logo

Хабарҳо

БОКС

Ширкати 8 варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
 
Боксчиёни тоҷик Хисравхон Раҳимов (57кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63,5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг) кишвари моро дар Чемпионати ҷаҳон (24 октябр – 6 ноябр, Белград, Сербия) намояндагӣ мекунанд. 
Бар пояи иттилои сомонаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) дар мусобиқот 650 варзишгар аз 105 давлати дунё иштирок мекунанд. 
Тавре аз Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ доданд, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Инчунин, довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов қувваозмоиҳоро ҳакамӣ менамояд.
Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон 2,6 миллион доллари ИМА буда, ғолибони  ҳар вазн 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 ва нишонҳои биринҷӣ 25 000 доллар ба даст меоранд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 3 медали биринҷӣ гирифтаанд: Абдусалом Ҳасанов (соли 2003, Бангкок,Таиланд), Шералӣ Достиев (2005, Мйанян, Чин) ва Анвар Юнусов (2011, Боку, Озарбойҷон). 
 
 
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021
Ҷуфтҳои даври нимниҳоӣ маълум гардиданд
 
Дар бозии охири даври чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон – 2021 дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи  «Файзканд» панҷ голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, дар нимфинал «Истиқлол» бо «Эсхата» ва «Равшан» бо «Хуҷанд» нерусанҷӣ мекунанд. 
Рақобатҳои аввал 6 – 7 ноябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27 – 28 ноябр доир мегарданд. 
 
 
ТЕННИС
Дар «Мастерс» - и Индиан-Уэллс киҳо ғолиб омаданд?
 
Дар финали мусобиқоти Индиан-Уэллс (ИМА) Кэмерон Норри (Британияи Кабир) бар Николоза Басилашвили (Гурҷистон) пирӯз гардид. 
Миёни бонувон бошад, Паула Бадоса (Испания) тенисбози украинӣ Виктория Азаренкоро шикаст дод. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед