logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «КИНО»
1. Филме, ки ба озодии маънавии зани тоҷик бахшида шудааст. 2. Яке аз операторони филми «Рустам ва Суҳроб». 3. *** Кузин, оператори ҳуҷҷатнигор, муаллифи филми ҳуҷҷатии «Иван тоҷик». 4. Унсури кимиёвӣ. 5. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иҷрогари нақши Қорӣ – Исмат дар филми «Марги судхӯр». 6. Ҳарфи алифбои ниёгон. 7. Иҷрогари нақши асосӣ дар филми «Ситорае  дар тирашаб». 8. Кинотеатр дар шаҳри Душанбе. 9. Филми Д. Худоназаров. 10. Муаллифи нақши Рӯдакӣ дар филми «Қисмати шоир». 11. Ҳунарпешаи халқии Осетияи Шимолӣ, иҷрогари нақши «Ҳасани аробакаш». 12. Водие, ки воқеаҳои филми «Одам пӯсташро иваз мекунад» он ҷо гузаштааст. 13. Достони машҳури адабиёти классикии тоҷик, ки дар асоси он чанд филми бадеӣ офарида шудааст. 14. Филми Д. Худоназаров, ки ба ҳаёти халқи тоҷик бахшида шудааст. 15. *** Қосимов, актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 16. Номи ҳайвони саворӣ дар филми «Рустам ва Суҳроб». 17. *** Сайфиддинов, композитори шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки ба филмҳои зиёди истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» оҳанг эҷод намудааст. 18. *** Ҳасанов, актёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 19. Қаҳрамони достони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ, ки нақши ӯро дар филм Бимболат Ватаев бозидааст. 20. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки яке аз нақшҳои асосии филми «Падари моҳтобӣ»-и Б. Худойназаровро иҷро кардааст. 21. Жанри санъати театр ва кино. 22. Персонаж аз достонҳои «Шоҳнома». 23. Таҳиягари филми «Одам пӯсташро иваз мекунад». 24. Навъи хати арабӣ. 25. Кинорежиссёри шинохтаи тоҷик, режиссёри дуюми филми «Рустам ва Суҳроб». 26. Сухани вопасин. 27. Исми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, таҳиягари филми сегонаи «Ҳеҷбудагон ҳар кӣ шуданд». 28. Нақше, ки онро Маҳмуд Воҳидов дар филми «Ҳасани аробакаш» иҷро кардааст. 29. *** Кимёгаров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. 30. Исми адиби тоҷик, муаллифи киноповести «Қисмати шоир». 31. Режиссёр, ҳуҷҷатнигори шинохтаи тоҷик. 32. Ихтисораи русии мактаби бузурги санъати кино дар Федератсияи  Россия. 33. Таҳиягари филмномаҳои шинохтаи тоҷик. 34. Романи адабиёти муосири тоҷик. 35. Филми таҳиягари шинохтаи тоҷик Валерий Аҳадов. 36. Ҷирми осмонӣ. 37. Нахустин филми бадеии овозадори тоҷик. 38. Романи Садриддин Айнӣ. 39. Шаҳри энергетикҳо. 40. Маҷаллаи соҳавии кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 41. Мукофоти аз ҳама олитарин дар соҳаи кино. 42. Андешаи ботинӣ дар танҳоӣ. 43. Аввалин кинорежиссёри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ. 44. Ба ҳам омадан, якдигарфаҳмӣ. 45. Унсури адабӣ.
 
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД   
 
Масъули рубрика ЗУЛОЛА БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
Комрон Шарифов ва Маҳмуд Баҳром – ғолибони рубрика
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +»-и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон, миёни ширкаткунандагон Комрон Шарифов, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ва Маҳмуд Баҳром, сокинони ноҳияи Данғара ғолиби рубрика дониста шуданд.
 
Ҷавоб ба кроссворд аз 08 октябри соли 2021
Аз чап ба рост:
2. Обидпур. 6. Лоф. 8. Тоҷ. 10. Сидқи. 12. Рӯшон. 14. Ирс. 16. Имкон. 18. Рам. 19. Ҷалол. 20. Руҳ. 21. Пулод. 23. Қулай. 25. Асад. 28. Зот. 30. Зебо. 31. Фозил. 36. Далер. 37. Салоҳ. 38. Гарав. 40. Ҷиннӣ. 42. Наор. 45. Илмӣ. 47. Зарур. 49. Шоира. 50. Хор. 51. Яғноб. 53. Гул. 54. Илми. 56. Мур. 57. Юсуфӣ. 58. Хонов. 60. Орӣ. 61. Зид. 62. Низомия.
Аз боло ба поён:
1. Тос. 3. Боқи. 4. Урун. 5. Кон. 7. Фишор. 8. Тобут. 9. Арҷ. 11. Имрӯз. 12. Роҳат. 13. Бад. 15. Садаф. 17. Кӯлоб. 18. Рофеъ. 22. Мавлоно. 24. Ҳотамия. 26. Додар. 27. Ҷилав. 29. Толиб. 30. Зеҳни. 32. Зар. 33. Лев. 34. Раҷ. 35. Ҷон. 38. Гогол. 39. Барот. 41. Илҳом. 43. Бахтӣ. 44. Сурох. 46. Арӯсӣ. 48. Юғсоз. 49. Тух. 52. Бур. 54. Афъи. 55. Розӣ. 57. Юрт. 59. Вис.
 
 
 
ЗЕБО – СОҲИБИ ҶОИЗАИ «ДУХТАРОНИ ОСИЁ – 2021» 
Зебо Фурқатзода, ки дар Коллеҷи муттаҳидаи ҷаҳонии (United World College) Сингапур таҳсил мекунад, ба ҷоизаи «Духтарони Осиё – 2021» сарфароз шуд. Ҷоизаи мазкурро бунёди Боғи умеди Сингапур (Garden of Hope Foundation) ҳамасола ба бонувони фаъ-ол, ки дар пешрафт ва тавсеа миёни занон дар Осиё саҳм мегузоранд, тақдим мекунад. 
Тоҷикдухтар ҷоизаро барои корҳои эҷодгарӣ, аз ҷумла қобилияти нависандагиаш ба даст овардааст. Ӯ тасмим дорад достонҳои эҷоднамудаи занонро дар шакли маҷмуа гирдоварӣ намуда, ба ин восита, паёми духтарони Осиёро ба ҷаҳониён расонад.
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
МАКТАБҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
3.  ЗИНДАГӢ ДАР МАКТАБ
Дар Чин барои хонандагон вазифаи хонагӣ дар ҳаҷми калон пешниҳод мегардад. Бинобар ин, аксари хонандагон дар мактабҳо зиндагӣ мекунанд ва танҳо рӯзи истироҳат ба хона мераванд. Ҳамчунин, дар мактабҳои Чин баазхуднамудани далелҳои гуногун диққати зиёд дода мешавад. Вале, тафаккури таҳлилӣ ва танқидӣ озмуда нашуда, диққати асосӣ ба сана, далелҳо ва таърифҳо дода мешавад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
10. МУЛГА Ё ШОҲИ ҚАҲВАРАНГ 
(мулга или коричневый король)
Мори хатарзо аз оилаи аспидҳо мебошад. Ин ҷонвар баъди тайпан дуюмин мори калон ва аз нигоҳи заҳрнокӣ дар ҷаҳон пас аз морпалангу тайпан сеюм аст. 
Хатарнокии шоҳи қаҳваранг дар он зоҳир мешавад, ки бо як бор неш задан, метавонад то 150 мг заҳр чаконад, ки нисбат ба дигар намуди морҳои заҳрдор зиёд аст. Хусусияти хоси ин навъи хазанда дар он аст, ки баъди газидан як муддат сайди худро бо дандонҳои калонаш дошта истода, такроран заҳр мепошад. 
Мулга муқими Австралия буда, ғайр аз Тасмания ва Виктория дар тамоми иёлоти ин давлат ӯро вохӯрдан имкон дорад. Ҷангалҳои тропикиро хуш надорад, бинобар ин, маъмулан, дар ҷангалҳои камдарахт, биёбон ва чарогоҳҳо ба сар мебарад. Аз рӯи хислате, ки дорад, мулга рӯзона дар сӯрохҳои соядор ё таги дарахтони афтида панаҳ бурда, шабонгоҳ ба шикор мебарояд.
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СИТСЕРОН
Ситсерон дар сафи аскарони пиёдагард домодаш Лентулро дид, ки дар назараш аҷоиб метофт: шамшере, ки дар миёни Лентули қадпастак овехта буданд, қариб баробари худаш буд. Ситсерон хандаи худро дошта натавониста, чунин мегӯяд:
- Ин домоди бечораи маро кӣ дар танаи шамшер бас-тааст?! 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
АЗ ОЛАМИ АДАБ
«КИТОБИ ХОЛӢ»-РО ХОНДАНД?
 
Ба саволи 5 китоберо, ки шумо бо худ ба ҷазираи беодам мебурдед, Бернард Шоу чунин посух дод: «5 китобро бо саҳифаҳои нонавишта мегирифтам». 
Ҳамин тариқ, консепсияи чунин китобро соли 1974 нашриёти амрикоии «Harmony Books» бо унвони «Китоби холӣ», ки аз 192 саҳифа иборат буд, интишор дод. Китоб ҳаводорони зиёде пайдо карду нашриёт чандин маротиба онро бознашр намуд. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
ШАНБЕҲОИ «ШОМИ ШАНБЕ»
ШАНБЕ
50 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИН РӮЗ
 
Дар Аврупо мувофиқи фолклор, шанбе рӯзи мубориза бо қувваҳои бадӣ ҳисобида мешавад.
***
Дар гузашта русҳоро расм ин буд, ки қарзашонро танҳо рӯзи шанбе бармегардонданд.
***
Барои яҳудиҳо анҷом додани кори вазнини ҷисмонӣ дар рӯзи шанбе гуноҳи азимтарин аст.
***
Дар Санкт-Петербурги Россия театре ҳаст бо номи «Суббота» («Шанбе»).
***
Бештар аз сад зарбулмасали русӣ маҳз ба шанбе иртибот дорад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ДАНДОНИ НЮТОН
ОНРО БАРОИ ОРОИШИ АНГУШТАРИН ИСТИФОДА НАМУДАНД 
 
Соли 1816 ҳангоми музояда дар Лондон як дандони пажӯҳишгари маъруфи дунё Нютон бо арзиши 4650 доллар фурӯхта шуд. Ашрофзодае, ки дандонро харид, ангуштарине сохт, ки дар он ба ҷойи санг дандон аст. Ҳамин тавр, аз гаронарзиштарин дандон ангуштарини ғайриодӣ сохта шуд.
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
«МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ»
4. МАРГ АЗ ХУДПИСАНДӢ
 
Яке аз мутахассисон оид ба кор бо морҳо аз музофоти Пангасинани Филиппин пайваста, худписандона, даъво мекард, ки масунияташ чунон қавист, ки заҳри мор ба ӯ ҳаргиз таъсири баде нахоҳад расонд. Вале вақт нодурустии даъвои ӯро собит сохт.  Боре ҳангоми гузарондани таҳқиқот, боз ҳам худписандона хост мори кӯброро бӯса кунад, вале ин ҷонвари бадҷаҳл ӯро аз забонаш газида, дарҳол ба қатл  расонд.  
 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
 
ХУНАРПЕШАГОНЕ, КИ БЕ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ҶОИЗАҲОИ БАЛАНД ГИРИФТААНД
ҶЕННИФЕР ЛОУРЕНС
 
Духтарак айёми наврасӣ хеле бепарво ва,  ҳатто, оянда ба кадом касб машғул шуданашро намедонист. Ҳини 14-солагӣ ба хулоса омад, ки ҳунарманд мешавад ва хато накард. Бо чеҳраи зебо ва лаёқати  баланди нақшофариаш дили Сюзан Коллинз, сенариянависи Ҳолливудро, ки дар филми эҷодкардаи ӯ - «Устухони зимис-тона» («Winters Bone») нақш бозидааст, тасхир намуд. 
Ҳамин тавр, соли 2013 барои ҳунари волояш сазовори ҷоизаи «Оскар» ва «Глобуси тиллоӣ» гардид. 
Ҷеннифер мактаби миёнаи зодгоҳаш «Kammerer Middle School» (Луисвилл, ИМА)-ро хатм намудааст. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
ПЕШНИҲОДИ ИЗДИВОҶ
 
АЗ ҲАВО ДОДАНИ СЕБ ТО ТУҲФАИ ДАНДОНИ КИТ БА ПАДАРИ ДУХТАР 
 
Мувофиқи таомули бисёре аз халқиятҳои олам, ҳангоми изҳори муҳаббат ва пешниҳоди издивоҷ писар ба духтар ангуштарин пешкаш мекунад. Вале, дар Булғористон анъанаи дигарест: ҷавон ба тарафи духтари интихобнамудааш себ ҳаво медиҳад ва бо ин амалаш ӯро хостгорӣ менамояд.
Дар Фиҷи бошад, домод бояд ба падари арӯс нисфи дандони китро туҳфа намояд. Ба ин восита, домод ба падарарӯси ояндаи хеш сарвати зиёд таманно мекунад.
 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
 
ПИЁЗ
АГАР ОНРО ХӮРДӢ,  ХУБАШ БА ДАРС НАРАВ
Мувофиқи қонун дар иёлати Вирҷинияи Ғарбии ИМА хонандагон ва донишҷӯёне, ки пиёзи ёбоӣ истеъмол карданд, иҷозаи ба мактабу донишгоҳ рафтан надоранд. Зеро дар заминҳои ин иёлат як навъ пиёзи ёбоӣ мерӯяд, ки бӯйи табъхиракунандааш пас аз истеъмол то чанд рӯз эҳсос мешавад.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ҚАДБАЛАНДТАРИН ОДАМИ ДУНЁ КӢ БУД?
Қадбаландтарин одами дунё дар таърих дар Россияи императорӣ зиндагӣ намудааст. Тибқи маълумоти Китоби рекордҳои Гиннес, дарозтарин одами дунё дар таърих, ки ба баландии қади ӯ далелҳои шубҳаовар мавҷуд нестанд, Роберт Уодлоу мебошад. Вай дар аввали асри XX дар ИМА мезист ва 272 сантиметр қад дошт. Вале, мегӯянд, ки ин эътироф иштибоҳ аст. Чаро ки қади Махнов Фёдор Андреевичи рус ба 285 сантиметр баробар буд ва аз ин рӯ, ӯ дарозтарин одами дунё дар таърих маҳсуб мегардад.
Фёдор зодаи рустои Костюки, уезд ва губернияи Витебск будааст.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
12. МУНОҚИШАИ МАСТОНА  ВА ТАҲАВВУЛОТИ АНГЛИСӢ
Боре, дар яке аз майхонаҳои Англия, Эрик Ҷойс, депутати Ҳизби лейбористҳо, маст шуда, ба нафари дигар дармеафтад ва полис ба маҳали муноқиша омада, ӯро ба ҳабс мегирад. Дар натиҷа, на танҳо Ҷойс курсии депутатиро аз даст медиҳад, балки худи ҳизбро ҳам, барои ба фасод ғӯтиданаш, маҳкум мекунанд. Раиси ҳизб Эд Милибэнд бо кӯшиши он ки дурӯғ будани чунин овозаҳоро собит созад, курсиҳои депутатии дар ихтиёр доштаашро ба хоҳишмандон бо арзиши ҳамагӣ 3 фунт мефурӯшад. Аз ин ҳолат истифода карда, ҳазорон нафар ба ҳизб мепайванданд ва Ҷереми Корбинаро раиси нави худ интихоб мекунанд. Маҳз бо талошҳои ҳамин одам, Британияи Кабир аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо мебарояд. Яъне, ҳамин як таҳаввулоти барои англисҳо тақдирсоз, аз як муноқишаи одии нафари сархуш дар майхона маншаъ гирифтааст. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ КИШВАРҲО
1. Аз ҳама кишвари бисёрзабонаи дунё Папуа Гвинеяи Нав мебошад. Шаҳрвандонаш бо зиёда аз 820 забони гуногун суҳбат мекунанд, ки 12 дарсади ҳамаи забонҳои оламро ташкил медиҳад. Бо забони расмии Папуа Гвинеяи Нав (англисӣ) ҳамагӣ 2 дарсади аҳолӣ гуфтугӯ мекунанд. 
2.Науру кишварест, ки бештари шаҳрвандонаш фарбеҳанд. Натиҷаи  тадқиқот нишон дод, ки тақрибан 95 дарсади аҳолии Науру вазни зиёдатӣ доранд. Мутахассисон муайян намуданд, ки дар баробари истеъмоли миқдори зиёди ғизо сокинони ин кишвар камҳаракатанд. 
 
Таҳияи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
 
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ҶАНОЗАИ ДАРВИН
 
Дар маросими ҷанозаи Чарлз Дарвини машҳур, ки шахсиятҳои барҷаста аз чор гӯшаи дунё ҳузур доштанд, писараш Уилям ҳамчун меҳмони асосӣ дар сафи пеш менишаст. Ногаҳон, шамоли сахт дари калисоро мекушояд ва сардбоде ба дарун вазидан мегирад. Уилям чун хунукиеро дар пешонии бемӯяш ҳис мекунад, беихтиёр дастпӯшакҳои чармини худро кашида, дар чакаи сар мегузорад. Аҷиб, то охири маросими ҷаноза меҳмони асосӣ бо ҳамин ҳол менишинад ва дигарон ҳайратзада ин манзараи нохушояндро наззора мекунанд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
3. Кэти Макгоуэн ва бурди ӯ дар радио-викторина
Соли 2001 ба Кэти МакГоуэн, журналис-ти бритониёӣ, хабар медиҳанд, ки дар радио-викторина соҳиби автомобили тамғаи «Renault Clio» гардидааст. Пас аз шуднидани ин паём ба қавле дар куртааш намеғунҷад ва дарҳол барои гирифтани ҷоиза меравад. Вале, ба Кэти на автомобили аслӣ, балки бозича медиҳанд. Аз ин амал ба ғазаб омада, ба суд муроҷиат мекунад. Ва суд ҳукми аҷиб мебарорад: ба ӯ 8 ҳазор фунт барои хариди автомобили тамғаи «Renault Clio» дода шавад. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
«ЗАРАР»
Вилгелми II, императори охирини Олмон, ки асарҳои композитори олмонӣ Рихард Штраусро дӯст намедошт, рӯзе оид ба операи «Саломе» изҳори назар кард: «Штраус бо эҷоди чунин оҳанг пеш аз ҳама, ба худаш «зарар» мерасонад».
Вақте ба гӯши Штраус ин суханон расиданд, ӯ кӯтоҳ чунин гуфт: «Бо ин «зарар» ман, аллакай, дар шаҳри Гармиш хона сохтам».
 
Таҳияи Б. МУСТАФО
 
 
 
 
ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД
Маҳбуси фирорӣ пас аз 29 сол ихтиёран ба зиндон баргашт
Ба Дарко Десич даст дод, ки соли 1992 аз як маҳбаси Австралия фирор намояд. Тамоми ин муддат ӯ дар шаҳри Сидней паноҳ бурда, зиндагӣ мекард. Аммо чанде пеш ин мард бо хоҳиши худаш ба маҳбас баргашт.
То ин дам ӯ ба мардикорӣ машғул буда, асосан, ба оилаҳои сарватманд хизмат мерасонд. Баъд аз ҷорӣ шудани карантини сартосарӣ вобаста ба пандемияи коронавирус, Дарко дар кӯча монд ва маҷбур буд, ки барои зинда мондан ба маҳбас баргардад. 
То ба озодӣ баромадани Десич дар вақташ як солу як моҳ монда буд, акнун барои фирор аз маҳбас ҳафт соли дигар зам шуд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2021    №: 206    Мутолиа карданд: 2140
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед