logo

маориф

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ВАҚТЕ ОРЗУҲО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД...

Тайи чанд соли охир баргузории озмунҳои гуногуну ҷолиб ба ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки донишу маҳорат ва истеъдоди хешро сайқал дода, дар рушду ободии Ватан саҳмгузор бошанд. Яке аз беҳтарин озмунҳо, ки айни ҳол ба таври оммавӣ сурат мегираду бори дигар миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  мебошад. 
 
Воқеан, ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ падидаест, ки солҳои охир онро орзу мекардем. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки то ташкили ин озмун, дар китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба ҷуз ду-се донишҷӯ, ки барои иҷрои супоришҳои устодон меомаданд, дигар касеро намедидӣ. Дар бораи китобхонаҳои деҳот бошад, ҳоҷати  сухан гуфтан набуд. Вале, хушбахтона, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз китобхонаҳои марказӣ то китобхонаҳои дорои шумораи ками китоб мардум барои мутолиа меоянд. Ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлатро сокинони ноҳияи Сангвор низ хуш пазируфта, онро падидае меҳисобанд, ки аз ояндаи дурахшони фарзандонашон дарак медиҳад. 
- Барои ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳия тавваҷуҳи вижа равона мегардад. Дар ин муддат кормандони тамоми сохторҳо ва хоҳишмандон дар ҷамоатҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани он иштирок менамоянд. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолӣ, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун, доир мегардад. Инчунин, имкон медиҳад, ки таърихи бойи гузаштаи худро    ҳифз намоем ва ба насли оянда аз миллати қадимӣ ва соҳибфарҳанг маълумоте  бидиҳем, - иброз намуд Маҳмадулло Исмонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия. 
Қобили зикр аст, ки дар даври якуми озмуни мазкур зиёда аз сад иштирокчӣ маҳорати хешро дар тамоми номенатсияҳо санҷида, 74 нафар соҳиби роҳхати озмун дар даври ноҳиявӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки ғолибони даври якум  аз рӯйи панҷ номенатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва асарҳои шифоҳӣ, адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср дар озмун ширкат варзида, ҳамин тавр, дар ҷамъбасти он ба 13 нафар  муяссар гардид, ки дар даври минтақавӣ иштирок намояд. 
- Бояд гуфт, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се сол боз аҳолиро китобхону китобдӯст кардааст. Меҳру муҳаббати мардум нисбат ба адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ меафзояд.  Боварӣ дорем, ки  тавассути  ин озмун солҳои наздик суханвару сухандон, шоирону нависандагон, олимону пажӯҳишгарон тарбия меёбанд, зеро сол ба сол беҳтаринҳо ба озмуни мазкур ҷалб мешаванд. Маҳз чунин озмунҳо боиси муаррифии маҳорати ҳар як нафар мегардад. Хушбахтона, имкон даст доду ман низ дар номенатсияи эҷоди назму наср иштирок намуда, ашъори хешро пешкаш намудам. Гарчанде синнам ба 61 расида бошад ҳам, то ҳол барои хеш мутолиаи китобро муҳим мешуморам. Вақте ин озмунро эълон намуданд аз рӯйи кунҷкобӣ китобҳои хондаамро шумурдам, ки ба яку ним - ду ҳазор адад расид. Китобдӯстиам сабаб гардид, ки иштирокчии озмун бошам, - мегӯяд Давлат Алӣ, корманди шуъбаи фарҳанги ноҳия, дорандаи нишони сухани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Дар ҳақиқат, ташкили чунин озмунҳо ба дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон мусоидат менамояд. Маҳз он сатҳи саводнокии   ҷавонону наврасонро  баланд бардошта, аз даст задан ба корҳои ношоям  ва шомил шудан ба ҳар равияву гурӯҳҳои тундрав боз медорад. Меҳру муҳаббати Ватанро дар дили онҳо мепарварад, ки ин боиси саҳмгузорӣ ба ояндаи  дурахшони Тоҷикистони маҳбуб  мегардад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 4917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед