logo

Хабарҳо

Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

Дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Созишнома бо сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳоди кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани чинӣ пешбинӣ намудааст.
Ҳукумати Чин ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе - Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод  кардааст.
 
 
Машқҳои муштараки низомии СААД дар Тоҷикистон
Дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 18 то 23 октябри соли 2021  дар  машқгоҳҳои  низомии “Ҳарбмайдон” ва “Ҳомиён”-и ҳудуди гарнизони Хатлон машқҳои муштараки махсуси васеи ҳарбӣ, таҳти унвони “Ҷустуҷӯ”, “Эшалон” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” баргузор мегардад, ки дар он чор ҳазор низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои СААД ширкат менамояд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар  ин размоиш, инчунин, чархболҳои  "МИ-8", "МИ-24", ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан ва бомбаандозу қиркунанда, 50 техникаи зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, миқдори зиёди техникаи автомобилӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода мешаванд.
Дар баробари ин, дар машқгоҳи ҳарбии “Ҳомиён”-и ҳудуди шаҳри Кӯлоб дар як вақт тамринҳои ҳарбии Тоҷикистону Россия низ идома доранд.
Размоиши дуҷонибаи Тоҷикистону Россия 22 октябр дар машқгоҳи “Ҳомиён” ва даври ниҳоии машқҳои муштараки “Ҷустуҷӯ”, “Эшалон” ва “Ҳамоҳангӣ-2021” 23 октябр дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” натиҷагирӣ мешаванд.
 
 
Мулоқот бо Миссияи Бонки ҷаҳонӣ
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Миссияи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии татбиқи Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон равона гардида, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, мубодилаи афкор намуданд.
Бояд  гуфт, ки  “Лоиҳаи  фавқулодаи  муқовимат бо вируси COVID - 19 дар Тоҷикистон” дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) ба тасвиб расидааст.
То имрӯз дар доираи лоиҳа дар самти пешгирии бемории коронавирус дар мамлакат як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шудаанд.
 
 
Мавсими нави гармидиҳӣ оғоз гардид
Шуруъ аз 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе  ба кор оғоз намуд, - хабар медиҳад ШСХК «Барқи тоҷик». Тавре мутахассисон иброз доштанд, марказ баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррари корӣ ворид мегардад.
Имсол нархи гармӣ тағйир наёфтааст. Барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаи майдони гармшаванда бо назардошти ААИ 1,18 сомониро ташкил медиҳад. Барои ташкилоти буҷетӣ - 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи истеъмолкунандагони дигар - 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).
Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо истифода аз ангишт кор мекунад ва барои мавсим ба анборҳои он соли ҷорӣ қариб 820 ҳазор тонна ангишт кашонда шудааст. 
Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегарданд, ки нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 728
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед