logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.
Дар он, инчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов,  Сарвазири Ҷумҳурии  Молдова Наталя Гаврилитса, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зимни суханронӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус, таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва, алахусус дар минтақаи Иттиҳод, андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони кишварҳои иштирокчиро бо санаи муҳим –  30-солагии таъсиси ИДМ табрик гуфта, ҷиҳати идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи Иттиҳод ба нафъи шукуфоии минбаъдаи давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу намуданд.
Вобаста ба таъсири омилҳои беруна, пандемияи коронавирус ва дигар хатарҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод гардид, ки бояд ба масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои рафъи буҳрон ва коҳиш додани оқибатҳои манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
Дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар шароити кунунӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, нақлиёт, энергетика, молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инноватсия муҳим арзёбӣ шуд.
Таъкид гашт, ки барои ҳамкорӣ байни кишварҳои ИДМ дар соҳаи рақамисозӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаи технологияҳои баланд ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири технологӣ дар истеҳсолот имкониятҳои калон мавҷуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои бехатарӣ зикр шуд, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар ҳама зуҳуроти он, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамчун афзалиятҳои Иттиҳод, дар соҳаи амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки дар ин самт дар чаҳорчӯбаи Иттиҳод механизмҳои муносиби ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, Маркази зиддитеррористӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд.
Барои амалисозии ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва дар оянда мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод дар соҳаи амният андешидани чораҳои дахлдор зарур шумурда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои иштирокчӣ мамнуъ эълоншуда, якҷоя амалӣ карда мешаванд. Дар зимн, ҳамчунин, таъмини ҳифзи фазои иттилоотии Иттиҳод махсус қайд гардид.
Таъкид шуд, ки буҳрони низомӣ - сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Ба сари қудрат омадани гурӯҳи  «Толибон»,  ки  аз ҷониби Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буд, вазъро дар ин давлати ҳамсоя боз ҳам печидатар кард. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст.
Тули се даҳсолаи ахир ба кишварҳои узви Иттиҳод муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш ноил шаванд.
Ҷониби  Тоҷикистон  пешниҳод карда буд, соли 2025-ум – Соли ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби кишварҳои аъзои Иттиҳод фаъолона дастгирӣ меёбанд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 изҳори сипос карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар иртибот ба қабули раёсат дар Иттиҳод барори кор орзу намуданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари нави Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Евгений Сисоев, ки номзадиаш тасдиқ гардид, муваффақият хостанд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед