logo

иҷтимоиёт

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла  менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ Сандип Махаҷан ва коршиноси калони иқтисодии бонки мазкур Ивайло Изворский, мулоқот анҷом дод.
 
Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории самарабахшу судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои низоми бонкии кишвар, амалигардонии як қатор ислоҳот ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ маълумот пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ ва бо ин мақсад, пешниҳоди як қатор имтиёзҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ имкон фароҳам оварданд, ки соли молиявии сипаригардида мусбат ҷамъбаст шавад.
Ҳамчунин, бо нишон додани вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишварҳои минтақа, Бонки миллии Тоҷикистон тавассути пешбурди сиёсати мутавозии пулию қарзӣ ва истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ тавонист дар чунин шароити печида сатҳи таваррумро муътадил нигоҳ дорад. Пешбурди сиёсати самараноки қурбӣ ва тасҳеҳи саривақтии қимати қурби расмии доллари ИМА имкон фароҳам овард, ки қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Менеҷери макроиқтисодӣ, савдо ва сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ Сандип Махаҷан оид ба саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф намудани пайомадҳои пандемияи COVID-19 андеша ронда, дар ин самт ислоҳоти роҳандозинамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро самараовар ва муассир баён кард. Ӯ гуфт, ки ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон устуворона ва ҳадафмандона татбиқ гардида, натиҷаҳои мусбат ба бор меоранд, ки инро институтҳои молиявии байналмилалӣ эътироф менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода доир ба лоиҳаи “Стратегияи миллии фарогирии  молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки дар раванди баррасии ниҳодҳои дахлдор қарор дорад, маълумоти муфассалро манзури ҳозирон гардонда, дар ин самт тақвияти ҳамкориҳои судмандро бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи он муҳим арзёбӣ намуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед