logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ДУРНАМОИ МОҲИПАРВАРӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

Барои рушди иқтисодиёти кишвар соҳаи моҳипарварӣ метавонад нақши муассир дошта бошад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009  Барномаи рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015 ва Барномаи маҷмуавии  рушди соҳоти чорводорӣ барои солҳои 2018 – 2022-ро ба тасвиб расонд, ки ба ривоҷу равнақи соҳаи моҳидорӣ дар мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, такон бахшиданд. 
Вилояти  Суғд  даҳсолаҳост, ки бо доштани  шароити хуби  парвариши моҳӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардаву хусусан, солҳои 80-уми  асри гузашта, ҳар сол то 800 – 900 тонна моҳӣ истеҳсол мекард. Дар даврони  соҳибистиқлолӣ низ сарфи назар аз мушкиливу монеаҳои мавҷуда истеҳсоли моҳӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, соҳа аз мадди назар дур намонд. Феълан,  дар  вилоят иловатан ба хоҷагиҳои машҳури моҳипарварӣ воқеъ дар мавзеи “Баҳри тоҷик”-и шаҳри Гулистон ва шаҳри Панҷакент солҳои охир наздики 60 хоҷагии хурду бузурги моҳипарварӣ дар масоҳати қариб 472 гектар ба фаъолият шуруъ карда, дар онҳо навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш меёбанд. Соли гузашта дар вилоят истеҳсоли моҳӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб ба 800 тонна расид.
Боиси тазаккур аст, ки солҳои охир, тибқи барномаҳои батасвибрасида, дар вилояти Суғд  барои ташкили хоҷагиҳои махсуси моҳипарварӣ ва афзунсозии маҳсулнокии моҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Акнун марҳилае фаро расидааст, ки ин хоҷагиҳои навтаъсис аз лиҳози заминаи моддию техникӣ  неруманд шуда, ба рушди бемайлони соҳа мусоидат кунанд. 
-Албатта, ҷиҳати татбиқи нуктаҳои барномаҳои рушди моҳипарварӣ  барои солҳои 2009 – 2015 ва солҳои 2018 – 2024 дар вилоят корҳои мушаххас ва назаррасе анҷом ёфтанд, вале инро наметавон  сад дар сад қаноатбахш арзёбӣ кард,- мегӯяд Ғафурҷон Каримов, мудири бахши илмии Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. - Муносибат ба рушди соҳа бояд аз назари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти баландсифати моҳӣ бошад ва ченаки  фаъолияти мутахассисони соҳа низ ба талаботи рӯз мутобиқат намояд. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки  ҳоло дар ин самт камбудиҳо хеле зиёд буда, ба татбиқи барномаҳо монеа мешаванд. Имрӯз дар вилоят 60 хоҷагии парвариши моҳӣ фаъолият дорад, ки ояндаи на чандон дур, дар сурати мутобиқ ба талаботи рӯзу риояи технологияи моҳипарварӣ, ба натиҷаи мусбат ноил хоҳанд шуд. Сониян, дар масъалаи ташкили ҳавзҳои махсуси моҳипарварӣ, омилҳои парвариши он: ҷойгиршавии ҳавз, сохти он ва ғунҷоиши об, ҳамвор набудани зери ҳавз ҳатман ба инобат гирифта шавад. Боз як омили дигар ҷиҳати расидан ба рушди соҳа - ин ҷалби мутахассисони касбӣ, яъне ихтиологҳост. Зеро зарур аст, ки нашъунамои моҳӣ шабу рӯз таҳти назорати мутахассисон қарор дошта бошад. Танҳо дар ҳамин ҳол ба натиҷаи дилхоҳ расидан мумкин аст.  
Ҳамзамон, Ғафурҷон Каримов таъкид месозад, ки  ҷиҳати амалишавии  барномаҳо  дар вилояти Суғд, бояд, пеш аз ҳама, ба хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳрҳои Гулистону Панҷакент ва ноҳияи Ашт, ки  заминаи мустаҳками моддӣ - техникӣ ва захираи хӯрок доранд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард. Зеро  панҷоҳ дарсади пешравии соҳаи моҳипарварӣ дар шимоли кишвар аз ин хоҷагиҳо вобаста аст. Агар дар ин хоҷагиҳо аз ҳар гектар 30-сентнерӣ моҳӣ гирифта шавад, ҳаҷми солонаи он ба зиёда аз 1,5 ҳазор тонна мерасад. 
Воқеан ҳам, шаҳрҳои Гулистону Панҷакент дар ҷумҳурӣ бо парвариши моҳиҳои хушзоту хушсифат машҳуранд. Масалан, дар обанбори шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)  охири солҳои 70 – 80-уми  қарни гузашта парвариши даҳҳо навъи моҳиҳои хуштаъм хуб ба роҳ монда шуда, ҳар сол то 500 тонна ва аз ин ҳам зиёд маҳсулоти парҳезӣ истеҳсол мешуд. 
- Қабули барнома оид ба рушди  моҳипарварӣ, бешубҳа, ба фаъолияти хоҷагиҳо такон бахшид, аммо пиёда кардани нуктаҳои асосии он танҳо ба мо вобаста нест,- иброз медорад Ғафурҷон Каримов. -Барои зиёд кардани маҳсулнокии моҳӣ, захираи хуби хӯрок зарур аст. Дар даврони шуравӣ ба хоҷагиҳои вилояту минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ  ҳар сол  800 – 1000 тонна ғизо ворид мешуд, ки ба маҳсулнокӣ ва афзуншавии саршумори моҳӣ мусоидат менамуд. 
Ҳамчунин, ба гуфти олими тоҷик, моҳи  марти соли 2001 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои барқарорсозии моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки  тибқи яке аз моддаҳои он мебоист барои киштукори зироатҳои ему хошоки серғизо ва истеҳсоли хӯрок заминҳои обёришаванда ҷудо мегаштанд. Вале, мутаассифона, ин моддаи қарор то ба ҳол татбиқи худро наёфтааст.
 
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2021    №: 208    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед