logo

иҷтимоиёт

АЗ МАСЪУЛИЯТ ТО МАҲБУБИЯТ

 
Мо – як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Карим Давлатро 37 сол пеш ба василаи  «Юшка»-и Андрей Платонов шинохтем. Ин ҳикояи нависандаи бузурги русро ӯ тарҷума ва дар ҳафтавори  «Адабиёт ва санъат»  ба нашр расонда буд. Ин тарҷумаи оливу содаву зебо ба мо мегуфт, ки тарҷумонаш аз ғановати забони ноби тоҷикӣ баҳраҳои зиёд бардоштаву ба зиндагии мардум, мушкилоти онҳо махсус диққат медиҳад.
Мо аз ин ҳикоя дарёфтем, ки зиндагии мардуми одӣ, фақиру бенаво, аммо дар асл инсонҳои ботинату поку зебо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон як аст.
Мушкилоти он рӯзгори мо дар пеши мушкилоти қаҳрамони ҳикоя – Юшка  бисёр ночиз, ба мисли гард ва ё қатрае аз баҳр намуд.
Мо дарёфтем, ки инсон аксар мушкилоти рӯзгорро худ эҷод мекунад ва боз барои рафъаш, ҳаллаш худ меандешаду талош меварзад.
Ба ном ва худи тарҷумон он замон ошно набудем. Бо ин ҳама чун қаҳрамони ҳикоя бароямон азизу гиромӣ шуда буд.
Дар он рӯзгор монанди имрӯз зуд маълумот ба даст овардан дар бораи шахсияти тарҷумон осон набуд, хосса тарҷумоне, ки нахустин бор ба маҳсули кораш, балки эҷодаш рӯбарӯйи хонанда қарор мегирад.
Баъдҳо, ӯ қисса ва ҳикояҳои А. Чехов, А. Платонов, В.Распутин, А. Аверченко, Н.Думбадзе, М. Ворфоломеевро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард ва дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расонд. Ҳамчун тарҷумон маҳбубият ва шуҳрат пайдо кард.
Соли 1987, моҳи сентябр бо ӯ дар рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ҳамкор шудам. Ин бор ӯро ҳамчун сармуҳаррир, сармуҳаррири ҷасуру тавоно  дарёфтам.  Роҳҳои ҳамаи мушкилотро ба осонӣ пайдо ва ҳал менамуд. Аз рӯзгори ҳар корманди идораи рӯзнома огоҳ буд, дар зиндагияшон ёрӣ мерасонд. Рӯзнома аз беҳтарин рӯзномаҳои на танҳо вилоят, балки кишвар маҳсуб мешуд. Дар озмунҳо ҳам ҷойҳои аввалро сазовор мегардид.
Ба ҳимояи ҳар кормандаш дар сурати бархостани эътирозҳо ва «ҳуҷум»-ҳо бармехост. Дар ин гуна мавридҳо аз ҳеҷ кас наметарсид, хотири ҳеҷ касро намедид, мекӯшид, ки ҳақ будани кормандашро бо далелҳои муътамад собит намояд. Меъёри фаъолияташ пуштибонӣ аз ҳақиқат ва адолати иҷтимоӣ буд.
Ҳар кормандро руҳу тавони тоза мебахшид, дар пешрафти рӯзгору кори эҷодиаш раҳнамунӣ мекард, моҳияти масъаларо мефаҳмонд, дар ҳалли мавзуъҳои интихобшуда ёрӣ мерасонд. Саъй ба харҷ медод, ки рӯзноманигор моҳияти таҳқиқоти журналистиро дарк бинамояд ва матлабҳои дақиқу муҳимро бинависаду ба табъ бирасонад.
Ба ҳангоми фаъолият дар ин идораи бонуфузи давр дарёфтам, ки ӯ дар эҷоди ҳикоя низ дасти қавиву боло дорад. Бо он ки ин ҳикояҳо ҷавобгӯи талаботи нависандагӣ буд, онҳоро барои мутолиа ва баёни андешаҳо ба кормандон медод. Дар ин маврид ӯ на сарвар, балки як эҷодкори одӣ буд. Матлабҳои журналистиашро низ ба мо барои мутолиа, таҳрир ва такмил медод. Баъдҳо дарёфтем, ки ба ин васила, ҳамзамон, моро тарбия мекардааст.
Дар ин рӯзномаи ноҳиявӣ се сол, пурра се сол, на як рӯз кам ва на зиёд бо ҳам фаъолият намудем. Ҳаргиз намехост, ки аз кори ин рӯзнома биравам. Маошамро зиёд намуданд, бароям  хона сохтанд, то ҳеҷ мушкили рӯзгорро эҳсос накунам. Аммо...
Ман аз ӯ ба маънии томаш розӣ будам, ҳамчун корманд. Дар шахсияти ин марди саропо фидоии касби худу ҳунару эҷод беҳтарин сарварро медидам. Ӯ 12 сол сармуҳаррири ин рӯзнома буд, яъне аз соли 1982 то соли 1994.
Солҳои 1995-2000-ум ба ҳайси хабарнигори махсуси рӯзномаи  «Садои мардум» фаъолият дошт. Пас аз он соле мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Шаш сол, яъне аз соли 2001 то январи соли 2006, ҳамчун муовини аввали сармуҳаррир ва баъдан сардори шуъбаи ин рӯзнома фаъолият кард. Дар миёни хонандагон бо матлабҳои таҳлилӣ маҳбубият пайдо намуд. Фаъолияташ чашмрасу ибратомӯз буд.
Ҳафт сол, яъне аз соли 2009 то соли 2016, то расидан ба синни нафақа ба ҳайси муовини роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Айни замон дар сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҳамчун муҳаррири илмӣ – адабӣ фаъолият дорад.
Ӯ ҳамчун нависанда дар адабиёти муосири оҷик бо хидматҳои арзандааш, асарҳои таълифкардааш, тарҷумаҳои асарҳои адибони ҷаҳон мавқеи хос дорад.
Аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Асарҳояш бо дигар забонҳо тарҷума шуда, ба табъ расидаанд.
Дар миёни ҳаводорони каломи бадеъ бо китобҳои «Шоми деҳа», «Дандони ақл», «Як лаҳза нахандед», «Чашмаи фариштаҳо», «Меҳр», «Ҷонфидо», «Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор», «Сутуни дил», «Гулдаста», «Шикастанафс» аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад. Чанде пеш китоби нави ин нависандаро нашриёти «Русская литература» бо номи «Хандаи чашм» дастраси ҳаводорон гардонд.
Нависанда зиндагии мардуми деҳотро хуб омӯхтаву медонад. Аксар қаҳрамонҳои асарҳои ӯ ҳамин мардуманд. Бо одамияти баланд, шикастанафсӣ, эҳтироми бузургсолон, меҳмоннавозӣ, ҳазлу мутоибаҳои хоси худ онҳо дар навиштаҳои адиб дубора арзи ҳастӣ мекунанд. Мақсуд аз офаридани ин образу характерҳо ва, умуман, таълифи асарҳо тарбияи инсон аст. Нависанда ин рисолату масъулиятро хуб мешиносад ва ба он садоқат дорад.
Карим Давлат бо лутфу нақли ҳикояҳои ҷолиб низ дар миёни мардум шуҳрати зиёд дорад. Ҳар кадом аз ин латифаҳо, ҳикояҳои хурд як ҷаҳон маъно доранд ва шунавандаро водор месозанд, ки ба қадри ин зиндагӣ, ҷамъияти муҳибон, сулҳу оромӣ, амнияти кишвари маҳбубамон бирасанд. Ӯ дар ин маврид низ чун як шаҳрванд ва нависандаи асил муваффақ аст.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2021    №: 206    Мутолиа карданд: 487
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед