logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар хонаводаи сержанти гвардияи артиши Иттиҳоди Шуравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мамадалӣ Имомалиев, ки се сол дар полку дивизияҳои гуногун ҷангида, бо пирӯзӣ ба Меҳан баргашта буд, аввалин фарзанд ба дунё омад ва ӯро Қурбон ном ниҳоданд.
Падари Қурбон ба ҷуз аз сарбози сарсупурда будан, ҳамчунин, ҳунарманд, боғбон ва кишоварзи корозмуда буд. Бо нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода дӯстӣ дошт. Ин адиби маъруф низ ба хонаводаи Мамадалӣ Имомалиев бо майл меҳмон мешуд. Чунин муҳити озодаву пурмаърифат, албатта, ба ояндаи Қурбон таъсири нек дошт. Азбаски меҳри қаламу дафтар оҳанрабои махсус дорад, Қурбон Мадалиев пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кори рӯзноманигорӣ пардохт. Аввал ба ҷаридаи номдори «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») омад. Аз ҳамин боргоҳ боли парвоз ёфт ва чун Қурбони журналист ном баровард. Аз он ҷо ба «Ҷумҳурият» (он замон «Тоҷикистони советӣ») даъват шуд ва як марҳилаи бузурги умри худро барои таъриху танзими ҳамин рӯзномаи миллатсоз бахшид. Як муддат дар водии Рашт ва шаҳри Норак мухбири махсус буд, сокинони шаҳру навоҳии мазкур ҳоло ҳам эшонро хуб дар ёд доранд. 
Вақте соли 1991 рӯзномаи «Садои мардум» таъсис ёфт, барои сари по мондани кори ин нашрия он ҷо рафт. Дар вазнинтарин шароит, рӯзҳое, ки Душанбеи азизи моро ҷангу кашмакаш фаро гирифта буд, хома аз каф намонд, барои адолат, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон мақолаҳои пурмазмун, лавҳаҳои оташин ва гузоришҳои фаврӣ менавишт. Мақолаи машҳури ӯ «Демократияро буғӣ мекунанд»-ро доираи журналистони тоҷик ҳанӯз ҳам ба некӣ ёд мекунанд.
Марҳилаи тозаи фаъолият ва рӯзгори Қурбон  Мадалиев  дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ боз  ҳам  бо номи маъруфтарин ҷаридаи давр – «Ҷумҳурият» иртибот пайдо кард. Ӯ ин бор ба идораи рӯзнома чун муовини аввали сармуҳаррир ба кор омад. Дар ин муддат Қурбони журналист ба Қурбони нависанда, тарҷумон ва таҳлилгар табдил ёфта буд. Маҳз фазои корсоз ва коргарони иттифоқи рӯзнома ба номбурда имкон доданд, ки бо кори тарҷума ба таври ҷиддӣ машғул шавад. Дар натиҷа китоби машҳури «100 инсони бузург»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ пурра тарҷума кард. Ин китоб байни хонандагони тоҷик зуд шуҳра гашт.
Шоҳид будем, ки  дар  чорабинии  «Китоби Душанбе - 2018» нусхаҳои  охирини  ин китобро мухлисон чӣ гуна бо талош мехариданд. Чанде пеш ҷавонони зираке шакли электронии китобро ба фазои интернет гузоштанд, ки шумораи муштариёнаш афзудан дорад. Китоби «Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» низ аз асарҳои шавқовару хондании муаллиф аст.
Соли 2018 китоби бисёр шавқовар – «Разведка: ҷосусҳо, муҳорибаҳо, суиқасдҳо»-и Қурбон Мадалиев интишор ёфт. Ин китоб маҷмуи тарҷумаҳои чандинсолаи мутарҷим аст, ки бахши аъзами онҳо дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» рӯи чопро дидаанд.
Ёд овардан бамаврид аст, ки номбурда дар маслаки рӯзноманигорӣ бо таҷрибаи фаровон ва диду назари вижа мактаби тарбияи худро дорад. Даҳҳо шогирдони ӯ имрӯз хомакашӣ мекунанд, ки дар таҳриру тадвини онҳо нақши қалам ва натиҷаи тарбияи устод Мадалиев ҳувайдост.
Устод Қурбон Мадалиев ҳоло дар авҷи камоли умр қарор дорад. Дар давоми ҳафтаи корӣ пурра қалам ба даст асту дар рӯзҳои истироҳат мисли падар гирди боғи оростааш парвона. Баҳори соли гузашта, ҳатто, аз водии Рашт чанд ниҳоли себ оварда, ба боғаш нишонд. Аммо, агар боғи ӯ як гӯшаи хурди кишвари моро сабзу хуррам карда бошад, сарсабзии каломаш димоғи ҷонҳоро муаттар, мақолаҳои обдораш тафаккурҳоро шодоб, тарҷумаҳояш таҷрибаҳоро зиёд ва номи Қурбон Мадалиевро ба саҳифаҳои таърих ба некӣ сабт кардааст.  
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2021    №: 209    Мутолиа карданд: 1492
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед