз  минтақаҳои кишвар бо амалҳои ғайриқонунии худ мушкилот ба амал меоварданд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст кӯшиш мекарданд, ки аз сари нав кишварро ба гирдоби ҷангҳои дохилӣ кашанд. Қатлу куштори як зумра олимону зиёиёни миллат, шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ аз зумраи чунин амалҳои ғайриинсонии он афрод буд. 
 Гузарондани ҷаласаву вохӯриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар, гуфтушуниду мулоқот дар   ҳолату   вазъияти  хатарнок  байни гурӯҳҳои даргир,  суҳбату  вохӯриҳои  судманд бо сарони давлатҳои мухталиф оид ба эътидол овардани кишвар ҷанбаъҳои муҳими таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  мебошанд, ки  нақши  муҳиме  дар ин раванд доранд. Ба имзо расидани Созишномаи  истиқрори сулҳи  тоҷикон, ки 27-уми  июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба вуқуъ пайваст, дар бунёди давлати демократии  ҷумҳурии азизи мо  заминаи мустаҳкам гузошт. Ин рӯзи муборакро  тамоми мардуми Тоҷикистон  бо  ашки  шодию фараҳмандӣ ҷашн гирифтанд.                  
Зина ба зина ва давра ба давра  рушди соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакат дар паёмҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳар сол ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, дар  рушду  пешрафти   соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқи  мамлакат тарҳрезӣ мегардад, ки яке аз дастовардҳои  замони истиқлол маҳсуб меёбад. Ба тасвиб  расидани қарору фармонҳое, ки аз  ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи  нақши  занон дар  ҷомеа  ва фаъолияти озодонаи бонувон дар сохторҳои давлатӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буд. Зеро бо сабаби фалаҷ гаштани сохторҳои давлатӣ мавқеи занон коста гардид. 
Ҳамчун мутахассиси соҳаи кор бо занон ёд дорам, ки  фаъолияти бонувон дар соҳаҳои  хоҷагии  халқи  вилояти Хатлон дар сатҳи паст қарор дошт. Шумораи умумии  занони роҳбар  дар вилояти Хатлон аз 16 то 18 фоизро ташкил мекарду халос. Баъди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1995  «Дар бораи баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа» шумораи занони роҳбарикунанда меафзояд ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  муовинони  раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо аз ҳисоби занони болаёқат зиёд мегардад, ки бонувони ҷумҳуриро  руҳу  илҳоми тоза мебахшад.
Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар вилояти Хатлон шумораи умумии занони роҳбарикунанда зиёд шуда, занони болаёқат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми босазои худро мегузоранд. Пайи ҳам ба тасвиб расидани як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти занону бонувон, масъалаҳои гендерӣ, дастгирии занони лаёқатманд   дар  сохторҳои давлатӣ, рушди соҳаи соҳибкории хурду миёна дар байни занони соҳибкор дастоварди  муҳиме дар таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки дар кишвар чунин меҳрубонию илтифот, қадрдонию эҳтиром нисбат ба Зан - Модар то ҳол ба чашм нарасида буд.
Солҳои  баъдиҷангӣ хонаҳои сӯхтаву валангор, заводу фабрикаҳои  бекорхобида, вазъи кори ташкилоту идораҳо хуб набуд. Дар ҳуҷҷатгузорӣ аз варақҳои сиёҳнависи замони шуравӣ истифода мебурдем. Медонистем, ки  сифати кор начандон хуб аст, аммо кӯшиш менамудем, ки  натиҷабахш бошад. Ҷойи музди  меҳнат  маводи хӯрока, аз қабили равған, гандум баъзан сабзавот ҳам, дода мешуд. Аксар хонаводаҳо бесаробон, паҳну парешон гашта буданд. 
Тибқи нишондодҳои омории солҳои 1992 – 1993 дар вилояти Хатлон 17976 кӯдак бепарастор монда буд. Аз ин шумора 16226 нафари онҳо аз як сарвари оила маҳрум буданд. 1750 кӯдак ҳамчун ятими кулл ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи бартараф сохтан ва беҳбудӣ бахшидан ба ин масъала чораандешӣ менамуд. Президенти  кишвар бо ҳисси масъулиятшиносӣ дарк намуда буданд, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд.  Борҳо дидем, ки  дар ҳар вохӯрию  суҳбатҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо  дар назди мардум  мегузаронанд,  бо ҳаёти кӯдакону оилаҳои  ҳамон маҳал  ошно  гашта,  дар баробари ин кумакҳои моддию маънавӣ мерасонанд. Сохторҳои давлатиро сафарбар месозад, то  вазъи оилавии онҳоро  омӯхта, мусоидат намоянд. 
Зани  солхӯрдаеро  дидам, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашта, бо ҳисси  ифтихор мегуфт: «Таърих чунин шоҳи одилро ёд надорад, ки  ба сағиру кабир  ин қадар меҳрубон  бошад. Он қадар меҳрубон ва дилсӯз аст, ки лабу даҳони кӯдаки ятимро бо рӯймолчааш пок месозад, ин бузургию  ҷавонмардии Сарвари давлати моро нишон медиҳад. Худованд давлаташро зиёда созад, умраш дароз бошад». Мурод аз суханони зан ин аст, ки ҳангоме Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба куҷое сафар намоянд, ҳатман аз ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон, кӯдакону барҷомондагон, хурду калони он маҳал огоҳ мегарданд, кумакашон менамоянд.  
Нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ давра ба давра  рафъ гардида, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии мамлакат  пойдор гашт, ки ин ҳама маҳсули   кӯшишу  заҳмат ва ранҷҳои кашидаи  ҷавонмардони баору  номуси  миллати тоҷик мебошад.  Дар ин раванд хизмати  шоиста ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  назаррас аст. Ҷаҳониён   аз мактаби Эмомалӣ Раҳмон, ки намунаи барҷастаи  ҳунари роҳбариву давлатдориро  инъикос менамояд,  меомӯзанд.  Мегӯянд, ки шахсиятҳои таърихӣ  баъди ҳазорсолаҳо ба халқу миллате  насиб мегардад, ки на танҳо ба як миллат, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ тааллуқ доранд. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» яке аз масъалаҳои  сатҳи  ҷаҳонӣ буда, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуда, ба тасвиб расидааст.
Баргузории Симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ оид ба  об  ҳамчун  масъалаи глобалӣ  қайд гашта, силсилаи вохӯрию конференсияҳои байналмилалӣ байни давлатҳои дунё гузаронда мешавад, ки ин далел ба он аст, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дар ҳолати рушд қарордошта бошад ҳам, ба тағйирёбии иқлиму вазъи экологии ҷаҳон бетараф нест. Ҷаҳонишавии Ҷашни Наврӯз ҳам маҳз бо пешниҳоди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, тамоми ҷаҳон онро ботантана ҷашн мегиранд.  Шукр мегӯем, ки Худованд ба сарзамини Тоҷикистон  чунин фарзанд бахшид.  Шукр аз он месозем, ки  имрӯзҳо ҳаёти осоишта, сулҳу субот  якпорчагии мамлакат побарҷост. Вазъи орому осуда  моро водор месозад, ки пайи тадбирандешӣ оид ба  масъалаҳои иҷтимоӣ дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия бошем. Вазъи ҷаҳони имрӯза ҳар як фарди худогоҳро водор месозад, ки пайи тадбирандешӣ бошем. Имконияту шароити хубе, ки бо баракати Сарвари кишвар ба ивази ҷоннисориҳо  ба  даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, арзишҳои миллиро қадр созем.
Нооромие, ки  дар ҳамсоякишварҳо ба  амал  омада,  дар  оташу  гирдоби  ҷанги  ифротгароён  қарор  доранд  ва  ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардаанд,  моро  водор  месозад, ки  ҳушёрии  сиёсиро  мустаҳкам созем, насли  ҷавонро  дар  руҳияи  худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром  ба  обу хоки сарзамини  азизамон  таълиму тарбия  намоем. Насли  ҷавон  бояд  дар хотир  дошта бошанд,  ки  ободию  озодии  кишвар  подоши  ҷоннисориҳои  ҷавонмардони  худогоҳи  миллат, хусусан фарзанди  барӯманди миллати тоҷик Эмомалӣ  Раҳмон    ба  даст  омадааст. Бо  ифтихори  бузург  гуфта  метавонем, ки  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон шахсияти барҷастаи  ҷаҳонист. Ӯ  хизматҳои шоиста   ва  бесобиқа  барои  халқи  тоҷик менамояд. Бо  вуҷуди  мушкилоти  сиёсиву  иқтисодӣ, зиддиятҳои  дохиливу хориҷӣ  Сарвари давлатамон  тавонист, ки  Тоҷикистонро  ба  ҷаҳониён  муаррифӣ намуда,  ваҳдату якпорчагии  кишвари азизамонро таъмин созад. Шоир буҳуда нафармудааст:  
Ноқобилони давр  ба  мақсад  намерасанд, 
Дунё  ҳамеша  дар  талаби  марди  қобил  аст.   
 
Мардони  қобил  дар  ҳама  давру  замон  ангуштшуморанд. Барои  ҷомеаи башарӣ  хизматҳои  арзанда   менамоянд  ва  дар  назди  таърих  чун  шахсиятҳои  барҷаста  ҷовидонӣ  мемонанд.
 
Шарофат  ДОНИЁР, журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед