logo

иҷтимоиёт

ДУНЁИ ЗЕБОӢ. БАРДОШТ АЗ КӮЧАБОҒҲОИ ДУШАНБЕИ АЗИЗ, КИ ЧАМАНИСТОНРО МЕМОНАД

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бо саъю талоши шаҳрдори ҷавон  Рустами Эмомалӣ ба гулистоне табдил меёбад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд ва завқи зебопарастиро дар дилашон мепарварад. Парвариши гулу буттаҳои маҳаллӣ якҷо бо гулҳои нодири аз хориҷи кишвар воридгардида ба ҳусни Душанбешаҳр зебоии дигар зам намудааст.
 
Бешубҳа, ин ҳама кӯшишҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати зебову дилкаш гардондани шаҳр ва муаррифии миллати фарҳангӣ будани тоҷикон шаҳодат медиҳанд.  Барои боз ҳам тақвият бахшидан ба корҳои созандагӣ ва гулзор намудани шаҳри Душанбе тайи чанд рӯз аст, ки муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт, тариқи шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ бо чунин мазмун садо медиҳад: «Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонда, парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки ба рушди эҳсоси зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорем, ба насли наврасу ҷавони мамлакат дӯст доштани табиати шаҳру деҳот, маҳали зист ва сарзамини худро меомӯзонем».
Тасвири нақшу нигор бо гул дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чи аз ҷониби кормандони корхонаи гулпарварӣ ва чи аз тарафи сокинони пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст. Дидани чунин манзараҳо ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, ҳар бинандаро баҳри боз ҳам бо дили гарм ва умед ба фардои нек софдилона фаъолият намудан водор месозад. 
- Парвариши гулу бутта бароямон як кори муқаррарӣ гардидааст. Дидани гулҳои рангаву хушсифат ва нодире, ки аз кишварҳои хориҷа ба Ватанамон оварда мешаванд, бароямон хело аҷиб аст. Вақте буттаи гули нав ба дастамон мерасад, мо байни худ аз сифату зебоӣ ва аз кадом кишвар ворид шудани он баҳс мекунем. Як чизро бояд гӯям агарчи ин гулҳо нисбат ба гулҳои маҳаллӣ умри тулонитар дошта бошанд ҳам, вале мисли садбарги тоҷикӣ хушбӯй нестанд. Аз ин лиҳоз, мо бештар кӯшиш менамоем, ки ба хотири хушбӯй гардондани гирду атроф аз гулҳои маҳаллӣ истифода намоем ва шаҳрамонро натанҳо зебу зинати тоза бахшем, балки муаттар созем, - мегӯяд Зарнигор Муродова, гулпарвар.
Парваришу нигоҳубини гулу буттаҳои ороишӣ аз қадимулайём барои миллати тоҷик рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дошта, то ба имрӯз омада расидааст.
 Бояд зикр намуд, ки  имрӯзҳо талошу тадбирҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайи ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшнамоии мамлакат мебошад. Хушбахтона, айни ҳол ин иқдоми наҷибро  пиру ҷавони мамлакат якдилона пазируфта, баҳри саҳми арзанда гузоштан дар шинондану парвариш намудани гулу бутта ва дарахтон дар назди биноҳову корхонаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо ба хотири болидаруҳии худ ва меҳмонон бо дилу нигоҳи гарм даст ба кор шудаанд. Маҳз ҳамин саъю талошҳост, ки  Душанбе шаҳри гулрезу гулбез шудааст. Дарвоқеъ, имрӯзҳо пойтахти кишварамон чаманистонеро мемонад, ки кас аз диданаш болидаруҳ шуда, аз тамошояш ғарқи дунёи зебоӣ мегардад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин  гулу буттаҳо эҳтиёткорона муносибат намуда, ба хотири фардои дурахшон ва боз ҳам  гулрезу гулхез намудани Душанбешаҳр ниҳолони нав шинонда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2021    №: 208    Мутолиа карданд: 459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед