logo

Хабарҳо

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

 
Муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон- МД “ТоҷикНИГиМ” семинари ҷумҳуриявии илмию амалиро зери унвони “Идоракунии захираҳои об: муаммоҳо, роҳҳои рушди устувор барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» баргузор намуд. Ҳадаф аз он, баррасии муҳимияти идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории мамлакат мебошад.
 
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ЧАРОНДАНИ БЕНИЗОМИ ЧОРВО
Нахуст, Дилшод Умаров, директори муассиса, иброз дошт, ки семинари мазкур дар ҳошияи ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ  дода мешаванд, доир мегардад.
Таъкид шуд, ки тағйирёбии иқлим, бахусус баланд гаштани ҳарорати ҳаво, ба экосистемаи кӯҳӣ ва захирахои оби Тоҷкиистон таъсири манфӣ мерасонад. Кам гардидани воридоти об, коҳиш ёфтани ҳосили заминҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво, паҳн гардидани касалиҳо ва зараррасонҳо барои ноҳияҳои кӯҳсори мамлакат оқибатҳои ногуворро ба бор меоранд. Барои мисол, дар наздикии мамнуъгоҳи Даштиҷум майдони сабзазори иҳотанамудаи он, ки чун чарогоҳи тобистона истифода мешавад, кам гашта истодааст. Дар баландкӯҳҳо, аллакай, ҳафт чашма хушк шуд. Дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 50 дарсад об кам гардид. Ин тағйиротҳо аз як тараф, аз таъсири дигаргуншавии иқлим бошад, аз сӯйи дигар, аз чарондани бенизоми чорвои шохдор сурат мегирад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2050 вақте шумораи аҳолӣ ба 10 миллиард мерасад, таъмини аҳолӣ бо гӯшт ва, ҳамзамон, зарар нарасондан ба экология боз мушкилтар мегардад. Чорвои шохдор аз ифлоскунандаи асосии муҳити зист дар чаҳон маҳсуб меёбад. Дар бисёр кишварҳо чорво аз нақлиёти автомобилӣ дида бештар ба атмосфера ва захираҳои табиӣ зарар мерасонад. Барои гирифтани як кило гӯшт ба чорво истеъмоли 3 ҳазор литр об лозим аст. Дар Британияи Кабир 90 дарсади заминҳои кишоварзиро чарогоҳҳо ва ҷойи барои парвариши дигар намуди ғизои чорво ташкил медиҳад. ИМА низ 75 дарсади заминҳои ҳосилхезро барои таъмини чорво бо ғизо истифода мебарад. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо аз таъсири ҳайвонот камшавии босуръати захираҳои табиӣ ба мушоҳида мерасад. 
Дар семинар таъкид шуд, ки солҳои охир қисми зиёди чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба таназзул ва нестшавӣ омаданд, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик айни замон дар ҳолати ногувор қарор доранд ва баъзе аз ин мавзеъҳо ба биёбон мубаддал гаштаанд. 
 
ЧАНД ПАҲЛУИ ДИГАРИ МАСЪАЛА
Иштирокдорон изҳори ақида намуданд, ки пешгирӣ накардани ин вазъ оқибатҳои ногуворро ба бор оварда, барои рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат монеа мегардад.
Дар самти беҳдошти ҳолати мелиоративӣ ва обёрикунии заминҳо низ норасоӣ ба миён меояд. Таъмини роҳҳои самараноки захираҳои об ба фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об вобастагии калон дорад, аммо онҳо ҳанӯз дар ин самт мавқеи худро пайдо накардаанд.  Ассотсиатсияҳо бо мушкили норасоии техника рӯ ба рӯянд. Ин ҷост, ки заминҳои ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ ҳанӯз аз ҷиҳати мелиоративӣ дар ҳолати нохуб қарор доранд. 
Баъди баромади олимон, коршиносон ва иштирокчиёни семинар якчанд пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, таклиф шуд, ки олимонро мебояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии мамлакат барои ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо ва, дар ин замина, бунёди чарогоҳҳои интенсивии маданӣ, гузариш ба зироатҳои ба хушкӣ тобовар, гибридҳо ва технологияҳои нигоҳдорандаи намӣ дар хок (истифодаи гидрогелу полимерҳо) тадбирҳои зарурӣ андешида, бо МД “ТоҷикНИГиМ” ҳамкориро густариш диҳанд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 931
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед