logo

иҷтимоиёт

МАКТАБИ ҚАҲРАМОНӢ

Ин ифода бисёр роиҷ аст, ки агар шахсеро бештару беҳтар донистан бихоҳед, ба зодгоҳаш биравед. Зодгоҳ ва муҳити он бисёр асрорро мекушояд ва ҳам бозгӯ мекунад. Чи хуш аст, агар кас дар ин маврид дидаи ибратбин дошта бошаду дили софу бекина, то ҳақиқатро накутар дарёбад ва дигаронро раҳнамун бишавад. Зодгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур Бадахшон, Помир, қуллаи боми ҷаҳон аст, яъне мавзее, ки ба оламиён ошност. Аз замонҳои қадим бо лаълу дигар сарватҳои табиияш ном баровардаву шуҳрат касб кардааст. Васфи он аз ҳар мавзеи дигар дар шеъри ниёгони мо бештар мебошад. Дидани ин мавзеъ на танҳо ин ҳақиқатро ошкор месозаду собит менамояд, балки итминон мебахшад, ки мардуми он, сокинонаш, бо чи ранҷҳое зиндагӣ кардаву ин гӯшаи кишварро аз ҳама ҳуҷумҳо, талабгоронаш бо ҷасорату мардонагӣ ҳифз кардаанд. Мисли кӯҳҳояш ин мардум сарбаланд буданду ҳастанд ва устувор мондаанд.
Албатта, бархе бе маврид тааҷҷуб мекунанду мегӯянд, ки чӣ гуна дар он шароити сангин фарзанде мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ба воя расидаву мақоми баландро соҳиб шуда, бо ҷасорати том барои ҳифзи ин сарзамин, миллату давлат, забони ноби тоҷикӣ ҷоннисорӣ намудааст. Аслан, қаҳрамонҳои асил дар ҳамин гуна шароити басо вазнин ба воя мерасанд ва аз ҳамаи  имтиҳонҳои мушкили даврашон мегузаранд. Онҳо бо шинохти ҳақиқати басо талх дармеёбанд, ки ба хотири ояндаи дурахшони давлату миллат ва забонашон бояд ҷонро ҳам дареғ надоранд. Таҳаммули ҳама мушкилот, ранҷҳо дар ин ҳол барояшон осон мегардад. Ба хотири иҷрои мақсадҳои бузург талош меварзанд, ҷон фидо менамоянд ва баъд зиндагии дубораро молик мешаванду ҳеҷ гоҳ намемиранд. Барҳақ аст, ки мегӯянд: «Қаҳрамонон ҳеҷ гоҳ намемиранд ва ҳам фаромӯш намешаванд». Ин зиндагии дубора бар ояндагон дарс мешавад, дарси ибрат. Шуҷоат, таърихи асилро аз рӯзгори нотакрори онҳо меомӯзанду дарк мекунанд.
Ин ифтихори бузург насиби Шириншоҳ Шоҳтемур низ гардидааст. 27 июли соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Аз бисёр ҷиҳат рӯзгору кору даври ин ду Қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳам монандиҳо доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт, душманони миллати куҳанбунёд бо ҳар васила мехостанд, ки номи Тоҷикистон дигар дар харитаи ҷаҳон сабт нагардад. Яъне, ин давлату миллат маҳв гардад. 
Ифодаҳо дар матни ин фармон бисёр рӯшану фаҳмо ва ҳадафрасанду омӯзанда: «Барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарзанди барӯманди халқи тоҷик».
Ному сурати Шириншоҳ Шоҳтемур дар пули миллии кишвар роҳ ёфту сабт гардид. Барои шинохти беҳтараш муҳаққиқон ба маъхазҳои таърихӣ рӯ оварданд, асарҳо таълиф карданд, суратҳояшро ҷамъ оварданд, хона-музейяшро таъсис доданд, пайкараашро сохтанд ва дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ҷой доданд. Ва боз садҳо кори дигарро ба анҷом расонданду чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро доир карданду мекунанд. Акнун дигар ҳар тоҷикистонӣ, ҳар хонандаву донишҷӯйи муассисаҳои таълимӣ дар борааш маълумот дорад ва медонад, ки ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардида ва ҳам сазовори он аст.
Таъсиси Озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва гиромидошти ному кори Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур муаллифону муҳаққиқонро бори дигар водор сохт, ки симои ин қаҳрамон ва кору пайкори ӯро ба хонандагон, алоқамандон бештару беҳтар муаррифӣ бикунанд. Таъсисдодагон ба мақсаде, ки доштанд, расиданд, балки бештар аз интизорашон маводҳои зиёду таҳлилӣ, тавсифӣ, таърихӣ, адабӣ ворид гардиданд. Нашри беш аз 80 мақола дар як муддати кӯтоҳ ҳаргиз осон набуду нест. Ба ин васила, ҳамзамон, суратҳои зиёди омӯзанда дар саҳифаҳои рӯзнома чоп шуданд. Шахсиятҳои маъруфу маҳбуб, муҳаққиқону олимону адибони кишвар матлабҳои арзишманду ҷолибашонро ба нашр расонданд. Ҷамъбасти онро бошад, дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон – маркази маъмурии Бадахшон, ба рӯзи 5 октябри соли равон, яъне Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузоштанд.
Ҳамин тавр, як гурӯҳи иштирокдорони озмун, масъулони он, меҳмонон аз манотиқи гуногуни кишвар ба шарофати Шириншоҳ Шоҳтемур рӯзи 4 октябр озими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуданд. Ман низ дар ин шумор будам. Иқрор мешавам, ки то ин замон боре ҳам ба ин гӯшаи зебову кӯҳҳои сарбафалак наёмада будам. Дидам, эҳсос кардам, ки ба ифодаи устоди равоншод, зодаи ин мавзеи биҳиштосо, шодравон Мирсаид Миршакар, дарёи Панҷ ҳолиё бар асари ҳуҷуми гурӯҳи «Толибон» дар он тарафи ин дарё ноором аст. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати пойдор, хидматҳову ташаббусҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як қишлоқ, балки ҳамаи вилоят тиллоӣ шудааст. Чанд рӯз пештар аз ин Президенти мамлакат ба ин гӯшаи дурдасти кишвар сафари корӣ анҷом дода, бо мардум мулоқот намуда буданд. Мардум аз ин ташриф ва мулоқоти самимӣ бо муҳаббату самимият мегуфтанд. Ва ҳам изҳор медоштанд, ки моро бо ин гуна Сарвари ғамхору хирадманд ояндаи дурахшонтаре дар пеш аст. Оре, Бадахшон ободтару зеботар, дилработар нисбат ба солҳои рафта хоҳад гашт. Дар як муддати кутоҳ пеш рафт, шукуфо шуд. Биноҳои зебову баландошёна ва муҳиму ҷавобгӯйи талаботи давр қомат афрохтаанду қомат меафрозанд. Роҳҳои мошингарду пулҳо то ба Дарвоз сохта, мавриди истифода қарор доранд. Роҳсозону сохтмончиён ба бунёди роҳ аз Дарвоз то ба Хоруғ, бунёди пулҳову нақби замонавӣ машғуланд. Бешак, бо пойдории сулҳу амният бунёдашон дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом мерасанд.
Истиқболи меҳмонон, яъне, иштирокчиёну масъулони озмун бо нону намак, оҳангҳои дилнавозу руҳнавоз, рақсҳои ҷолиб аз даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Дар Дарвозу Рӯшон ҳам он идома ёфт.
Субҳи 5 октябр аз ноҳияи Рӯшон ба ноҳияи Шуғнон раҳсипор шудем. «Чашмаи Носир»-ро дидем, аз оби ҷонфизои он нӯшидем. Дарахтҳоеро, ки беш аз ҳазор сол умр доштанд ва бо дасти шоиру ҳакими давр Носири Хусрав шинонда шуда буданд, дидем. Пас аз он омадем ба хонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур. Чун ҳамаи хонаҳои пешини мардуми Бадахшон буд. Дар ҳамон хонаи одӣ, вале махсуси ин мавзеъ зода шуд, ба воя расид ва баъдҳо дар фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ бо хидматҳои бузург, ҳимояи давлату миллат, забони тоҷикӣ, фарҳанги ғании он шарафу обрӯ пайдо карду бо ҷоннисорӣ дар ин роҳ номи худро барои умре зинда гардонид. Нигораҳо дар ин хона боз аз рӯзгори вазнини пешини ӯ ва сокинони маҳал бозгӯйӣ менамуданд. Аз симову нигоҳҳои мардуми ин зодгоҳи қаҳрамон ба осонӣ хонда мешуд, ки бо ному пайкори ӯ ифтихор доранд ва дар ҳифзи миллату арзишҳояш омодаанд. Воқеан, ҳамаи рӯзгору кору пайкори қаҳрамонон омӯзандаанд. Онҳо, ҳатто, ноаён ба зиндагии пасиниён таъсири неки худро мерасонанд. 
Пас аз нисфирӯзӣ ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ омадем. Бо истиқболи гарми муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо, аҳли илму фарҳанг, мардуми маҳал, сокинони он ба рамзи эҳтиром дар назди ҳайкали қаҳрамон гулчанбар гузошта шуд. Мавриди зикр аст, ки ин шаҳр, яъне Хоруғ ва маркази ноҳияи Рӯшону Шуғнон бо тозагӣ ва зебоӣ диққати ҳар нафарро ҷалб мекард. Эҳсос мешуд, ки фаъолияти шаҳрдориву ноҳиядорӣ дар ин мавзеъ хуб ва ҳам ибратомӯз мебошад.
Ҷамъбасти озмун дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар сатҳи бисёр баланд баргузор шуд. Иштирокдорон филми ҳуҷҷатиро доир ба рӯзгору кори қаҳрамон диданд. Ҳунарпешагони театр намоиши ҷолиберо пешкаш карданд.
Ҳамин тавр, ҷамъбасти озмун дар сатҳи баланд доир гардид. Бадахшон ва мардуми он бо табиати зебо, ин шахсияти нотакрор, роҳбарони пурмасъулият, самимият, муҳаббат, истиқболи гарм, меҳмоннавозӣ, суруду рақсҳои хосаш дар хотирҳо монду барои умре мемонад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2021    №: 208    Мутолиа карданд: 499
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед