logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

 
Ба шуғл фаро гирифтани сокинони кишвар, бахусус занону духтарони хонашин, аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ низ дар мамлакат қабул ва амалӣ гардида истодаанд. 
Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок имрӯзҳо дар ноҳияи Данғара корҳои зиёд ба сомон расонда мешаванд. Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Салимҷон Нуралиев ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳадафи асосии онҳо мусоидат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020 - 2022 давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1169 корҷӯ муроҷиат карда, аз ин ҳисоб 1052 нафар мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба қайд гирифта шуда, 763 нафар дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо ба кор таъмин шуд. 
Мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои Оқсу, Корез, Лолазор, Исмат Шарифов, Сангтӯда дар моҳи августи соли равон 245 корҷӯ аз рӯйи 11 ихтисос: қаннодӣ, дузандагӣ, компютер, гулдузӣ, попуридӯзӣ, кафшергари барқ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ороиши мӯй, адрасбофӣ ва забонҳои хориҷӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, аз ҳисоби ҷавонписарону ҷавондухтарон ва модарони серфарзанд 45 нафар имсол бо ҷойи кор дар асоси роҳхат дар беморхонаи марказии ноҳия, ёрии аввалияи тиббӣ - санитарӣ ва ҶСП «Ҷунтай- Данғара Син Силу текстил» ба кор таъмин шуд. 
Дар асоси нақша дар ноҳия 11 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳо бо корфармоён гузаронда шуда, ба ин восита 133 нафар ба кор таъмин шуд, ки 53 нафар зан мебошад.  
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 692
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед