logo

иҷтимоиёт

ДЕҲИ МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН!

Муассисаҳои замонавӣ, беморхона, таваллудхона, боғчаи кӯдакон, литсей, клуб, тарабхона, чойхона,  дукони дӯзандагӣ, бонк, корхонаи коркарди пахта (ҶДММ «Зиёратшоҳ»), бозор, даҳҳо мағозаҳои гуногун, нуқтаҳои фӯруши сӯзишворӣ ва роҳҳои ободу кӯчаҳои чароғон… Ин аст шароити деҳаи ман. Ва он ҳам яке аз деҳаҳои дурдаст, деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор. 
Ба ин ҳама, ҷасорати фавқулода ва иродаи қавии Сарвари давлат имкон фароҳам овардааст, ки деҳаҳо рушд кунанд. 
Пайравӣ ба корҳои ободонӣ даст дод, ки марҳила ба марҳила мушкилоти деҳот ҳалли худро пайдо намояд. Ин ҳама ба шарофати талошҳои Сарвари давлат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва руҳи созандагии ӯ сурат гирифт, ки воқеан, тасаввурнашаванда аст. Иқрор бояд шуд, ки деҳаи мо имрӯз танҳо ва танҳо ба шарофати Пешвои некбину ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гаштааст ва ин ҳақиқатро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инкор карда наметавонд. Бояд бигӯям, ки наврасони деҳаи ман хушбахттарин насл ҳастанд, ки дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд. 
 
АЗ КАРЛ МАРКС ТО ҲАЁТИ НАВ
Бо вуҷуди надоштани ин шароит дар замони туфуллиятам боз ҳам он дар назарам хуб нақш бастааст. Аммо деҳаи ман, ки он вақт номи Карл Марксро дошт, аз деҳаи Ҳаёти Нави имрӯза аз замин то осмон фарқ мекунад. Чун аз одитарин шароити кору зист танқисӣ мекашидем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ҳангоми зимистонгузаронӣ ҳамроҳи ҳамсинфон бо навбат аз хона ба мактаб ҳезум мебурдем. Бо вуҷуди дуди ғализ, аз гармии начандони синфхонаҳо шод будем. 
Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки барои таваллуд зани ҳомиларо бо чи қадар азоб (он солҳо на ҳама мошини сабукрав доштанд) ба беморхонаи марказӣ мебурданд. Чун дар деҳаи мо таваллудхона набуд. Кӯдакии мо на дар боғча, балки дар кӯчаҳои деҳа гузаштааст. Чун дар деҳаамон боғчаи кӯдакон набуд. Барои баҳравар шудан аз хизматрасонии бонкӣ, мардуми деҳа рӯзҳо дар маркази ноҳия навбат мепоиданд. Зеро шароит чунин буд. Барои одитарин маводи ғизоиро дастрас намудан ҳатман ба маркази ноҳия бояд мерафтем. Чун ягон мағоза дар деҳ вуҷуд надошт. Имрӯзҳо дар деҳаи Ҳаёти Нав, воқеан ҳам, барои мардум  ҳаёти нав сар шудааст.
 
БИЁ К- АЗ ОМАДАНАТ МУЖДАИ ШУКУФОӢ…
Фархор бо заҳмати аҳлонаи мардум дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас рушд карда, шароити зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар шуда истодааст. Самараи неки фаъолияти ободкоронаи Пешвои миллат аст, ки соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёдкориву созандагиҳои ин марди хирад пайравӣ намуда, маҳалли зисти худро рӯз ба рӯз обод менамоянд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо деҳаи мо мебошад, ки бо заҳмати соҳибкорони маҳаллӣ имрӯз ба гулистон табдил ёфтааст. Махсусан, саҳми соҳибкор Диловар Муҳиддинов дар бунёди иншооти иҷтимоӣ назаррас мебошад. Аз тарафи ӯ то имрӯз ду бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6, таваллудхона ва роҳҳои маҳаллӣ дар хизмати мардум қарор гирифтаанд. Инчунин, сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯст, ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ 470 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониро бунёд карда, ба истифода додаанд.
Нуқтаи муҳим ин аст, ки давоми сӣ соли Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 маротиба ба Фархорзамин сафар намудаанд, ки ҳар бор бо қудумашон ободкориҳои зиёде сурат гирифтаанд.  Маҳз, ба шарофати сафари расмиашон соли 2013 ба ноҳияи Фархор,  деҳаи ман намои худро куллан тағйир дод.
 
ҚУДУМИ ПЕШВО ФАЙЗБОР АСТ
Хуб дар хотир дорам, ки мардуми деҳаи Ҳаёти Нав сафари Пешвои миллатро бо хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Хурду калони деҳа ба пешвоз баромада, роҳпаймоӣ менамуданд. Кӯдакон бо лаҳни ширин «бобои Эмомалӣ меояд» - гӯён шодӣ менамуданд. Дарвоқеъ, барои мардуми маҳал бо вуҷуди сардиҳои зимистон, қудуми Пешвои муаззами миллат баҳор овард. Баҳори орзуҳову умедҳои рафтаи солҳои 90-уми асри гузаштаро. Ин сафар дар Ҷамоати деҳоти «Хуросон»   ду бинои аввали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-ро барои 1200 нафар хонанда ба истифода супурданд, ки бо ҳиммати соҳибкори маҳаллӣ Диловар Муҳиддинов ва бо  маблағи қариб 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Бояд гуфт, ки таълимгоҳи  мазкур дар ноҳия аввалин муассисаи иҷтимоии аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохташуда мебошад. Сарвари давлат, ҳамчунин, барои бунёди таваллудхона санги асос гузоштанд, ки имрӯз дар хизмати мардуми деҳот аст. Акнун деҳаи ман соҳиби муассисаҳои замонавӣ аст ва  мардум тамоми корҳояшонро метавонанд дар инҷо сомон диҳанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки қудуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон файзбор аст. Ин гуфтаҳоро сафарҳои ӯ ба шаҳру навоии кишвар борҳо собит кардаанд.  Пешвои миллат  ҳамеша бо мардуманд, мардумро дӯст медоранд ва мардум низ ӯро самимона дӯст медоранд. Ана ҳамин муҳаббати дуҷониба ба корҳои созандагиву бунёдкориҳо илҳом бахшидаву мебахшад.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2021    №: 209    Мутолиа карданд: 1289
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед