logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Баъзан оид ба соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои беасосе садо медиҳанд, ки гӯиё он бо сабабу омилҳои ба миллати тоҷик новобаста, “аз тақдир ҳамчун туҳфа тақдим гардида бошад”. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дастоварди таърихӣ натиҷаи муборизаҳои дурударози фикрию фитрӣ ва ҷавонмардонаю ҷонсупориҳои ҳазорон фарзандони фарзонаву оқили миллат дар масири таърихи ҳазорсолаҳои мавҷудияти он аст. Бинои истиқлолият тавассути андешаи тамаддунофару фарҳангсолор ва илммеҳвари тоҷик асрҳои аср бунёд гардида, дар ин ҷода хизмати ниёгони шуҳратёри мо хеле бузург аст. 
Таърихи шашҳазорсолаи ориёиҳо гувоҳ аст, ки  наздик ба се ҳазор сол ин қавм дорои анъанаҳои давлатсозию давлатдорӣ аст ва дар радифи дигар манбаъҳои муътамади таърихӣ шоҳасари оини зардуштӣ - “Авасто” низ аз мавҷудияти тафаккури сиёсию шуури давлатбунёдгари ориёиён маълумот медиҳад. Метавон аз давлатҳои зиёди хурду калон, ки дар ҳудуди тамаддуни ориёӣ вуҷуд доштанд, ёдовар шуд. Масалан, яке аз аввалин давлати умумиориёии Ҳахоманишиён, ки меъмори он Куруши Кабир аст, империяи бузурге буд, ки тамоми қавмҳои ориёиро ба ҳам оварда, аз намунаҳои беҳтарини давлатдории ҳамон давра ба ҳисоб меравад. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи 2500-сола дорад, маҳз таҳти роҳбарии ин абармард таҳия ва интишор гардид. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар Эъломия нигошта шудааст:  "Ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад››. Шояд дар дигар тамаддуну фарҳанги  сиёсию ҳуқуқии миллатҳои таърихӣ андешаи ғайр оид ба  ин ва дигар масъалаҳо бошанд, аммо Эъломияи Куруши Кабир ва нуктаҳои дар он дарҷгардида сарманшаи ҳуқуқи байналмилалии замони нав гардиданд. Умуман, ҳар як низоми давлатдории миллии мо чи дар давраи Саффориёну Тоҳириён ва чи Сомониён ба хазинаи назария ва амалияи давлатдории умумибашарӣ неъматҳои бебаҳо ворид намуданд. Нуктаи муҳими дигареро, ки мехоҳам зикр намоям, он аст, ки маҳз андеша, тафаккур ва шуури миллӣ, ки дар сиёсат, иқтисод, илм ва фарҳанг таҷассуми худро меёбанд ва ядрои он дар ботини  миллат сиришта мегардад, имкон фароҳам овард, ки бо вуҷуди аз даст додани зимоми давлатдорӣ дар асрҳои миёна забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, арзишу эътиқоди созандаи миллат он воҳаи бесарҳаде буданд, ки аҷдодони мо тавассути онҳо дар ҳудуди бузурги қораи Осиё истиқлолияти тамаддунӣ ва фарҳангии худро то асри 20 нигоҳ доранд. 
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дар натиҷаи тақсимоти миллию ҳудудӣ дар аҳди шуравӣ тоҷикон аз бештари марказҳои фарҳангию илмии худ маҳрум монда бошанд ҳам, зимни муборизаҳои шадиди қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо миллатдӯстони бомаърифат Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриро касб намуд. Дар ин маврид месазад, ки ба як нуктаи хеле муҳим диққат дод. Муқобилияту мухолифатҳои шадиди ҷараёнҳои миллатгарою нажодпараст ва иртиҷоии динӣ, ки мехостанд мавҷудияти миллати бузурге бо номи “Тоҷик”-ро дар Осиёи Марказӣ инкор созанд, то ҷое  нақши манфии худро ҳангоми тақсимоти ҳудудию миллӣ бозид. Аммо, дар баробари  ин, сарсупурдагони миллат  тавонистанд дар ҳамин марҳила, дар такя ба хиради азалии миллат, дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ, яъне 60 соли замони шуравӣ (онро дар назар дорам, ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 таъсис ёфт), ҷумҳурии сифатан наверо бунёд намоянд. Пойтахти он, шаҳри зебоманзару маркази умеди кулли тоҷикони имрӯзаи ҷаҳон – Душанбе он замон деҳа буд. Ин аз он далолат медиҳад, ки андешаи созанда ва тафаккури илммеҳвари тоҷик қодир аст, дар ҳама ҳолат ва шароит мушкилотро паси сар намуда, аз нав ҷойгоҳи худро дар байни пешрафтатарин миллатҳо ёбад. 
Дар арафаи қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҳти таъсири тафаккури нави сиёсӣ ҳаракати озодандешӣ ва озодихоҳӣ авҷ гирифт. Аз ҷумла, ба шарофати неруҳои  миллатдӯсту ватанпараст ба забони миллиамон мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо, мутаассифона, чун қишри зиёии воқеан, дорои андешаи миллидошта ташаккул наёфта буд ва маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷомеа дар сатҳи талаботи давр набуд, баъзе неруҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати роҳандозии манфиатҳои муғризонаи худ аз ин суиистифода намуда, маҷрои ҳаракати озодихоҳиро ба самти низоъ равона карданд. Махсусан, дахолати баъзе ходимони дин ба фаъолияти сиёсию идории давлат ва бо эҳсоси динии мардум бозӣ кардану иҷозати амал барои ҳизби характери динидошта боиси бархӯрдҳои ҷиддӣ аввал дар сатҳи низоми идорӣ ва баъдан дар дохили ҷомеа гардид. Марказҳои қабули қарори давлатию иҷтимоӣ фалаҷ гашта, шахсияти сатҳи миллии қобилияти дар гирди сиёсату андешаи худ муттаҳидкунандаи ҷомеа вуҷуд надошт. 
 
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси ҳалокати ҳазорҳо фарзандон ва гуреза шудани зиёда аз  як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили давлат ва берун аз он гардида, хисороти ҳангуфти моддию молиявӣ ба бор овард. Ягона ниҳоди ҳокимият, ки зарфияти қонунии пешгирии ин фоҷиаро дар он марҳилаи мудҳиш дошт, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аммо бо сабаби муташанниҷ будани вазъ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки касе кафолати амнияти вакилони мардумиро дода наметавонист, гузарондани иҷлосияи он ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки иҷлосияи навбатии парлумони мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.  
Хушбахтона, Иҷлосияи 16-уми таърихию тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар асоси қарорҳои муҳими қабулнамудаи он Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ва шохаҳои ҳокимият барқарор шуданд.
Вакилони мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафареро ба роҳбарии кишвар интихоб намуданд, ки зарурати таърихӣ худ талабгори чунин шахсият буд. Дар назарияи сиёсӣ ҳамин гуна шахсиятҳоро сарвар ва пешво мегӯянд, ки дорои сифат ва хислатҳои муҳими муайян буда, на ҳама вақт ва на дар ҳама шароит дар байни ин ё он ҷомеаи миллӣ вуҷуд доранд. Инро мо имрӯз ҳам баръало дида истодаем, ки дар баъзе мамлакатҳо садсолаҳо чунин сарвари сиёсӣ ё пешвои миллӣ ҳузур надорад, ки ҷомеаро ба ҳам оварда, ба роҳи созанда сафарбар намояд. Нақши сарвари сиёсӣ ва пешвои миллӣ,  ки  дар  ин маврид мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорем, дар таърихи ин ё он давлату миллати пешрафта хеле бориз аст. На танҳо дар тасаввури мардуми одӣ, балки дар андешаи бештари зиёиёну сиёсатмадорони он давраи Тоҷикистон намеғунҷид, ки Сарвари нави ҷавон қодир аст давлатро роҳбарӣ карда,  вазъро ба эътидол орад. Аммо Пешвои муаззами миллат бо сифати ҷавонмардона, хислати инсондӯстона, мавқеи устувор, ҷасорату иродаи қавии сиёсӣ ва дарки нозуки вазъият дар заминаи донишу таҷрибаи ҳаётӣ тавонистанд аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ мардуми Тоҷикистонро муътақид созанд, ки интихоби Роҳбари нав тасодуфӣ набуда, зарурати таърихӣ аст. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат роҳбар ва миллат пешворо ёфтанд, ки қавлашон бо амалашон тавъам аст ва ҳар қароре, ки  иҷлосия қабул намуд, маҳз ба тавассути талошҳои хастанопазири Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашт.
Имрӯз сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор дода, тазаккур медиҳанд, ки тафаккури стратегӣ, сиёсати дурандешона, қобилияти хуби сари вақт дарк намудани моҳияти ҳаводиси бавуқуоянда ё, аллакай, омада, садоқат ба рисолати амиқан даркшудаи таърихӣ ва ҷасорати иродаи қавии Президенти кишварамон таҳкурсии давлатро мустаҳкам, суботи ҷомеаро таъмин, самти рушдро муайян ва дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи миллату давлатро дарёфт ва таҳким бахшид. Зимнан, аз эътирофу эҳтироми зумрае аз шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки аз заҳмату саҳми Пешвои миллат, на танҳо дар ҷодаи сиёсати дохилӣ, балки дипломатияи байналмилалӣ намудаанд, иқтибос меорам. 
Президенти Россия Владимир Путин, агар  мавқеи асосии Эмомалӣ Раҳмонро дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро барои бисёре аз халқҳо ва давлатҳои олам намунаи ибрат шуморад, пас Ҷорҷ Буш, Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуда, ӯро сиёсатмадори ангуштшумор дар сатҳи ҷаҳон медонад. 
Бо қабули Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, асъори миллӣ, муайян кардани сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ, таъсиси рукну ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олии дупалата, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷанбаҳои давлатдорӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили низоми байналмилалӣ аз ҷониби аксар мамолики ҷаҳон, ба расмият шинохта шуд.  Аммо, бояд иқрор шуд, ки ин раванд  осону ҳамвор набуд. Роҳбари давлат дар асоси омӯзиши мӯшикофона шахсиятҳоеро ба ҳукумати нав ҷалб намуд, ки воқеан, ҳирфаӣ буданд ва муҳимтар аз ин, аз  принсипҳои давлатдории навин, ки ягонагии давлат, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти он ҳимоят менамуданд. Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гашт ва ҳадафу вазифаҳо муайян гардиданд.
Дар доираи чор ҳадафи стратегӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо суръати баланд рушд намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти энергетикиро, махсусан дар самти таъмини хоҷагии халқ бо неруи барқ, ба даст оварда, амнияти таъминоти озуқавориро ҳифз намуд. Дар заминаи  бунёди иншооти саноатӣ ва ба кор андохтани зарфиятҳои мавҷуда ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Соҳаҳои  маориф, тандуруcтӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд. Кифоя аст, ки аз сохтмони чанд иншооти муҳиму бузург, яъне Неругоҳи барқи обии “Роғун”, шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма, нақбҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” ва “Шаҳристон” ёдовар шавем.   
Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими таркибии низоми сиёсии на танҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши босазо дошта, узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад. Тоҷикистон ба симмати узви зиёда аз 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ бо ташаббусҳои созандааш  баромад  мекунад. Ташаббусҳои созандаи   Сарвари  давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об дар сартосари ҷаҳон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар асоси он стратегияву барномаҳои гуногун қабул ва амалӣ шуда истодаанд. 
Рушди бесобиқаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар сатҳи ҷумҳурӣ, рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, боло рафтани мақому мартабаи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир дар солҳои истиқлолият далели раднопазири онанд, ки  Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ роҳи дуруст, стратегияи дурандешонаро пеш гирифтааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна эътироф менамоянд. Аз ҷониби давлат эълон гардидани сиёсати “дарҳои кушода” шароит фароҳам овард, то давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи гуногунсамтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ширкатҳои бузург ва дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн аз ин ҳамкориҳо баҳра бардоранд.  
Мо, агар имрӯз аз кулли дастовардҳои Тоҷикистони азиз дар давраи 30 соли Истиқлолияти  давлатӣ  сухан гӯем, на танҳо соату рӯз, балки дигар ченакҳои замонӣ низ камӣ хоҳанд кард. Танҳо иброз бояд дошт, ки таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ аз имтиҳони ҷиддии таърих  бори дигар бо сари баланд баромада, давлату марзу бум, ҳувияти миллӣ ва тамоми дастовардҳои тамаддунию фарҳангии онро ҳифз намуда, ҷойгоҳи сазоворро дар арсаи байналмилалӣ дарёфт намояд.
 
Ёдгор ФАЙЗОВ, 
муовини  Раиси  
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
раиси Вилояти  
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2021    №: 208    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед