фарҳанг
"БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН". АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ ВА БУЗУРГМЕҲРИ БАҲОДУРРО ҚАДР КАРД
Ду ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам» дар бахши назм насиби кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим ва Бузургмеҳри Баҳодур гардид. Озмун, ки Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» якҷо бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд, як сол идома ёфт. Маросими ҷамъбасти он дар Донишгоҳи тиҷорат доир гашт.
Шоҳона Сулаймон, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ҳадафи баргузории озмунро дар васеъ инъикос намудани рӯзгори бонувони тоҷик ва мавқеи онҳо дар ҷомеа арзёбӣ намуд.
- Дар замони Истиқлол Ҳукумати кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи занон чораҳои зиёд андешидаву роҳандозӣ намуд. Мақоми занон дар ҷомеа боло рафта, ҳоло зан - модари тоҷик на танҳо фарзанд тарбия мекунаду ба камол мерасонад, балки дар идораи давлат ширкат менамояд, баҳри рушди илму маориф, фарҳанг, тиб ва соири касбу кори дигар устуворона гом мениҳад. 300 матлабе, ки давоми сол ба озмуни «Фарзанди Тоҷикистонам» ворид гардид, далели ҳамин ҳақиқат мебошанд, - иброз дошт Ш. Сулаймон.
Субҳон Ҷалил, корманди радиои «Ватан» иқдоми маҷалларо муҳим ва саривактӣ арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки «Бонувони Тоҷикистон» ҳарчанд барои занон менависад, аммо дар тарбияи мардҳо нақши зиёд дорад. Зеро мардҳоро занон ба дунё меоранду тарбият менамоянд ва вақте зан донишманд аст, хоҳу нохоҳ марди донишманд тарбия менамояд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони озмуни «Фарзанди Тоҷикистонам» ҷойи якумро дар номиннатсияи наср ба адиби шинохта Гулчеҳра Маҳмадиева, дар назм ба шоири ширинкалом Латофат Кенҷаева сазовор донистанд.
Ҷойи дуюм дар номинаи наср барои матлабҳои «Дар дарун механдиду берун мегирист», «Зане дар салтанати ормонҳо» ба Диловари Мирзо ва Лутфуллои Азиз супурда шуд. Дар номинаи назм ҷойи дуюмро дар баробари Абдулқодири Раҳим ва Бузургмеҳри Баҳодур Сафар Амирхон ба даст овард.
Ҳайати ҳакамон ҷойи сеюмро дар номинаи наср ба матлаби «Фариштаниҳод» - и Ато Ҳамдам, «Зани доно давлати мард» - и Мухтор Абдулло, «Буд ё набуд» - и Раҳматуллоҳи Раҳмон ва «Модари театри Конибодом» - и Одил Нозир сазовор донистанд. Ин мақом дар бахши назм ба Дилафрӯз Олимова ва Субҳон Ҷалил насиб шуд.
Ба ғолибони озмун сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Озмун бо баргузории барномаи ҷолиби консертӣ анҷом пазируфт.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2021 №: 207 Мутолиа карданд: 1596