logo

иҷтимоиёт

МЕҲРГОН. АНЪАНАИ НЕКИ НИЁГОН

Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ, ин анъана аз замони давлатдории сулолаи Сосониён ибтидо мегирад. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, Ҳурмузд – писари Шопури Сосонӣ онро дар сатҳи баланд таҷлил менамуд ва он минбаъд ривоҷ ёфт. 
 
Меҳргон аз қадимтарин, пурмазмунтарин идҳои мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад. Ин ойини неки мардуми эронинажод ба аҳли санъат, ҳунар ва мусиқӣ низ таъсир расонд: дорбозон, ширинкорон, базлагӯён, ҳозирҷавобон, аскиячиҳо, паҳлавонони халқӣ маҳорату салиқаи худро нишон медоданд ва шоистаи таҳсину офарин мегардиданд.
Аҷдодони мо дар таърихи беш аз ҳазорсолаи хеш иди Меҳргонро зиёд васф намудаанд. Бино, ба сарчашмаҳои таърихӣ, дар бахши мусиқӣ ва санъат оҳанги «Меҳргон» вуҷуд дорад. Он бо  унвони оҳанги  «Меҳргонӣ» ё худ «Меҳргони бузург» сабт шудааст. Бар замми ин, дар замони зиндагии Борбади Марвазӣ танинандоз будани оҳанги дилпазири «Меҳргони бузург» дар таърихномаҳо оварда шудааст. Бесабаб нест, ки устоди шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакии бузургвор табиати зебо ва расми неки гузаштагон – Наврӯзу Сада ва Меҳргони қадимиро тараннум намуда, сифати Меҳргонро хуб сурудааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни Шоҳону Хусравон омад.
 
Вожаи “меҳргон” аз решаи “меҳр” иборат буда, маълум мешавад, ки Меҳргон ҷашни меҳру муҳаббати инсонҳо ва ғалабаи некӣ бар бадиҳо аст. 
Мувофиқи солшумории ниёгонамон, агар 21 март иди Наврӯз ҳамчун оғози сол ҷашн гирифта шаваду деҳқонон донаи умед коранд, ҳосили онро дар фасли тирамоҳ, яъне 22 сентябр, ки оғози моҳи Меҳр аст, ҷамъ меоваранд. Аз ин рӯ, ҷашни Меҳргонро ҷашни ҳосил низ меноманд. Ҳосил бошад, дастранҷи Бобои Деҳқон ва Бобои Боғбон мебошад, ба ин хотир, Меҳргон иди махсуси ин ду марди меҳнаткашу кишоварз низ мебошад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». 
Сухани дигари хушоянд он аст, ки Меҳргони Аҷам дар мулки тоҷикон ба саховату эҳсонкорӣ, некандешии муосирони ҳимматпешаи диёрамон илқо менамояд. Мо худ шоҳиди он гардидем, ки соҳибкорони олиҳиммати кишвар, онҳое, ки шарафи инсонӣ ва дасти хайру саховатро аз ҳар чи баландтар меҳисобанд, ба ниёзмандон, қабл аз ҳама ба кӯдакони бесаробону пиронсолон, мадад менамоянд. 
Идҳои суннатию таърихии аҷдодамон маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардида, ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург – ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хоса таҷлил мегардад. Ба қадри ин ҳама хушиҳо расидан камоли ватандӯстист. 
Ҳоло дар айёми фарорасии иди Меҳргон Офтоб ба бурҷи Мизон расида, замин – модар меҳрашро тавассути ҳосили зироат, меваҳои шаҳдбор ба ҳамагон ҳадя мекунад. Бошад, ки ҷашни Меҳргон ба мардуми тоҷик файзу баракат ва фаровонӣ ато намояд.
 
Шарифҷон ХОҶАЕВ,
директори Институти хокшиносӣ 
ва агрохимияи АИКТ, 
Тоҳирхоҷаи ХОҶАЗОД, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед