logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

 
БОЗЁФТИ ТАБАР - ТЕШАИ БИРИНҶИИ 4500 - 4600 – СОЛА
Бостоншиносони кишвар табар – тешаи биринҷиеро, ки  охири моҳи сентябр сокини шаҳри Душанбе Турсунмурод Холбердиев аз  шафати замини Институти геологияи АМИТ пайдо намуд, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода, муайян намуданд, ки он таърихи 4500 – 4600 – сола дорад. Дар ин бора аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба мо иттилоъ доданд. 
Бостоншиносон тахмин мекунанд, ки табари ёфтшуда ба охири ҳазорсолаи III  ва аввали II то милод мансуб аст. Бозёфт далолат аз он аст, ки Душанбе макони  таърихӣ мебошад. Ба таъкиди муаррихон то имрӯз аз ҳудуди кишвар 6 табари биринҷӣ пайдо шудааст. Табар – тешае, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе ёфт шуд, ба табари аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ пайдошуда шабоҳат дорад. 
Зимнан, интизор меравад 16 октябр  дар маконе, ки бозёфт пайдо шуд, ҳафриёти бостоншисӣ оғоз шавад.
 
НАВЗОДОН  ПОТАНИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ПАЙДО МЕКУНАНД, АГАР…
Олимони амрикоӣ  зимни гузарондани корҳои таҳқиқотӣ собит намуданд, ки дар навзодоне, ки модаронашон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд, нишондоди баланди потан (антитела) дида мешавад, - хабар медиҳад сомонаи Фантанка.ру.
Тибқи иттилои сомона, коршиносон  дар 36 кӯдаки навзод озмоиш гузаронда, дар 32 ҳолат  итминони комил  пайдо намуданд, ки кӯдакон маҳз туфайли модаронашон, ки ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд, потан пайдо кардаанд. Коршинсон ҳоло организми доираи васеи кӯдаконро мавриди омӯзиш қарор дода, донистан мехоҳанд, ки антитела дар кӯдакон чанд муддат мепояд. 
 
БОЗЁФТИ ПАНОҲГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА НИМПАЙКАРАҲОИ 11 000 – СОЛА
Бостоншиносони Туркия натиҷаи ду мавсими охири корҳои саҳроӣ – бостоншиносии хешро, ки дар мавзеи таърихии Қарахантапи ин кишвар анҷом доданд, ба доираи васеи тамошогарон пешниҳод намуданд. Дар ин бора сомонаи Сentralasia хабар додааст. 
Тавре сомона иттилоъ медиҳад, бостоншиносон аз ин мавзеи таърихӣ натиҷаҳое ба даст оварданд, ки на танҳо ҷомеаи илмӣ, балки оммаи васеъ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҷустуҷӯ нишон дод, ки дар ин макон тақрибан 11 ҳазор сол қабл шаҳрак маҷуд будааст. 
Аҷиб он аст, ки миёни одамони давраи неолит, ки танҳо аз асбобҳои сангин ва устухонҳо истифода менамуданд, санъати рассомӣ ривоҷ ёфтааст. Бостоншинос Некми Карул дар шарҳи бозёфтҳо чунин гуфт: «Бозёфтҳо далели равшани онанд, ки қобилияти рассомӣ дар инсоният ҳанӯз замони неолит рушд карда будааст». 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед