logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА

Дар романи «Фирдавсӣ» устод Сотим Улуғзода ногаҳон ба меҳмонӣ омадани ҳокими шаҳри Тӯсро ба кошонаи ҳаким Фирдавсӣ ин гуна тасвир намудаанд: 
- «…Шабе аз шабҳои тор, ҳангоме ки чароғи хонаҳои деҳа хомӯш буданд, баногоҳ дарвозаи ҳавлии шоир оҳиста кӯфта шуд… Фирдавсӣ бо ҳамроҳии хидматгор баромада дарвозаро кушоёнд. 
- Ассалому алайкум. Меҳмонони нохондаро қабул мефармоед? Ман амир Ҳусайни Қутайбаам. 
- Хуш омаданд, қадами муборакашон болои дида, - таоруф ба ҷо овард мизбон. 
- Ман як сари қадам ба зиёраташон омадам, зиёд намеистам». 
Ҳамин тавр, соате чанд амир дар бораи саломатӣ, мушкилоти рӯзгор, сабабҳои назми «Шоҳнома», достонҳои алоҳидаи он, «Пандномаи Нӯшервон», «Андарзномаи Баҳроми Гур», муносибати ҳукуматдорон бо шоир, андозҳои ноодилонаи онҳо бар раият суҳбат кард ва дар хотима гуфт: «Аз ин баъд шумо аз ҳама гуна боҷу хироҷ озодед, устод. Фармон бо муҳри мо ба шумо расонда хоҳад шуд». 
Ташриф овардани ҳоким ба хонаи Фирдавсӣ ба зудӣ дар атрофу акноф овоза шуда буд. Мардумон ин воқеаро нақли маҷлисҳову нуқли маҳфилҳои худ гардонда буданд».
 
Ин таърихи ҳазорсолаи арҷгузорӣ ба шоири шаҳир бо аёдати устод Сотим Улуғзода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1995 бори дигар такрор ёфт. Воқеаи таърихиро профессор Усмонҷон Ғаффоров дар китоби басо пурмуҳтавои худ «Сотим Улуғзода» мухтасар шарҳ дода, дар бораи муҳаббати хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсияти устод Сотим Улуғзода бо як меҳру самимият қалам ронда, чунин нигоштааст: - «Ду нафар рӯзноманигори Русия Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев дар қиссаи ҳуҷҷатии ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшидашудаи «Дорога к согласию», ки дар нашриёти «Собеседник»-и Маскав соли 2002 ба табъ расидааст, як лаҳзаро вобаста ба Сотим Улуғзода меоварад:
Соли 1995, Президент дар Маскав ба хонаи нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода, ки бемори бистарӣ буд, ба аёдат рафт. Ва ба писари ӯ муроҷиат намуда гуфт: - Зариф, ба ту душвор аст. Аммо мебояд, ки ба падари ранҷуру бемадорат нигаҳбон бошӣ. Ман вазъи туро хуб мефаҳмам. Муддати даҳ сол падари ман ҳам дар чунин ҳолат буд». 
Аснои он лаҳзаҳои гуворое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯйи устод Сотим Улуғзода нишаста, аз ӯ ҳолу аҳвол мепурсаду бо самимияту эҳтиром сухан мегуфт, адиби мумтоз бовар ҳосил кард, ки ин ҳама на хобу хаёл, балки амри воқеист. 
Олими тавонои соҳаи таърих андешаҳои худро идома бахшида, боз мисоле меорад оид ба ташрифи Сарвари давлати тоҷикон аз номи яке аз мухлисони адиб Сайдалӣ Бобохонов: - «Омадани меҳмони олиқадр ба манзили устод Улуғзода мисли Офтобе буд, ки абрҳои тираи хаёлоти андуҳборашро пароканда кард. Ба ҷойи андешаҳои ғамангез эҳсосоти наҷибу гуворои умедбахш падид омад». 
Муаллифи асари мондагори «Сотим Улуғзода», муҳаққиқ Усмонҷон Ғаффоров рӯзи даргузашти устодро аз олам аз номи ходими давлатӣ, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов чунин ёдовар шудааст: - «Бегоҳии 26 июни соли 1997 Президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ман ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Россия Рамазон Мирзоевро назди худ даъват карданд. Кайфияташон набуд.
- Устод Улуғзода гузаштаанд. Ҳардуятон ба хонаашон равед. Ба пайвандонашон таъзия гӯед. Маслиҳат кунед, ки чӣ кор карданианд. Дар ҳамин ҷо ба хок монданианд ё турбаташонро ба Ватан мебаранд. Мо дар ҳама ҳолат сарфу харҷро ба дӯш мегирем. Дар шароити иқтисоди имрӯза гӯру чӯб ҳам кори саҳл нест. Мо бисёр мехостем, ки дар Душанбе ба хок супоремашон. Пайвандони устод бо ашки миннатдорӣ қабул карданд». 
Сарвари фарҳангдӯсту адибпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз рӯзгор ва вазъи сиҳатии устод Улуғзода бохабар мегаштанд, ҳамеша кормандони давлатӣ ва ходимони Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро муваззаф менамуданд, ки лаҳзае аз ҳоли нависандаи оламшумул дар ғафлат намонанд. 
Вақте бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасади устод Улуғзода, ки 25 июни соли 1997 дур аз Ватан дунёро падруд гуфт, тавассути тайёра аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфта, дар оромгоҳи Лучоб ба оғӯши хоки поки кишвар супурда шуд, на танҳо зиёиён – аҳли илму адаб, балки тамоми мардуми адабиётдӯсти Тоҷикистон аз ин амали ҷавонмардона ва адибпарвари Сарвари давлат ба риққат омада, шукр мекарданд, ки турбати устод дар ғурбат намонд, акнун руҳи устод то қиёмат осуда аст. 
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар мақолаи «Дар селоби қисмат», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 30-юми ноябри соли 2002 нашр шуда буд, зикр намудааст: «Агар соли 1957 пешоҳанге ба монанди Эмомалӣ Раҳмонов дар сари қудрат мебуд, шояд имрӯз мардуми тоҷик мадфани Абулқосим Лоҳутии инқилобиро низ маҳз дар Душанбеи азиз зиёрат мекарданд». Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, шогирди бовафои устод, ки эшонро дар шаҳрҳои Душанбею Маскав хабар мегирифт, гуфта буд: -«Фавти устод барои адабиёти мо талафоти бузург аст. Вале сад ҳазор шукр мегӯем, ки ин бузургмарди ғарибмарг ғарибхок нашуд; бо ташаббуси ҷавонмардонаи Сарвари давлат манзили охираташро дар мазори Лучоб дар шафати номварони адабу фарҳанг ёфт». 
Ҳазорҳо нафар ҳамдеҳаҳои Сотим Улуғзода, ки солҳои сиюми асри ХХ аз деҳаи Варзики шаҳри Чуст ба водиҳои Вахшу Ҳисор ва шаҳри Душанбе муҳоҷир шуда омада, дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, ки ҷасади адиби ҷаҳоншумулро аз Маскав оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба оғӯши хок супурданд. Турбати адибро яке аз ҳамдиёрони ӯ Ҳоҷӣ Муйдинҷон Аҳмадҷонов, деҳқони одӣ, ки солҳои зиёд дар Ҳисор машғули пахтакорӣ буд, ба лаҳад гузошт ва пораҳо аз Қуръони маҷид қироат намуд.         
Ҳамчунин, бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устод Сотим Улуғзода 27 ноябри соли 2002 ба ифтихори 90-солагиашон барои хизматҳои бузург дар рушди фарҳанг, инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, ташаккули худшиносии миллӣ, афзудани неруи маънавӣ ва зеҳнии миллат, иштироки пурсамар дар ҳаёти ҷамъиятӣ пас аз вафот бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I қадр шуданд, ки ин боз як нишонаи тантанаи адолат дар роҳи худшиносии миллист. 
30 ноябри соли 2002 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-умин солгарди Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Дар ин ҳамоиш номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳмандона садо дод:  
- Дар тамоми марҳилаҳои таърихии фарҳанг ва адабиёти ҷаҳонӣ инсонҳои бузурге зуҳур кардаанд, ки бо эҷодиёти серпаҳлу ва нотакрори хеш сарвати маънавии халқҳоро ғанӣ сохта, дар подоши фидокорӣ ва талошу навҷӯиҳояшон умри ҷовидона ёфтаанд.
Нависандаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода, ки мо имрӯз 90-солагии зодрӯзашро ҷашн мегирем, аз ҷумлаи чунин нависандагони барҷастаи тоҷик дар асри ХХ мебошад.
Ӯ дар баробари абармардони адабиёт ва фарҳанги тоҷик Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода бо асарҳои бузурги таърихию бадеӣ ва илмии хеш шуҳрати ҷаҳонии адабиёти моро афзудааст.
Устод дар асарҳои баландмазмуни худ «Қисмати шоир», «Субҳи ҷавонии мо», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Алломаи Атҳам ва дигарон» симои шахсиятҳои таърихӣ ва қаҳрамониҳои мардуми тоҷикро  дар тули асрҳо таҷассум намуда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии чандин насли халқамон саҳми арзанда гирифтааст.
Бо инъикоси ҳодисаҳои таърихӣ ва зиндагиномаи фарзандони фарзонаи миллатамон Сотим Улуғзода тавонистааст, ки фарҳангу тамаддуни оламгири халқи тоҷикро дар давраҳои хеле қадим ба наслҳои имрӯзу оянда бо обу ранги бадеӣ нишон диҳад.
Сотим Улуғзода барҳақ яке аз бунёдгузорони драматургияи тоҷик эътироф шудааст ва дар рушди санъати театрии тоҷик низ нақши муҳим дорад. Саҳми устод дар тарҷумаи шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ҳам бузург мебошад.
13 октябри соли 2012 дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҷашни 100-солагии устод Сотим Улуғзода бо як шукӯҳи дилпазир баргузор гашт, ки дастагули ин ҳамоиши таърихӣ низ паёми табрикии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ зикр намуданд: «Боиси ифтихор аст, ки мардуми соҳибфарҳанг ва адабпарвари мо аз қадим ба осори бадеӣ ва шахсиятҳои фарзонаи илму адаб меҳру муҳаббати хосса изҳор мекунад. Шояд ин аз он сабаб аст, ки шахсиятҳои тавонои адабӣ дар ҳар давру замон бо камоли масъулият дар асарҳояшон дарду армон, орзуҳои ширин, ишқу ҳиссиётҳои пурнаҷобат, талошу ҷоннисориҳои фарзандони муборизро барои ҳифзи Ватан, шарафу номус ва расму таомул, марзу бум зебою мондагор офарида, ба ин васила, дар қалби мардум ифтихори ватандорию фарҳанги ҳифзи беҳтарин арзишҳои миллиро ҷо карданд. Воқеан, осори арзишманди аҳли ҳунар сарвати миллат аст. Маҳз, аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда ва ҷомеаи Тоҷикистону берун аз он марҳила ба марҳила ба даврони пурэъҷози Сомониёну рӯзгори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аъроб дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Барҳақ, Сотим Улуғзода пас аз устод Садриддин Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид. Аз назари устод Улуғзода таҳқиқи бадеии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ муроҷиат ба имрӯзу фардои миллат аст. Бо амри Президенти мамлакат барои абадӣ гардондани хотираи ӯ ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон нишонаи олии қадршиносии шахсияти ӯ, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад». 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор», ки ба 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эҳдо гаштааст, дар хусуси рӯзгори 25 шахсияти бузурги таърихӣ – давлатсозон, сиёсатмадорон, олимону адибон, ки дар замони худ бо хирад, заковат, дониш ва фазилат шуҳрат пайдо карда буданд, сухан ронда, аз ҷумла дар мақолаи «Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ» устод Сотим Улуғзодаро нависандаи тавонои тоҷик ном бурда, зикр намудаанд: «Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид. Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши осори пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад». 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2021    №: 209    Мутолиа карданд: 1019
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед