logo

сиёсат

БУРДИ МО ДАР ИНТИХОБИ МО БУД!

Тавре маълум аст, солҳои охири 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта дар Ҳукумати Шуравӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Роҳбарияти давр мехост, як навоварӣ ва ҳамзамон демократияро паҳн ва ҷорӣ намояд. Ин навоварӣ ё худ бозсозӣ дар аввал вонамуд мешуд, ки ҷараёни бисёр муфид ва зарурӣ мебошад. Дар оғоз ҳамин тавр ҳам буд. Барои мисол метавон баргузории интихоботи вакилони мардумӣ дар соли 1990 - ро ёдовар шуд. Он озод, шаффоф, демократӣ ва ба таври алтернативӣ сурат гирифт. Баъдтар ин бозсозӣ, демократикунонии ҷомеа дастгирӣ ва мавқеи худро наёфт. Дар натиҷа он ба фурӯпошии ин ҳукумату давлати пурқудрат оварда расонд. Ҳамаи шохаҳои давлатдорӣ, ҳамзамон, фалаҷ шудан гирифт. Сатҳи истеҳсоли маҳсулот бисёр ҳам паст гардид ва ин ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфии худро расонд. Аз ин ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо суиистифода карданд ва мардумро ба ҷониби худ ҷалб сохтанд ва митингҳоро ташкил карданд, мардумро ба майдоншиниҳо, корпартоиҳо даъват намуданд. Ҳамин тавр, барои пошхӯрии ҳукумату давлати пурқудрати давр замина фароҳам омад. Ба ин сабаб ҷумҳуриҳо мустақилияти худро эълон карданд. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон низ мустақилияти худро эълон кард. Фикр мекунам, ки дар ин маврид нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо ҷумҳурии мо зарари зиёд дид.
Мардуми мо, мардуми неку поксиришт аст, ба гурӯҳҳову ҳизбҳову ҷараёнҳои гуногун дар он вазъи мушкилу бехабар аз ояндаву натиҷаву ғаразҳои бади онҳо, бовар карданд ва аз қафои онҳо рафтанд. Мутаассифона, ин гурӯҳ бо истифода аз вазъи ногувори сиёсӣ, бовари қисме аз мардум мехостанд ҳар чи зудтар ба сари қудрат биоянд, ҳукмронӣ намоянд. Аз ин рӯ, чандин майдоннишинӣ, гуруснанишинӣ, корпартоӣ дар ҷумҳурии мо, хусусан дар шаҳри Душанбе, дар маркази вилоятҳо, шаҳрҳо ба вуқуъ пайваст.
Бо вуҷуди ин ҳама, мардум, ки ҷонибдору хоҳони адолат буд, мехост дар интихоби вакилон ба хатоӣ роҳ надиҳад. Яъне, нафари сазоворро пешбарӣ ва тарафдорӣ менамуд, то ӯ дар Шурои Олии онвақта манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунад, барои вазъи беҳтари зиндагӣ, шукуфоии кишвар саҳми дурусту арзанда гирифта тавонад.
Дар яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳияи Данғара мардум ин гуна номзадро дар симои роҳбарашон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиданд. Албатта, ҳукумати вақт, ҳизби он замон ҳукмрон ин тасмими мардумро ҷонибдорӣ намекард. Ба ин хотир номзадии нафарони машҳуру шинохташуда ва вазифадорро дар паҳлуяш гузошт. Мардум бо имкониятҳои озодандешӣ аз тасмими худ барнагашт ва раъйашонро ба ҷонибдории номзади худашон дод. Вақт, ҳодисаҳои мудҳиши рухдодаи кишвар собит сохт, ки мардум беҳтарин номзадро пешбарӣ карда, барои вакили мардумӣ шуданаш овоз додааст. Муборизаҳо, тарғибҳо дар ин ҳавза шадид сурат мегирифтанд, аз тамоми воситаҳо истифода мешуд, то муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз нагираду вакил интихоб нашавад.
Давраи дуюми интихобот дар ин ҳавза, яъне ҳавзаи интихоботии № 172, низ доир гардид. Дар муқобили ӯ прокурори ноҳия қарор дошт. Қисми зиёди овозҳоро дар ин давра муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.
Аз ҷаласаҳои аввалини Шурои Олии ҷумҳурӣ ӯ аз мушкилоту дарди мардум мегуфт ва ҳамзамон, роҳи ҳалли масъалаҳои мушкилро баён медошт. Аз баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, боло бурдани музди меҳнат, поён фаровардани нархҳои маҳсулот сухан мегуфт. Умуман, фикру зикр ва баромадҳои ӯ барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва пешрафти кишвар, худшиносии мардум, ҳувияти миллӣ буд. Пеш аз ҳама, албатта, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он давра сухан мекарду роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷударо нишон медод. Яъне, интихоби ӯ ба вазифаи раиси Шурои Олии ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 1992, дар мушкилтарин давра, тасодуфиву бесабаб набуд. Дигар вакилон ин заҳматҳо, талабҳо, масъалагузориҳои ӯро хуб медонистанд ва бовар ҳам доштанд, ки вакили пешбаршаванда фаъолияташро чун Сарвари давлат барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар, беҳбудии зиндагии шаҳрвандон хуб равона карда метавонад.
Ба гузашта як руҷуъ бикунем. Дар давоми ду сол чор роҳбари ҷумҳурӣ ба истеъфо рафт. Сабабҳо маълум аст. Бешак, вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурии мо дар ин рӯзгор бисёр нигаронкунанда буд. Мардум сарсону саргардон буд. Аз пайи кадом ҳизбу гурӯҳу ҷараён рафтанро бисёре аз одамон намедонистанд, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҷумҳурӣ бовар надоштанд. Чаро? Чунки онҳо дар андешаи беҳбудии зиндагии халқ ва пешрафти ҷумҳурӣ намеандешиданд. Инчунин, ғамхорӣ зоҳир намекарданд. Ба ин сабаб бештар ба вакилон эътимол доштанд ва аз мо – вакилон истеъфои роҳбарони ҷумҳуриро мехостанд.
Махсусан, соли 1992 вазъи сиёсӣ дар кишвар бисёр вазнин шуд. Аз президенти тозаинтихоб гурӯҳҳои мухолифин ва як қисми мардум, ки ба ҷонибдорияш овоз надода буданд, на танҳо гарм истиқбол накарданд, балки барои истеъфояш аз тамоми воситаҳо истифода намуданд. Мурод дар ин ҳол он буд, ки худ ихтиёран истеъфо бидиҳад. Чун ин амал аз ӯ сар назад, бо роҳи маҷбурӣ аризаи ба истеъфо баромаданашро гирифтанд. Агар ба ариза имзо намегузошт, қасд ба ҷонаш мекарданд, яъне зиндааш намегузоштанд.
Пеш аз ин гурӯҳи мухолифини сарсахт забон як карда дар назди президенти тозаинтихоб масъала гузоштанд, ки то Ҳукумати муросои миллӣ таъсис наёбад, мо шуморо ҳамчун президент эътироф намекунем. Президент маҷбур шуд, ки дар ин хусус фармон ба тасвиб бирасонад. Бояд ёдовар шуд, ки ин ҳукумат дар пайи гирдиҳамоиҳо ва фишори майдонҳо ба вуҷуд омада буд, аз ин рӯ, барои манфиати онҳо амал мекард. Ин сабаб шуд, ки мардуми аксар минтақаҳои кишвар ба он эътимод набандад. Ҳукумати муросои миллӣ хоҳ-нохоҳ бо ин ҳол умри дароз дида наметавонист. Фақру бенавоӣ, гуруснагӣ ба авҷи аълои худ расид. Мардум ба бемориҳои гуногун гирифтор ва ҳам заҳролуд шуд, махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор. Шумораи фавтидагон низ зиёд гардид. Пас аз муҳосираи мардуми минтақаи Кӯлоб вазъи зиндагиву кори мардум бадтару бадтар шуд. Аз ин гуна ҳукумат мардум ба изтироб, ба ғазаб омад ва норизоии худро ошкоро изҳор дошт.
Мардуми водии Ҳисор бо изҳори норизоятӣ роҳро, хосса роҳи оҳанро барои ин ҳукумат баст, то он дигар фаъолият карда натавонад. Пас аз он гуруснагӣ пойтахти кишварро низ фаро гирифт. Ҳукумати муросои миллӣ дарёфт, ки вазъ бениҳоят ногувору хавфнок аст ва ба ин шакл дигар пойдор буда наметавонад. Аз ин рӯ, пешниҳод кард, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ даъват шавад. Шахсони шомилшудаи ин ҳукумат эҳсос карданд, ки агар ихтиёран аз вазифаҳояшон бо роҳи осоишта барканор нашаванду ин ниҳодро барҳам надиҳанд, дар назди халқу миллат ва таърих лаънатзада мешаванд. Албатта, боз бовар ҳам доштанд, ки дар дигар шакл роҳбариро ба даст мегиранд ва амалҳои зишташонро идома медиҳанд.
Вакилон ба ин хулоса омаданд, ки иҷлосия дар ҷойе баргузор гардад, ки амнияти онҳо, имкони озодона баён доштани фикру мулоҳизаҳоро дошта бошанд. Пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба ин гуна талабот ҷавобгӯ набуд. Қарор шуд, ки он дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. Мо - вакилони минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷамъ омада, ба воситаи чархбол ва тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафтем. Ба кори иҷлосия омодагӣ медидем, ки вазъи минтақаи Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бадтар шуд. Зарурат пеш омад, ки ба минтақаҳо баргардем, то вазъро баррасӣ намоему саҳми худро дар ором гардидани он бигирем. Ҳамин тавр, бори дуюм мо- вакилон ба воситаи чархбол  ва тайёра аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Хуҷанд парвоз намудем. Барои баргузории иҷлосия гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт. Нахуст ҷаласаи машваратӣ гузаронда шуд. Рӯзномаи пешакӣ омодагардидаи Шурои Олиро аксари вакилон напазируфтанд. Гуфтанд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ рӯзномаи онро барои пешниҳоду қабул омода месозем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъзе аз гурӯҳҳо, хусусан, роҳбарияти онвақтаи  Шурои Олӣ мехостанд, ки ин иҷлосия баргузор нагардад. Чун ба ин мақсад ноил нагардиданд, пешниҳод намуданд, ки қумондонҳои саҳроӣ ба иҷлосия даъват бишаванд, то ризоияти худро барои баргузории иҷлосия ва қарорҳои қабулнамуда бидиҳанду онҳоро иҷро бикунанд. Мо ин пешниҳодро бо пофишорӣ рад намудем.
Иҷлосия кушода шуд. Президенти қонунии он давр Раҳмон Набиев дар он ширкат варзиданд, вазъро баррасӣ намуданд ва ихтиёран бо аризаи худ ба хотири ором шудани вазъи ногувори кишвар аз мақоми президентӣ истеъфои худро талаб карданд. Вакилон ин аризаву дархости президенти қонуниро қабул карданд, овоз доданд. Тибқи қонуни мавҷуда бояд интихоботи президентӣ қабул мегардид, аммо вазъ инро тақозо надошт.
Сохтори президентӣ барҳам дода шуд ва ба ҷойи он Шурои Олӣ роҳбарӣ мекард. Масъалаи асосии иҷлосия интихоби Раиси Шурои Олӣ буд. Вакилон номзадии вакил аз ҳавзаи № 172 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои раисӣ пешниҳод намуданд ва ба ӯ овоз доданд. Вакилон дар давоми се сол аз фаъолият ва донишу ғамхории ин номзад воқиф буданд. Онҳо изҳор доштанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки вазъи сиёсиро ба эътидол дароварад. Ман раиси комиссияи ҳисоби овозҳо будам. Аз 197 нафар вакил, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ  иштирок дошт, 187 нафараш ба тарафдории ин номзад овоз дод. Вакилон, воқеан, нисбати ҳама давраҳои дигар дар иҷлосия бештар фаъол буданд, зеро медонистанд, ки агар тасмими нодуруст бигиранд ва ё хотирбинӣ бикунанд, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ боз мураккабтар мегардад. Инчунин, эҳсос менамуданд, ки бо идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ҳамчун давлат аз миён меравад, маҳв мегардад.
Раиси тозаинтихоб ба кор шуруъ кард. Дар баромади нахустинаш аз ба эътидол овардани кишвар, баргардондани гурезаҳо, барқарории сулҳ, ваҳдати миллӣ, ободонии кишвар гуфт ва таъкид дошт, ки дар иҷрои ин корҳо, агар зарур бишавад, ҷони худро, ҳастии худро дареғ намедорад. Дар он рӯзгор бо эътимоду боварӣ ва ҷасорати том гуфтани ин суханҳо осон набуд. Ҳамаи гуфтаҳои ӯ амалӣ гардиданд. Мо шоҳиди ин ҳақиқати таърихӣ гаштем. Ба ҳар хонадон беҳтарину муҳимтарин неъмат - сулҳро овард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, кишварро аз оташи хонумонсӯзи ҷанг наҷот бахшид ва ободу зебо намуд.
Қабули Парчами давлатӣ низ ба осонӣ даст надод. Музокираҳои тезу тунд ба амал омаданд.
Қонун ва қарорҳои зиёд ҳам қабул шуданд, аз ҷумла Қонун дар бораи авф, халъи силоҳ. Бе амалӣ гардидани ин қонунҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳод ва сулҳи сартосарӣ ноил шудан мумкин набуд.
Мавриди таъкид аст, ки Сарвари тозаинтихобшудаи давлат ҷаласаро бо як тамкини хос мегузаронд ва бо баррасиву таҳлили андешаҳову пешниҳодҳо беҳтарину дурусттарини онҳоро мепазируфт. Ҳамзамон, андешаҳову пешниҳодҳои худро ироа мекард ва тамоми вакилон бар он мувофиқат менамуданд. Аз ҷониби ин вакилон эътироф мешуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан,  дар баробари шахсияти фавқулода буданаш, нисбат ба пойдории миллат, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ғамхор мебошад ва дуруст тадбирандешӣ карда метавонад. Албатта, ҳамаи шоҳидон низ, ки дар он рӯзгор баромадҳову муроҷиатҳо ва саъю кӯшишҳои ӯро дар мавриди хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, сулҳу ваҳдат, ободонии кишвар, баргардондани гурезаҳо шунидаву дидаанд, ин ҳақиқатро эътироф менамоянду гувоҳӣ медиҳанд, ки мо ба ин сулҳу ваҳдат амният, ободонӣ, пешрафт танҳо туфайли ӯ расидаем. Ин боз дар ҳолест, ки ӯ бо хоксорӣ ин дастоварди бузургро ба халқи азизу соҳибмаърифаташ нисбат медиҳад. Дар ҳақиқат, мардуми нексиришти мо ба ин ҳама талошҳои Сарвари хирадманду дилсӯз шукргузорӣ мекунанд.
Ман фикр мекунам, ки дуои ин мардуми покнажод дар лаҳзаҳои басо душвор ба даргоҳи Ҳақ қабул гардида ва Худованди мутаол бароямон Сарвари шоиставу ғамхору хирадманду дурандешро ато намуд. Барои аксари мардум бовар нокарданӣ буд, ки ӯ метавонад оташи ҷангро дар муддати кӯтоҳ барои таърих хомӯш бинамояд. Дар баъзе аз дигар кишварҳо солҳои шадид ва низ то ба ҳанӯз ҷанг идома дошту дорад. Кофист, кишвари ҳамсояву ҳамзабон Афғонистонро пеши рӯ биёрем. Мардумаш дар баробари идомаи ҷангҳо дар ҳоли фақру бенавоӣ  қарор дорад.
Ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзгор пешниҳод гардид, ки то як муддат аз шаҳри Хуҷанд, яъне ҷойи амн, давлатро идора бикунад, аммо ӯ инро напазируфт. Бо ҷасорате, ки дошт, ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе якумин шуда омад. Баъзе роҳбарони вазорату ташкилоту идораҳо бо назардошти вазъи мураккаби сиёсӣ ба пойтахт омадан нахостанд.
Бархе мегуфтанд, ки ӯ беш аз ду ҳафта сарварӣ ва амнияти кишварро барқарор карда наметавонад.
Қабули Конститутсия, муайян кардани мавқеъ, пазируфтани Суруди миллӣ, таъсиси Артиши миллӣ, баргузории интихоботи президентӣ - ҳар кадом дар он рӯзгор дар навбати худ ба амали қаҳрамонӣ баробар буд.
Ӯ ба хотири пойдории давлату миллат, ободонии кишвар, сулҳу ваҳдат ҷон дар кафи даст гирифта, бо гурӯҳҳои мухолифини вақт суҳбатҳо намуд ва ба роҳбарони он гуфт, ки агар сулҳ барқарор нагардаду ҷанг идома биёбад, моро таърих чун миллати бародаркушу худкуш ба ёд меоварад. Гуфтан, албатта, дигар асту дуруст фаҳмондану дарк кунондан дигар.
Бори дигар собит гардид, ки Сарвари давлат неруву дили бузургу пок доштааст, ки ин ҳамаи мушкилотро таҳаммул намуд ва бо такя ба мардуми ин сарзамин дар рафъу ҳаллашон муваффақ гардид. Зимоми роҳбариро на ҳар вакил дар он рӯзгор бо ин гуна вазъи ногувор пазируфта метавонист.
Ӯ, воқеан, на танҳо Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳонид, балки онро ба маънии томаш эҳё намуд. Тамоми сохторҳои фалаҷшударо фаъол намуд.
Ин ҳақиқат ниёз ба собит сохтан надорад, ки мардум ӯро дӯст медорад, чун Пешвои миллат медонаду эътироф мекунад. Азизи ҳар хонадон мебошад. Дар вохӯриҳову мулоқотҳо самимияту муҳаббати мардум бараъло ба чашм мерасад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари он ки ба беҳтарин иқдомҳо сари вақт ва ё пеш аз вақт рӯ меорад, ҳамчунон, хастагинопазир аст. Иқдомҳояш пештар то ба ӯ собиқа надоштанд.
Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ кишварро, ин мардуми покнажодро дар тамоми олам дуруст ва бо муҳаббат муаррифӣ намуд.
Сарвари давлат, дар рушди тамоми соҳаҳо, хосса фарҳанг ба маънии мусбаташ, ҳиссаи қиёснашаванда дорад.
Тамоми дунё ӯро чун сиёсатмадори варзида ва соҳибмактаб мешиносаду эътироф менамояд.
Дастовардҳои миллату кишварро пас аз сарварии ӯ дигар шумурда намешавад, бениҳоят зиёданд. Ман чунин мепиндорам, ки неруи ӯ дар мавриди давлатсозиву миллатсозӣ интиҳо надорад.
Дар баробари ҳамаи мардум, мо - вакилон, аз ҷумла ман ифтихор мекунам, ки чунин Пешвои муаззам, Сарвари шоиставу асил, инсони поксиришт дорем ва дар интихоби ӯ хато накардем.
Ман боз аз он ифтихор мекунам, ки дар ин мактаби бузурги сарварии ӯ ба камол расидам. Инчунин, аз оғози фаъолияти роҳбарияш дар паҳлуяш будам ва дар иҷрои мақсадҳои бузург, барномаҳои бисёр муҳимаш то ҷое бо муҳаббат, ихлос, самимият саҳм гирифтам ва мегирам.
Бешак, ба Сарварии ӯ миллат, давлат,  кишварро ояндаи дурахшонтаре дар пеш аст.
 
Ғайбулло АВЗАЛОВ,
собиқ вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 171, раиси Шурои куҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.21    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 1115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед