logo

иҷтимоиёт

ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – БОХТАР. САМАРАИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СТРАТЕГӢ

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад,  ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгарди аҳамияти минтақавию байналмилалидошта, нақбҳо, пулҳо ва роҳҳои оҳан бунёду тармим мешаванд.  
Бунёду навсозии роҳи Душанбе – Бохтар идомаи тадбирҳоест, ки барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ расондани қитъаи роҳи  байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини зудҳаракатӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллӣ равона шудааст. Корҳои асосии таҷдиду навсозии роҳи мазкур, ки ду марҳиларо дар бар мегиранд, ба итмом расида, айни ҳол насби аломатҳои роҳ, кашидани хатҳои уфуқӣ ва тозакунии паҳлуҳои роҳ идома доранд. Масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 73 километр буда, дар ин ҷо корҳо аз соли 2017 оғоз ёфта, дар он мутахассисони маҳаллию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои замонавӣ ба кор ҷалб шуда буданд. 
 
Ҷиҳати татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа, ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, корҳои заминӣ, мумфаршкунӣ, гузоштани деворҳои ҳимоявӣ, хобондани лӯлаҳои обгузар, бунёди такядеворҳо, равшаннамоӣ ва дигар корҳо бо саҳми масъулону мутахассисони Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо иҷро гардида, барои анҷоми корҳои боқимонда имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешаванд. 
Дар  татбиқи  марҳилаи  аввали лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Бохтар зиёда аз 200 нафар коргарону мутахассисони соҳа (93 дарсадашон маҳаллӣ) ва 80 техникаву таҷҳизоти муосири роҳсозӣ сафарбар шуда буданд. 
Кулли кормандони ширкатҳои пудратию машваратӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳа барои пеш аз муҳлати муқарраршуда ба истифода додани роҳи мазкур азми қавӣ дошта, татбиқи ин тарҳро дар рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.  
Дар марҳилаи аввали лоиҳа, ҳамчунин, чор пули мошингузар, чор гузаргоҳи зеризаминӣ барои интиқоли чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, ду гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва пиёдагардон бунёд ёфтанд. Ҷӯйборҳои канори роҳ ҳам аз корҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд, ки  бо сифати баланд сохта шудаанд.
Муовини директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Эраҷ Абдувоҳидзода иброз дошт, ки бунёди 20 истгоҳ барои нақлиёти ҷамъиятӣ, хонаи модару кӯдак, бозорчаҳои мавсимӣ, таваққуфгоҳҳо, нуқтаҳои санитарӣ ва чароғонкунӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки то охири сол ба анҷом мерасанд. 
Роҳи мазкур ба талаботи роҳҳои дараҷаи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, корҳои сохтмонии он ба сифати баланд ба анҷом расидаанд. Дар доираи лоиҳа, назорат ва идоракунии корҳо ба зиммаи машваратчии байналмилалӣ вогузор шуда, ҳамзамон, дар ҳамбастагӣ бо машваратчӣ ва мутахассисони маҳаллӣ назорати он амалӣ мешавад. Лоиҳа дорои озмоишгоҳи худ мебошад, ки ҳам сифати масолеҳи истифодабурдашуда ва ҳам технологияи корӣ зери назорати қатъӣ гирифта шудаанд. 
Роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар дорои чор хатти ҳаракат буда, паҳнои он аз 23 то 27 метрро ташкил медиҳад. Пас аз татбиқи лоиҳа, мутобиқи стандарт роҳ ба дараҷаи 1б шомил мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан роҳ ҳолати  ногувор дошта, тибқи арзёбии мутахассисони соҳа бо паҳнои то 14 метр ва ду хатти роҳ танҳо бо дараҷаи 3 баҳогузорӣ мешуд. 
- Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки нисбат ба 10 – 12 сол қабл татбиқи лоиҳаҳои имрӯза бо раванди махсус амалӣ мешаванд. Яъне, агар, қаблан, лоиҳа танҳо таҷдиду навсозиро дар бар гирад, имрӯз ҷузъиёти алоҳидаро низ фаро мегирад. Инҳо - чароғонкунӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, сохтмони хонаи модару кӯдак, таваққуфгоҳҳо, бозорчаҳои мавсимӣ мебошанд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати амалисозии тиҷорат, фурӯши маҳсулоти хонагӣ ва беҳтар кардани сатҳи иқтисодии хоҷагӣ мусоидат менамоянд. Иншооти мазкур, ҳамчунин, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, хусусан барои сайёҳон ва истифодабарандагони он бунёд мегарданд, -  гуфт Эраҷ Абдувоҳидзода.  
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур компоненти алоҳида –  барномаи гендерӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он сатҳи саводнокии занҳои ҳамшафати роҳ дар масъалаи ҳуқуқи оилавӣ, тиҷорат ва ҳуқуқи андоз баланд бардошта мешавад. Инчунин, компоненти дигар аз фонди Бонки осиёии рушд амалӣ мегардад, ки дар доираи он як қатор деҳаҳои ҳамшафати роҳ бо оби нӯшиданӣ таъмин шаванд. Хусусияти компонент он аст, ки дар доираи лоиҳа бо истифода аз энергияи офтобӣ насосҳои обкаш насб шуда, бо роҳи хобондани лӯлаҳои обгузар ба деҳаҳои дурдаст об мерасад. Амалишавии он то семоҳаи аввали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. 
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар доираи лоиҳаи мазкур дар километри 18-уми роҳ сохтмони хокреза амалӣ мешавад ва барои таъмини бемонеаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳи мавҷуда муваққатан мумфарш гарида, тамоми бехатарии ҳаракат дар роҳ дар он ҷо таъмин  аст.  Пас аз анҷоми корҳо ҷиҳати бунёди хокреза он бояд аз рӯйи талаботи лоиҳавӣ як сол зери назорат гирифта шуда, пас аз он, пурра ба истифода супурда шавад. 
Дилшод Саидов, ронанда аз деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки пештар бо сабаби вайрон будани роҳ қисмҳои воситаҳои нақлиёт зуд корношоям шуда, барои таъмир маблағи зиёд сарф мешуд. Ҳоло ин мушкил аз байн рафта, роҳи ду соатаро бароҳат дар як-яку ним соат тай мекунад. 
Боиси тазаккур аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо фонди ОПЕК (ҳам дар шакли грант ва ҳам дар шакли қарз) маблағгузорӣ мешавад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии татбиқкунандаи он Маркази татбиқи таҷдиди роҳҳо, машваратчии байналмилалӣ ширкати КОКС-и Олмон ва паймонкорон ширкатҳои «Бейсин» (марҳилаи аввал) ва «Синохидро Корпорейшн ЛТД» (марҳилаи дуюм) Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Маблағи лоиҳаи мазкур 203,88 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар марҳилаи аввал 96, 38 миллион ва дар марҳилаи дуюм 107,5 миллион доллари ИМА сарф гардид, ки дар он саҳми Тоҷикистон ҳам назаррас аст.  
Шоназрӣ Ҷобиров, менеҷери лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Бохтар, марҳилаи дуюми лоиҳа аз километри 33 +475 оғоз ёфта, дар километри 73+050 ба анҷом мерасад ва, дар умум, таҷдиду навсозии 40 километр роҳро дар бар мегирад. Дар лоиҳа сохтмону азнавсозии 9 пул, гузарондани 46 лӯлаи обгузар, чароғонкунии ҳудуди ноҳияи Хуросон ва ҷамоатҳои деҳоти Уялӣ ва Қизилқалъа, 15 километру 742 метр роҳҳои пиёдагард, 18 гардиш, кӯчондани хатҳои барқ ва алоқа, гузарондани 45 лӯлаи обгузар бо дарозии 1 546 метр ва насби 507 аломати роҳ, истгоҳҳо бо павилионҳо ба инобат гирифта шуда буданд, ки  ба ҳолати имрӯза пурра ба анҷом расиданд. 
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 218 коргари маҳаллӣ ва 72 коргари чинӣ бо истифода аз 101 техникаву таҷҳизот дар ду баст фаъолият мекарданд. 
- Чунин роҳ ва чунин шароитро танҳо орзу кардан мумкин буд. Мо - ронандагон аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи роҳдорӣ хушнуд буда, ҷиҳати бунёди чунин роҳҳои баландсифат изҳори сипос менамоем, - мегӯяд ронанда Раҷаб Ҳакимов. 
Бино ба гуфтаи Шоназрӣ Ҷобиров, дар баробари сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар, 2 километру 800 метр роҳҳои маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки фарсуда буданд, навсозӣ шуданд. Ғайр аз ин, аз дарёи Вахш тавассути лӯлаҳои обгузар бо дарозии 1 километру 70 метр оби нӯшокӣ барои деҳоти Қизилқалъа ва оби полизӣ барои заминҳои корам аз ҳисоби сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар оварда шуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. 
Бояд гуфт, ки ин иқдоми роҳсозон зиндагонии мардуми маҳаллиро бамаротиб осон намуда, барои беҳтар сохтани вазъи иқтисодии онҳо имконият фароҳам меорад. Аҳолии маҳаллӣ ниҳоят аз ин тасмими роҳсозон хушҳол буда, барои муҳайёсозии шароити мусоид миннатдоранд. 
Пётр Заикин, сокини шаҳри Кургани Россия, ки маротибаи панҷум ба шаҳри Бохтар меояд, иброз дошт, ки қаблан қисматҳои нимсохт зиёд буданд, имрӯз он пурра таҷдид гардида, аз беҳтарин роҳҳо ба ҳисоб меравад.  
Роҳи Душанбе – Бохтар, ки дар ду марҳила таҷдиду навсозӣ шуд, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Бунёду навсозии роҳи мазкур аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. 
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, дар ин самт аз чораҳои муассир кор мегиранд, ки натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд.   

Шаҳноз ҚУРБОН, 
Кароматулло АТО,
суратгир Комрон САФАР,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Бохтар – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 1479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед