logo

иқтисод

СУҒД. РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ЗИНДАГИРО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕБАХШАД

Имрӯзҳо мардуми Суғди бостон бо вусъат додани корҳои ободонӣ ба сӯйи уфуқҳои тозаи рушд қадам мениҳанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома Ҷовиди АШТӢ рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи вилоятро давоми нуҳ моҳи соли равон таҳлил намуда, перомуни муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили саноатикунонии босуръати вилоят, ривоҷи соҳаи кишоварзӣ, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, ҷалби сармояи хориҷиву афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ибрози андеша намуд. Фишурдаи ин суҳбатро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем: 
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ироа доштанду барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, силсилаи тадбирҳои муассирро амалӣ намуд.
Натиҷаҳои бадастомадаи иқтисодӣ ифодагари самарабахшии фаъолияти хоҷагии халқи вилоятанд. Масалан, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расид. 
Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба бештар тавлид кардани маҳсулоти воридотивазкунанда таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона гашт.  Аз ҷумла, моҳҳои январ – сентябри соли 2021 1 миллиону 55,7 ҳазор тонна семент, 1 миллиону 302,3 ҳазор тонна ангишт,  3 ҳазору 606,4 тонна калоба ва 5 миллиону 223,6 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагӣ истеҳсол шуданд. Бояд гуфт, ки истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ низ сол ба сол меафзояд ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 371,1 ҳазор тонна орд ва 2 миллиону 803,4 тонна равғани рустанӣ тавлид гардид. 
Истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ, аз қабили лӯлаҳои пластикӣ 989,1 ҳазор метр, рехтаи пӯлодӣ 4 ҳазору 222,1 тонна, маҳсулоти кабелӣ 587 тонна, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 4 ҳазору 296,2 тонна, профилҳои металлӣ 18 ҳазору 441 тонна, профилҳои пластикӣ 1 ҳазору 103,4 тонна,  халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 36,9 миллион дона, халтаҳои полиэтиленӣ 620,2 тонна, маҳсулоти пластмассӣ 56,2 миллион дона, бомпӯши оҳанӣ 85,4 ҳазор метр ва шишаи сохтмонӣ 10 ҳазор метри мураббаъ таъмин гашт. Чунонки ба мушоҳида мерасад, захираю имкониятҳои вилояти Суғд дар ин самт басанда буда, бо воридсозии муосиртарин хатҳои технологӣ ва таҷҳизот бояд ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда муваффақ гардем ва, ҳамзамон, содироти молҳоро ба хориҷи кишвар афзун намоем. 
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, тибқи нақша, соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3 ҳазору 27 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, давоми нуҳ моҳи соли равон дар вилоят 95 корхонаву коргоҳҳои нав бо 794 ҷойи корӣ ба фаъолият шуруъ кард. 
Соли 2021 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, тайи нуҳ моҳ даҳ коргоҳи дӯзандагӣ бо 110 ҷойи кор ва ду коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи кор таъсис ёфтанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли равон корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи 194,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.  
Ба касе пӯшида нест, ки ду-се сол қабл сарулибоси мактабӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Пас аз дастури Сарвари давлат оид ба марҳила ба марҳила дар мамлакат роҳандозӣ кардани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ, дар шаҳру навоҳии вилоят қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд. Аз ҷумла, барои соли таҳсили 2021 – 2022 тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 864 ҳазору 169 дона либоси мактабӣ дӯхта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,1 баробар зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 миллиарду  698,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гашт, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли 2020 зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаҳои рустанипарварӣ ба маблағи 6 миллиарду 618 миллион сомонӣ, чорводорӣ 2 миллиарду 80,5 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба 8,4 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шуд. Дар баробари ин, истеҳсоли картошка 376 ҳазору 623,2 тонна, пиёз 151 ҳазору 622,3 тонна, мева 68 ҳазору 80 тонна, дигар навъҳои полизӣ 137 ҳазору 728,8 тоннаро ташкил дод. 
Тамоми  таваҷҷуҳу талоши мутахассисони вилоят ба он нигаронда шудааст, ки  солҳои наздик истеҳсоли ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзиро дар сатҳи худкифоӣ ба роҳ монда, инчунин, онҳоро ба хориҷи кишвар содирот намоем.
Ҳоло ба рушди соҳаи пахтакорӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро пахта дар баробари он ки ашёи стратегист, ҳамзамон, дар ривоҷу равнақи саноати сабуку хӯрокворӣ ва чорводорӣ нақши муассир мебозад. Соли равон нақшаи истеҳсоли пахта 133 ҳазору 800 тонна пешбинӣ гардидааст ва алҳол ҷамъоварии он идома дорад. Оянда аз ҳисоби коркарди ниҳоии нахи пахта дар вилоят чандин корхонаҳои ресмону сарулибос бунёд мешаванд.
Вобаста ба  истеҳсоли худкифоии маҳсулот метавон соҳаи чорводориро низ зикр кард. Маҳз бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи манотиқи кишвар коргоҳҳои парандапарварӣ, коркарди гӯшту шир бунёд мешаванд, ки ҷиҳати ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ қадами ҷиддист. Ба ин хотир, сол ба сол ривоҷу тараққии соҳаи ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 41 ҳазору 620,4 тонна, гӯшти моҳӣ 405,1 тонна, шир 193 ҳазору 836,1 тонна, тухм 456,4 миллион дона, пашм 1 ҳазору 478,5 тонна, пилла 163 тонна ва асал 1 ҳазору 407,2 тоннаро ташкил дод. 
Бо мақсади  тамоми фасли сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани сокинон, дар шаҳру навоҳии вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, иқтидорашон 8 ҳазору 680 тоннаро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар  онҳо 198 тонна себ, 165 тонна ангур ва 15,5 тонна дигар намуди маҳсулот захира шудааст.  
Дар ин баробар, бунёди боғу токзор дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дорад. Соли равон бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида буд, ки то моҳи июл 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав доман паҳн кард. Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамо мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад. 
Собит шуда, ки маҳз бо афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равнақи тоза мегиранд. Аз ин лиҳоз, ин  масъала пайваста дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Масалан, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 607,2 миллион доллари ИМА расид. Ҳаҷми воридот бошад, 1 миллиарду 192,5 миллион долларро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 239,4 миллион доллар беш мебошад.    
Дар ин давра ба хориҷи кишвар ба маблағи 414,7 миллион доллар маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 175,9 миллион доллар ё 73,5 фоиз зиёд  мебошад. Имсол содироти маъдан ва консентрат низ нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пеш ба маблағи 123,3 миллион доллар афзуда, 187 ҳазору 217 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 236,7 миллион доллари ИМА содирот гашт. 
Ҳамчунин, давоми нуҳмоҳаи соли равон ба маблағи 15,5  миллион доллар 117 ҳазору 611 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 26 950 тонна зиёд мебошад. Ҳиссаи  хушкмева ва пиёз дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 55,5 ва 28,4 дарсадро ташкил дода, дар ин муддат 25 ҳазору 830 тонна хушкмева ба маблағи 8,6 миллион доллар ва 81 ҳазору 764 тонна пиёз ба маблағи 4,4 миллион доллар ба хориҷи кишвар баровада шуд. Ҳаҷми содироти пиёз нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 12 ҳазору 676 тонна беш гашта, зиёдшавии содироти хушкмева 10 ҳазору 189 тоннаро ташкил дод. Содироти консерваҳои меваю сабзавот дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 733 тонна зиёд гардида, дар ин давра 1 ҳазору 150 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 450,8 ҳазор доллари ИМА ба хориҷи кишвар бароварда шуд.   
Ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ аҳамияти махсус равона гардида, моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 79,5 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид. Аз ҷумла, ба маблағи 64,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 15,4 миллион доллар сармояи ватанӣ, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона гардиданд. Тайи ин муддат воридоти сармояи мустақим ба 36,4 миллион доллар ва сармоягузориҳои дигар ба 22 миллион доллар баробар шуд. 
Таври маълум, шукӯҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон симои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғдро, тағйир дода, сокинон ин санаи муқаддасу таърихиро бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ пешвоз гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ба ин муносибат дар вилоят нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ёфта, бунёду навсозии 7 ҳазору 577 иншооти таъиноти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ дар назар аст. Аз соли 2018 то инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону барқарорсозӣ ва таъмиру тармими 8 ҳазору 85 иншоот ба итмом расида, ба ин васила иҷрои нақша қариб 107 дарсад таъмин гашт.   
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 1843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед